Чеченистон. Шаҳре бар пойдевори тарс

15 сол пас аз ҷанги аввали Русия, чеченҳо зоҳиран аз сулҳ бархӯрдоранд ва харобиҳои ҷангро бартараф кардаву кишвари худро аз нав сохтаанд.
Вале мунаққидони президенти 33-солаи Чеченистон, Рамзан Қодиров, мегӯянд, вай як ситамгари худкомаест, ки тартибу интизомро аз роҳи тарс ҷорӣ кардааст. Чанде пеш се хабарнигори Радио Озодӣ дар сафаре ба Грознӣ бо Қодиров дар қароргоҳи ӯ мулоқот ва гуфтугӯ карданд. Ин матлаб чакидаи навиштаҳои онҳост.
"Танҳо онҳое наметарсанд, ки ҳеҷ чиз намедонанд ва ё ҳаргиз берун намебароянд. Мо аз ҷони наздиконамон, аз ҷони худамон метарсем. Тарс ҳамеша бо мост...


ҲАР КАСЕ КИ имрӯзҳо ба Чеченистон меояд, дар назари аввал ободии макон ва хушҳолии мардумро мебинад. Аммо танҳо дар назари аввал. Агар муддате ин ҷо бимонад ва бо мардуми чечен ҳамсӯҳбат шавад, пас аз чанде дар паси ободӣ ва хушҳолиҳо манзараи дигаре барояш аён мегардад.

Грегорӣ Фейфер, хабарнигори Радиои Озодӣ, дар Чеченистон сӯҳбатҳои зиёде дошт. Вай бо афроди гуногун, аз мардуми одии сари хиёбонҳо гирифта, то раисиҷумҳури ин кишвар мусоҳиб шуд ва мегӯяд, Чеченистонро як кишвари тазодҳо дарёфтааст.

Тазоди аввал ҳамин рӯҳияи хуши мардум аст. Мошинҳои гаронбаҳои хориҷӣ аз ҷодаҳои шукуфон ва кӯчаҳои пур аз фурӯшгоҳҳои машҳури фаронсавию итолиёӣ ҳаракат мекунанд, аз пиёдаравҳо одамони хушлибос мегузаранд ва дар қаҳвахонаҳои сари хиёбон занон бо кӯдакони худ сари мизҳо нишаста сӯҳбат мекунанду яхмос мехӯранд.

Яке аз занон, Асия Таштамирова мегӯяд, замоне дар ин вақти шом дар кӯча будан бо марг баробар буд: "Акнун баъд аз кор мо ба ҳамин хел ҷойҳо меоем, то бо дӯстонамон сӯҳбат кунем. Пеш вақт вазъият тамоман дигар буд."

Бисёриҳо айни чизро мегӯянд ва таъкид низ мекунанд, ки ҳамаи ин хидмати президенти кишвар аст."Қодиров яке аз арзандатарин афроди Русия аст, маҳз ӯ тартибу низомро ҷорӣ кард ва метавонад, авзоъро назорат кунад ва сад дарсад ба вазъ тасаллут дорад," -- мегӯяд, Борис Музакаев, сокини Грознӣ.

АКСҲОИ БУЗУРГИ Рамзан Қодирови худбовар ва лабхандзананда бо ришу мӯйсари миқроздида ва гарданбанди васеъ дар ҳама ҷо ба чашм мехӯрад. Аммо ин хушбинию хушҳолӣ бештар зоҳирист. Ҳамин бону Таштемирова мегӯяд, дар асл ҳама дар тарсу ҳарос ба сар мебаранд:

"Танҳо онҳое наметарсанд, ки ҳеҷ чиз намедонанд ва ё ҳаргиз берун намебароянд. Мо аз ҷони наздиконамон, аз ҷони худамон метарсем. Тарс ҳамеша бо мост."

Тирпаронӣ ва таркишҳо аз даврае, ки Маскав аввали имсол поёни амалиёти зиддитеррористӣ дар Чеченистонро эълон кард, то рафт бештар мешавад. Аксарият бар инанд, ки тирандозиҳо, одамрабоиҳо, сӯзондани хонаҳо кори дасти худи ҳукуматанд, на ҷудоихоҳон. Чунончӣ, хонаи онҳое сӯзонда мешавад, ки гумон меравад, аз ҷудоихоҳон ҳимоят мекунанд.

