Солҳо боз дар як ноҳияи шаҳри Ню-Йорк мавсум ба Квинс осорхонаи яҳудиҳои Бухоро фаъолият мекунад.
Ин осорхона бо ташаббус ва кӯшишҳои танҳо як шахс - Арон Аронов, собиқ сокини шаҳри Тошканд, ташкил шудааст. Ӯ, ки ҳоло ба 72 қадам мондааст, 20 сол қабл ватанаш Ӯзбакистонро тарк гуфта, ба Амрико кӯчида омад. Дар Тошканд вай дар мансабҳои гуногун ифои вазифа мекард ва ҳатто ба дипломатҳои ояндаи ӯзбак забони англисӣ дарс медод. Вай мегӯяд, ягон зарра аз халки ӯзбак ё тоҷикони маҳаллӣ боре ҳам озурда нашудааст ва онҳо мисли додару бародар осоишта ва бо ҳурмату эҳтиром ба анъанаву суннатҳои якдигар мезистанд.
“Мо маҷбур шудем, ки аз Осиёи Миёна равем, на ба хотири он ки моро узбакҳо ё тоҷикҳо азият медоданд ё ба мо фишор меоварданд. Мо бо халқи тоҷику узбак мисли бародар дар як ҷо зиндагӣ мекардем. Ман шахсан дар маҳаллаи узбакӣ калон шуда, чанд сол дар Бухоро низ ба сар бурдаам. Бо забони тоҷикӣ ҳам сӯҳбат мекардем. Агар иди онҳо мешуд, модарам дар танӯр нон мекарду, ду-се нонро ба ҳамсояҳо мебурдем. Агар онҳо нон мебастанд, онҳо ба мо нон медоданд. Ҳамин хел зиндагонии нағз мекардем. Аммо мо маҷбур шудем аз низоми Шӯравӣ равем. Чунки дар он низом иҷрои урфу одати бухороӣ ғайриимкон буд. Ман худам комсомол будам, манро маҷбур мекарданд дар маҷлисҳои ҳизби коммунистӣ шикрат кунам. Аз дигар тараф модар мегуфт, ки мо урфу одати бухороӣ дорем ва ту бояд аз рӯи онҳо амал кунӣ.”
Арон Аронов мегӯяд, яҳудиҳои бухороӣ тақрибан ду ҳазору ҳафсад сол пеш ба минтақаи Осиёи марказӣ аз Ховари миёна тавассути Эрону Ироқ омадааанд. Яҳудиён мегӯяд, дар тафовут бо ҳатто кишварҳои Аврупо дар Осиёи Марказӣ ҳеҷ вақт таъқиби яҳудиҳо мушоҳида нашуда буд. Ба ҳамин хотир ҳам, ин ақаллияти миллӣ имкон дошт, дар давоми қариб се ҳазор сол озоду осоишта зиндагӣ карда, ҳувияти хоси худро гум накунанд.
Аммо бо омадан ба Амрико яҳудиҳои бухороӣ, ки ҷамъияташон дар Квинс тақрибан ба 50 ҳазор нафар баробар аст, дарк намуданд, ки дар ин ҷо раванди мунҳалшавии миллат ҳатто зудтар ба амал меояд. Вай гуфт: “Ин ҷо омадем, аввал фикр мекардем, ки акнун ба мо касе халал намерасонад аз рӯи урфу одати миллӣ ва мазҳабиямон зиндагӣ мекунем, аммо ҳайрон шуда, дидам, ки ассимилиятсия дар ин ҷо дар муқоиса бо Осиёи Миёна тезтар ҷараён дорад. Чунки дар он ҷо муҳити мусоид буд, бозору чойхонаву урфу одати монанди халқҳо. Дар ин ҷо бошад бачаҳои мо маҷбур бо забони англисӣ гап мезананд. Падуру модар бо ифтихор мегӯянд, бинед, фарзандам чӣ хел бо англисӣ ҳарф мезанад ва аз он бехабар, ки забони худамонро мо гум карда истодаем.”
Баъд аз чунин фикрҳо Арон Аронов ба хулосае расидааст, ки бояд барои насли ояндаи миллаташ як ёдгорие дар бораи тарзи зиндагӣ, суннату забон, фарҳангу санъати яҳудиҳои бухороӣ бимонад ва вай аз паси ташкили осорхона шудааст. Рафаел Некталов, сардабири рӯзномаи Бухариан Таймс, гуфт: “Бист сол пеш Арон Аронов ба Ню-Йорк омада, пешниҳод кард, ки бояд осорхона боз шавад. Он замон ҳама ба вай хандиданд. Аммо вай ба Бухорову Самарқанду Тошканд сафар карда, атиқаи зиёд овард ва аввал осорхонаро дар манзилаш ташкил кард. Бо гузашти чандин сол Левӣ Леваев барои муҳоҷирони бухороӣ аз Тоҷикистону Узбакистон мактаб боз кард. Дар ошёнаи шашуми ин мактаб Леваев иҷозат дод, то осорхонаро ҷой диҳанд. Дар ин мактаб имрӯз ҳатто шашмақом меомӯзонанд.”
Арон Аронов аз ҳар як сафараш ба Бухорову Тошканду Самарқанд намунаҳои олотҳои меҳнат, назири аробаву, омоч, тешаву каланд, асбобҳои мусиқӣ, офтоба, лаълиҳову дастшуйҳои мисӣ, зебу зевар, сӯзаниву гилем овард. Дар осорхона, ки начандон бузург аст, вай тавонист ҳавлии бухороии асрҳои миёнаро такрор кунад. Дар ин ҷо ҳам танур, оғил бо гӯсфанд, катаки мурғ, хона бо сандалӣ ва ҳатто меҳмонхонаи шабеҳи замонаҳои асри 19 ҳаст. Сафироне, ки аз Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказӣ равона мешаванд, дар аксари вақт барои шиносоӣ бо Осиёи Марказӣ аввал ба ин осорхона сар мезадаанд, то бо чашми худ бинанд, ки мардуми он кишварҳо чӣ тавр зиндагӣ мекунанд.
Яҳудиҳои бухороӣ ноҳияи Квинси Ню-Йоркро ба як навъ шаҳри Осиёи Марказӣ табдил додаанд. Дар ин ҷо чойхонаву тарабхонаҳои суннатӣ, рӯзномаҳо ва радио бо забонӣ тоҷикӣ, ва ҳатто театр бо забони тоҷикӣ ташкил шудаанд. Рафаел Некталов ба мо хабар дод, ки қарор аст, аз соли оянда дар Квинс, дар коллеҷи дорои мақоми донишгоҳ дарсҳои омӯзиши лаҳҷаи бухороии забони тоҷикӣ боз шаванд.