Ангела Меркел ҳукумати нав месозад

Интихобкунандагон дар Олмон ба садри аъзам, Ангела Меркел изҳори эътимод карданд ва раъй доданд, ки ӯ як даври дигар Олмонро сарварӣ кунад.
Чунин боварӣ дар нисбати Ҳизби муҳофизакори демократҳои насронии ӯ низ аз тариқи сандуқҳои рой баён гардид, ҳарчанд на дар сатҳе, ки ба шахси Меркел баён гаштааст. Вале бархе аз коршиносони аврупоӣ натиҷаҳои интихоботи рӯзи якшанбеи Олмонро "як навъ инқилоб" номиданд, ҳарчанд бархе дигар ин арзишёбиро ифрот мешуморанд.
Мо як ҳукумати бозордӯсте хоҳем дошт. Ин барои саҳмияву сармоя хуб аст, аммо бо назардошти қарзи бузурги Олмон, ҳама гуна сиёсати ислоҳот дар чаҳорчӯби маҳдуд сурат хоҳад гирифт...

Пас пайомадҳои интихобот муҳим хоҳанд буд ё муқаррарӣ? Он ҳам дар ҳоле ки шарики ҳизби Меркел дар эътилофи чаҳор соли охир, Ҳизби сотсиал-демократи Олмон шикаст хӯрд ва акнун ба сафи мухолифон хоҳад гузашт. Дар ивази он Ҳизби Демократҳои Озод шарики асосии эътилофи нав ҳизби Меркел хоҳад шуд. Аммо чаро бархе аз коршиносон натиҷаҳои интихботро инқилобӣ меноманд ва акнун дар саҳнаи сиёсии Олмон, ки яке аз таъсиргузорон ба умури Иттиҳоди Аврупост, чӣ равандҳое пеш хоҳанд омад?

ФАЗОИ НАВИ КОР

Ангела Меркел ҳамоно дар мақоми садри аъзами Олмон боқӣ мемонад, аммо чаҳор соли ояндаи кори ӯ, тавре интизор меравад, комилан таври дигар ҷараён хоҳад ёфт.

Интихоботи рӯзи якшанбе на танҳо Меркелро дар мақомаш устувортар кард, балки дастонашро бозтар намуд, зеро акнун аз шарикони дилнохоҳамаш, ки дар чаҳор соли гузашта бо вуҷуди узвият дар ҳукумати ӯ ба барномаҳои ислоҳотхоҳонааш мухолиф буданд, раҳоӣ меёбад.

Ин интихобот ба сурати умуми маънии шикасти Ҳизби сотсиал-демократи Олмонро дорад. Ҳизбе, ки дар 11 соли гузашта гоҳе ҳоким ва гоҳе шарики асосии эътилофи ҳоким буд, аввалин бор пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум маҷбур аст ба камтарин пуштибонии интихобкунандагон қаноат кунад. Албатта, иттиҳоди муҳофизакори Меркел низ назар ба интихоботи соли 2005 қариб якуним нуқта паст омад, вале сотсиал-демократҳо якбора 11 нуқта зарар диданд.

ШАРИКОНИ НАВИ МЕРКЕЛ


Эътилофи навро Меркел акнун бо Ҳизби демократҳои озод, ки дар интихобот ба беҳтарин натиҷаҳо ноил гардид, бунёд хоҳад кард. Пас аз эълони натиҷаҳои пешакии раъйдиҳӣ Меркел ба тарафдоронаш чунин гуфт: "Иҷоза диҳед, як чизро ба ҳар ҷонибдор бигӯям, на ба унвони таҳдид, зеро медонам, ки ҷонибдорон хеле муҳиманд, ба унвони хоҳиш, ки таҳаммулро аз ёд набаранд. Ҳамчун садри аъзам ман мехоҳам, садри аъзами теъдоди ҳарчӣ бештари олмониҳо бошам. Ин иддаои ман аст."

Хонуми Меркел акнун як моҳ фурсат дорад, то бо демократҳои озод, ки бештар ба соҳибкорӣ ва иқтисодиёт тамоюл доранд, эътилофи марказгарои рост таъсис диҳад. Аксари коршиносон бар инанд, ки танҳо акнун Меркел хоҳад тавонист, ислоҳоти амиқи иқтисодиро пиёда кунад, ки аз ҷумла коҳиши азими андоз, бознигарии сиёсати молиявӣ, тағйир дар бозори кор, таъмини иҷтимоӣ ва хадамоти беҳдоштро дар назар дорад. Интизор меравад, коҳиши андоз то 52 миллиард долларро ташкил дода, низоми андозгирӣ сода хоҳад гашт.

ОМИЛҲОИ ПИРӮЗӢ

Нозирони олмонӣ як сабаби муваффақияти Ҳизби демократҳои озодро дар ин мебинанд, ки дар муқобили бӯҳрони иқтисодӣ ва молиявӣ, афзоиши камбуди буҷа ва бекорӣ барномаи мушаххасеро дар миён гузошт, ки қисман аз тарафи ҳизби Меркел низ таблиғ мешуд.

Аммо таҳлилгари аршади Бонки "Бодер"-и Олмон, Роберт Ҳалвер мегӯяд, вазъи феълӣ ислоҳотро бо сахтиҳое рӯбарӯ хоҳад кард: "Мо як ҳукумати бозордӯсте хоҳем дошт. Ин барои саҳмияву сармоя хуб аст, аммо бо назардошти қарзи бузурги Олмон, ҳама гуна сиёсати ислоҳот дар чаҳорчӯби маҳдуд сурат хоҳад гирифт."

Тамаркузи Меркел ба масъалаҳои дохилӣ ва иқтисодӣ аз омилҳои пирӯзии ӯ буд, ҳарчанд дар масъалаи ҳузури ҳарбии Олмон дар Афғонистон низ рӯи ин фишор меовард, ки бояд масъулияти амнияти Афғонистон бар дӯши нерӯҳои ин кишвар гузошта шавад, то имкони хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ фароҳам ояд.

ДУРНАМОИ СИЁСАТИ БЕРУНА

Ҳамчунин нақши Олмон дар баҳси ҳастаии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон умда буда, дар ин роҳ ба дипломатия бартарӣ додааст. Эҳтимол меравад эътилофи нав дар ҳардуи нин масъалаҳо мавзеъи маҳкамтаре хоҳад гирифт ва дар муносибатҳои Олмон бо Русия интиқод аз Маскав бештар хоҳад шуд. Демократҳои озод ба узвияти Туркия дар Иттиҳоди Аврупо мухолиф нестанд, вале талошҳои Анкараро барои чунин узвият кофӣ намедонанд. Мавзӯи дигари озмоишӣ барои ин аҳзоб тағйир иқлим буд, ки агар сотсиал-демократҳо бештар аз хатти байнулмилалӣ пайравӣ мекарданд, эътилофи нав ба ин масъала аз рӯи манфиатҳои иқтисодии Олмон хоҳад нигарист.

ХУЛОСА

Ба ақидаи коршиносон, Олмон бо эътилофи наваш бештар ба як кишвари худгаро табдил хоҳад шуд. Таҳлилгарони олмонӣ бошанд, иқрор мекунанд, ки натиҷаҳои интихоботро пеш ва беш аз ҳама барномаҳои ҳалли мушкилоти дохилии Олмон ҳал кардааст. Ва пеш аз ҳама иқтисодиёт, ки асоси манфиатҳои дохилист.