Хона-музейи устод Айнӣ наҷот ёфт

Бино ба иттилои хабаргузории Uznews.net, шаҳрдории Cамарқанд даст аз тахриби хона- музеи устод Садриддини Айнӣ баргирифтааст.
Шаҳрдории Cамарқанд ба он сару садоҳое, ки дар расонаҳои хабарии Тоҷикистону Ӯзбакистон ва сомонаву болгҳои интернетӣ дар бораи ин иқдом баланд шуда буд, гуфтаанд, ки онҳо мехостанд, хона-музейро на тахриб, балки тармим кунанд.

Мақомоти расмии шаҳри Самарқанд дар робита ба ин воқеа гуфтаанд, ки хона музейи Садриддин Айнӣ -- поягузор ва классики адабиёти муосири тоҷик аз нав тармим карда хоҳад шуд ва ҳеч сухане дар бораи тахриби он дар миён набуд ва нест .
...баъд аз чопи матлаб дар бораи хатари аз байн рафтани осорхонаи устод Садриддин Айнӣ мақомдорон сабаби паҳн шудани иттилоъро аз раиси музей гумонбар шуда, ӯро аз мансаб барканор кардан ...


Ин дар ҳолест, таъкид мекунад сомона, моҳе қабл мақсад доштанд, ки ин осорхонаи таърихиро аз рӯи замин бардоранд ва аз он ашёҳои музейро бароварда, нимпайкараи устод ва лаҳваи даромадгоҳи осорхонаро канда, ба хароб кардани боми бино оғоз карда буданд.

Хабаргузорӣ бо такия ба назари баъзе аз самарқандиён, ки аз оғози тахриби хона- музейи устод бо дарду алам ҳарф зада буданд, зикр кардааст, ки чопи матолиби бисёр дар нашрияҳо ва эътирози шадиди мардуми тоҷики Ӯзбакистону Тоҷикистон боиси ин гардидаанд, ки мақомдорони шаҳри Самарқанд тасмими хешро дигар кунанд. Ҳатто барои ором кардани мардуми Самарқанд 26-уми сентябр рӯзномаи «Овози тоҷик» низ мақолаеро бо номи «Музей бозсозӣ мешавад» чоп кард.

Сафар Абдулло --донишманди тоҷики муқими Қазоқистон, ки сарварии Маркази мутолиоти фарҳангии Осиёи Марказӣ ва Эронро бар дӯш дорад, аз ин иқдоми мақомдорони Самарқанд ва Ӯзбакистон изҳори хушҳолӣ намуд, вале афзуд, бархӯрдҳои манфие, ки дар мавриди фарҳангу осори таърихиии мардуми тоҷик дар ин кишвар солҳост, сурат мегирад, албатта, кори нохуб ва мояи шармандагист. Зеро тақрибан дар ҳар шаҳру минтақаи Ӯзбакистони имрӯза ҷои пои фарҳанги тоҷик ҳаст ва ба вижа дар Самарқанду Бухоро ва ба ин фарҳангу ин мардум бояд боэҳтиёт ва эҳтиром муносибат кард.

Оқои Абдулло мегӯяд, «агар мо хостем ё нахостем, дар он шаҳрҳо дар ҳар гоме дар он шаҳрҳо шумо ҷои тамаддуни эронӣ ва тоҷикиро мебинед ва ин нанг аст агар чунин кореро анҷом дода бошанд. Ва агар дубора инро дарк карданд ва фаҳмиданд, ки бо чунин рафтор наметавонанд, обрӯ бигиранд ва даст кашида бошанд аз чунин андеша, кори хайре карданд ва ман хушҳолам, ниҳоят фаҳмиданд, набояд коре бикунанд, ки боз орад пушаймонӣ. Ба хотири он ки, воқеан ба назари банда, рафторе, ки имрӯз дар Ӯзбакистон дар робита ба тоҷикон анҷом мешавад, мояи нанг ва шармандагист. Зеро аз рӯзномаҳо мехонем, ки китобҳои тоҷикӣ- форсиро месӯзонанд, мактабу мадрасаҳоро мебанданд. Дар Самарқанди қандманд он рӯзгорон, ки банда мактабхон буд ва он ҷоро медонист, бисёре аз мактабҳо тоҷикӣ буданд ва дар донишгоҳи Самарқанд дар бисёр донишкадаҳо ё факултаҳо ба забони форсӣ таълим медоданд, ки алъон чунин нест».

