Ҳамсафарони "Қатори Душанбе -- Маскав"

Радиои Озодӣ аз ҳаёти муҳоҷирони тоҷик филми мустанади "Қатори Душанбе--Маскав"-ро ба навор бардошт.
Ин филм аз сарнавишти 4 муҳоҷири тоҷик қисса мекунад, ки дар як рӯз дар қатори роҳи оҳани Душанбе -- Маскав ба Русия сафар мекунанд. Муаллифи филм Мӯъмин Шокиров ва наворбардор Александр Кулигин ин сафарро лаҳза ба лаҳза рӯи навор овардаанд.

Дар қисми аввали филм бинанда бо ду қаҳрамони асосӣ -- Муҳаммадалӣ Алии 57-сола ва Ҷамшед Набиеви 40-сола шинос мешавад ва ҳамзамон дар бораи муҳоҷирати тоҷикон ба Русия аз тариқи роҳи оҳани Душанбе -- Маскав иттилоъ мегирад. Дар филм инчунин саҳнаҳое аз зиндагии хонаводаҳои тоҷик ба намоиш меояд. Қисмҳои баъдии филм батадриҷ дар ҳамин сомона нашр хоҳанд шуд.

Аз Шумо дархост мешавад, бо тамошои филми "Қатори Душанбе--Маскав" фикру мулоҳизаи худро ба мо бинависед ва агар дар тақдири Шумо ҳам муҳоҷират насиба гашта буд ва хотираҳое аз сафари худ доред, бо мо дар миён бигузоред. Кӣ медонад, шояд саргузаштҳои Шумо заминаи филмҳои нави мо шаванд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қатори Душанбе -- Маскав, Қисми 1