Китобхониро эҳё бояд кард

Навори видеоӣ аз Душанбе маро ҳамчун як бинанда сахт андӯҳгин кард, ки китобхонӣ ва китобдӯстӣ ҳамчун як суннати миллии мардуми мо зери хатар аст.
Марди миёнасоле мегӯяд, китоб намехонад. Як замон дар ҷавонияш мехондааст, вале акнун хуши китобхонӣ надорад. Ҷавоне, ки дар хараки боғи Рӯдакӣ нишастааст, мегӯяд, "китобхонӣ намефорадаш."

Дар навори видеоӣ мебинем, ки даҳҳо мусофири автобус роҳи дарозро ба бекорӣ паси сар мекунанд. Ҳол он ки метавонистанд, дар давоми ин роҳ чанд сафҳае бихонанд ва баҳрае бигиранд.

Нависандаи тоҷик Қодири Рустам дар оғози солҳои 90-ми садаи гузашта мақолае навишта буд, зеро унвони "Чаро тоҷик китоб намехонад?" Ҳол он ки дар он давра китобҳо дар Тоҷикистон аз 5 000 то 30 000 нусха чоп мешуданд ва имрӯз танҳо беҳтарин асар бо тирожи 1000 нусха ба табъ мерасад.

Ба ғайр аз китобхонаҳои машҳури умумиҷумҳурӣ дар ҳар ноҳия ва ҳар колхоз китобхонаҳо вуҷуд доштанд. Бар замми ин садҳо китобхонаи шахсӣ дари худро ба рӯи китобдӯстон во карда буданд. Мардуми тоҷик ба китоб эҳтироми хос дошт ва ҷомеаҳои китобдӯстон ҳазорон нафарро муттаҳид мекарданд.

Вале бубинед, имрӯз вазъ чӣ гунааст. Ва агар метавонед, кӯмак кунед, бо ҳам сабабҳои ин вазъро муайян кунем.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Коҳиши одати китобхонӣ



Вақте ки ин навор омода мешуд, аз бахши украинии Радиои Озодӣ дар Киев навори дигаре расид, ки ба ҳамин мавзӯъ пайванд дорад. Китобхонаҳои Киев аз тариқи интернет ва эълону огаҳиҳо китобдӯстонро даъват карданд, ки дар соати муайян ба Майдони Истиқлолият оянд ва дақиқаҳое чанд ин ҷо паҳлуи ҳам истода, китоб хонанд.

Бисёриҳо ин даъватро пазируфтанд ва афроди то ин вақт ба ҳам ношинос паҳлуи ҳам истода, китоб хонданд. Мақсад аз ин маърака таблиғи китобхонӣ буд. Таваҷҷӯҳ кунед ба ин навори видеоӣ:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Flash Mob