Як рӯзи зиндагии талхи бобои Намоз

Қиссае ҳаст, ки замоне дар як гӯшаи дунё қабилае зиндагӣ мекард ва мардуми он қабила умри зиёде медиданд.
Ин қабила одат ва ё қонуне доштаанд, ки бузургсолони худро, ки ба пирӣ мерасидаанд ва нерӯи ба ҷое рафтан ва коре карданро аз даст медодаанд, фарзандон бар пояи кӯҳе бурда мегузоштанд, то он ҷо бимиранд.

Рӯзе як ҷавоне падари пиру фартути худро ба сабад андохта роҳ ба сӯи кӯҳ мегирад. Аммо дар нимаи роҳ хаста мешавад ва падарро аз пушташ ба болои санге мегузорад то даме истироҳат кунад. Ин замон падар ба шиква медарояд, ки ҳар чи дар ҷавони бар волидайн раво медидаӣ дар пири посух ҳамон дармеёфтаӣ.

Писар сабаби ин шиква аз падар мепурсад ва падар қисса мекунад, ки ман ҳам падари пирамро, ки вақе бар пояи ҳамон кӯҳ мебурдам, хаста шудам ва болои ҳамин санг гузоштам то истироҳат кунам. Ва меафзояд шояд писарат туро ҳам баъди солҳо ба ҳами роҳ барои охирин бор бубурад. Писар он сухан мефаҳмад ва сахт метарсад ва ба хотире, ки рӯзе ба ин ҳол гирифтор нашавад ва дар танҳоиву ночорӣ ба марг нарасад, падашро махфӣ ба хона меорад ва пинҳон мекунад.

Бо гузашти чанд сол дар он кишвар мушкиле пеш меояд ва дар ҳалли он ҳама мардум оҷиз мемонад. Писар он муаммо ба падари худ мегӯяд ва падар, ки зиндагӣ дида буду таҷриба дошт, ҳалли он ба писар шарҳ медиҳад. Писар онро ба раҳбари қабила мегӯяд ва мушкил осон мешавад. Дар посух пешвои қабила мепурсад, ки ҳалли ин муммои мушкил аз куҷо дарёфтед. Писар ноилоҷ қиссаи падарро нақл мекунад. Ва он лаҳза пешвои он қабила қонуни бо дасти фарзандон партофтани волидайни пирро лағв месозад.

Ҳадаф аз ёдовар шудани ин қисса он аст, ки дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон пиронсолон чӣ зиндагие доранд ва оё аз сӯи фарзандон ва ҳукумат ғамхории муносибе мешаванд. Дар робита маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» меҳмони пирамарде мешавем, ки ба истилоҳ давлати пирӣ меронад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пирӣ