ОДАМОН БО ДАРДУ АНДӮҲ ва хашму шиква сӯҳбат мекунанд, вале ҳамин ки микрофон ё камера ба кор медарояд, зуд лаҳни гуфтори
онҳо иваз мешавад. Пирамарде дар назди масҷиди калонтарини Аврупо, ки Қодиров бунёд кардааст, мегӯяд, ҳеҷ кас ба шумо дар бораи сиёсат сӯҳбат нахоҳад кард. Айнан мисли давраҳои сталинӣ.

Аксари кулли мардум дар ду ҷанги Чеченистон кушта додаанд. Захмиёни он ҷанг ва бенишоншудагон низ хеле зиёданд. Мардум ҳоло вақте ки субҳ аз хона мебарояд, орзу мекунад, ки шом ба хонааш баргардад.

Аммо дар як работ ё қалъача, ки даромадгоҳи онро шерҳои тилоӣ оро медиҳанд, амнияти тамом ҳукмфармост. Қалъачаи президент Рамзан Қодиров дар наздикии Гудермес, дувумин калонтарин шаҳри Чеченистон пас аз Грознӣ ҳамин охирҳо сохта шудааст.

Хабарнигорон дар роҳи байни ин ду шаҳр мебинанд, ки харобиҳои ҷанг на дар ҳама ҷо бартараф шудаанд ва зиндагии мардум дар деҳот фақирона аст.

ДАР РАБОТИ
Қодиров баъд аз шерҳои тилоӣ шерҳои зинда ва дигар ҳайвоноти булаҷабро дидан мумкин аст. Ҳамчунин ҳавзи бузурги шиноварӣ, аспрези кӯчак ва боғи ботаникиро низ. Мегӯянд, дар ин ҷо ҳамчунин маҳбаси шахсие низ будааст, ки Қодиров дар он душманонашро бо дастони худаш шиканҷа дода мекуштааст. Вай дарҳол ба қабули хабарнигорон омода набуд ва онҳоро се соат мунтазир нигоҳ дошта, сипас ба толори билиардбозии худ даъват кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ramzan Kadyrov Plays Billiards



Либоси варзишии "Армонӣ" ба тан Қодиров пурсарусадо буд ва дар аввалин ҷумлаи мусоҳибааш пас аз сер кардан аз бозӣ гуфт, омодааст, барои мардуми худ ҷонашро бидиҳад. Дертар айни чунин омодагиро дар мавриди Владимир Путин баён кард ва ӯро бути худ номид. Зимнан яке аз кӯчаҳои марказии Грознӣ ба номи Путин гузошта шудааст, касе сулҳномаи Хасавюртро шикаста, ҷанги дувуми Чеченистонро сар ва ин кӯчаҳоро бомбаборон карда буд.

Қодиров мегӯяд: "Ҳамаи халқи чечен он вақт зидди Русия буд, зеро онҳо танкҳоро ба сари мо оварданд. Русҳо танкҳоро фотеҳа медоданд ва ба тарафи мо мефиристоданд, гӯё мо фашистҳои Олмон бошем. Мо инро медидем ва ин моро маҷбур мекард, ки зидди Русия бошем."

РАМЗАН ЗАМОНЕ РАҲБАРИ
Чеченистон шуд, ки дар соли 2004 падараш, Аҳмад Қодиров, ки низ аввал аз ҷудоихоҳон буду сипас
тағйири тараф кард ва бо русҳо пайваст, дар як ҳамлаи террористӣ кушта шуд. Имрӯз Рамзан шукр мекунад, ки Русия нагузошт, Чеченистон ҷудо шавад, зеро он гоҳ ба пойгоҳи ситезаҷӯён табдил меёфт.

Мусоҳиба бо Қодиров дар рӯзҳое баргузор шуд, ки ҳомиёни ҳуқуқи инсон ӯро ба қатли ҳуқуқшинос Наталия Эстемирова айбдор мекарданд. Вай ин иттиҳомро рад, вале ҳамзамон Эстемироваро шадидан ва беэҳтиромона танқиду таҳқир мекард.

Шубҳаовар аст, ки рақибони Қодиров дар Маскав, Вена, Дубай ва худи Чеченистон кушта мешаванд, вале тарроҳону фармоишгарони ин қатлҳо номаълум боқӣ мемонанд. Қодиров ҳамаи айбмониҳоро рад мекунад ва кеши шахсияти худро низ. Мегӯяд, борҳо талаб кардааст, аксҳояшро аз кӯчаҳо бардоранд. Аммо мардум розӣ намешавад, зеро мардум, ба гуфтаи вай, ӯро дӯст медоранд. Бояд бо истифода аз як ибораи нависандаи тоҷик Муҳаммадзамони Солеҳ изофа кард, ки оре, дӯст медоранд, вале бо тарс ва гоҳе бо танаффур.