Донишманди шинохта сабабҳои чунин бархӯрд дар мавриди тоҷикон дар ин кишварро қабл аз ҳама ба он баста медонад, ки мардуми тоҷик он сифатҳои азалии силаҳшӯрии хуросонӣ ва шуҷоати барояшон хосро аз даст додаст ва дар натиҷаи чунин хомӯшии ҳамагонӣ чунин рафторҳои нодурусте алайҳи миллати тоҷик анҷом медиҳанд.

Аз сӯи дигар, Сафар Абдулло таъкид мекунад, ки ин ду миллат, яъне тоҷик дар Ӯзбакистон, ки анқариби ними ҷамъияти кишвар аст ва ӯзбак дар Тоҷикистон миллатҳои омада нестанд ва онҳо бояд ҳам дар Ӯзбакистон ва ҳам дар Тоҷикистон ба ин нукта таваҷҷӯҳ ва ба фарҳангу мероси гузаштаи фарҳангии ин миллатҳо дар ҳарду кишвар ғамхорӣ намоянд. Зеро тоҷикону ӯзбакҳо таи 500 соли охир бо ҳам омезиш ёфтаанд ва ҷӯр шудаанд, ки чунин пайванд ва дӯстиро бояд қадр кард.

Сафар Абдулло иброз медорад, «устод Боқӣ Раҳимзода дар як шеъраш мегуфт, ки мехоҳам бипурсам тоҷикӣ ту ё ӯзбак ва ё шоири бузурги ӯзбак Абдулло Орифов мегуфт, ки инҳо ду тори як дутор ҳастанд, мо бояд ба он чи мероси фарҳангии миллии туркизабон, аз ҷумла ӯзбакҳо агар дар Тоҷикистон бошад, эҳтиром қоил бошем ва онҳо низ бояд ба он мероси фарҳангӣ ва ё ифтихороти фарҳангии мо эҳтиром дошта бошанд, ки дар асл ин мерос то ҳадде муштарак аст, чунонки Мир Алишери Навоӣ девони форсӣ дорад ва устод Садриддини Айнӣ «Ҷаллодони Бухоро»-ро аввал ба ӯзбакӣ навишта, баъд ба тоҷикӣ тарҷума кардааст».

Дар ҳамин ҳол ба навиштаи хабаргузории Uznews.net ин моҷарову баҳсҳо барои раиси хона- музей Нӯъмон Маҳмудов ногувор анҷомид. Зеро баъд аз чопи матлаб дар бораи хатари аз байн рафтани осорхонаи устод Садриддин Айнӣ мақомдорон сабаби паҳн шудани иттилоъро аз раиси музей гумонбар шуда, ӯро аз мансаб барканор карданд. Ҳарчанд мақомоти Самарқанд гуфтаанд, раиси музей, ки 60- сола аст, аз сабаби бузургсолӣ ва бо хоҳиши хеш аз кор рафтааст, вале ҳамкорони оқои Маҳмудов таъкид кардаанд, ки барои ин кор ӯро худи ҳокими вилоят маҷбур сохтааст.

Мо барои гирифтани иттилои бештар ба чанд аҳли фарҳанги шаҳри Самарқанд занг задем, вале телефонҳои онон аз чӣ бошад, ҷавоб надоданд.

Дар ҳамин ҳол як тан фарҳангии ӯзбакистонӣ, ки аз зикри номаш ва сӯҳбати расмӣ худдорӣ намуд, гуфт, ки бархурди мақомоти Самарқанд ва дар маҷмӯъ Ӯзбакистон дар мавриди тағйири мавқеъгирӣ нисбат ба музеи устод Садриддин Айниро чун оғози даст бардоштан аз амалҳои нодуруст ва ибтидои кору амали нек дар муносибати мақомоти Ӯзбакистон ба фарҳанги тоҷик дар кишвар арзёбӣ мекунад ва бар ин аст, ки чунин муносибат ба таҳкими дӯстии воқеии ҳарду миллат хидмат хоҳад кард.