Роҳ аз маҳбаси хориҷӣ ба зиндони ватанӣ

Тайи солҳои ахир шумори тоҷикон дар маҳбасҳои Русия афзоиш ёфтааст ва аксари онҳо барои идомаи адои ҷазо дар зиндонҳои Тоҷикистон талош мекунанд.

Абдуманон Холиқов, раиси кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд, маҳбусоне, ки шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд ва дар қаламрави кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷиноят содир карда ҳукм гирифтаанд, метавонанд дар асоси муроҷиат ва ризоияти тарафайн, яъне давлатҳо, идомаи адои ҷазоро дар кишвари худашон гузаронанд.

Вай афзуд, «маҳкумшуда тариқи дархост бояд аввал ба кишваре, ки ҷазо гирифтааст, муроҷиат кунад. Дар Тоҷикистон салоҳияти интиқоли маҳбусон ба ваколати додситонӣ аст. Дар Русия додгоҳҳо ин ваколатро доранд. Дақиқ кардани шароити маҳбус, имкониятҳои интиқоли маҳбус, хароҷоти интиқол, ҳамаи ин ба ӯҳдаи додситонӣ аст. Хоҳиши худи маҳкумшуда, яъне розигӣ муҳим аст. Давоми 40 рӯз бояд ҷониби дархостро қабулкарда ба ҷониби дигар, ки маҳкумшуда он ҷо ҷазо гирифтааст, хабар диҳад».

Соли 1994 дар шаҳри Минск Конвенсия оид ба интиқоли маҳкумшуда барои адои идомаи ҷазо байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба имзо расида буд. Ва дар асоси талаботи ин санад, шаҳрвандоне, ки дар қаламрави ин ё он давлати ИДМ ҷиноят содир кардаанд ва дар асоси қонунгузории ҳамон кишвар ҳукм гирифтаанд, мебоист барои идомаи ҷазо ба давлатҳои худашон фиристода мешуданд.

Ба гуфти Холиқов, ин санад то соли 1998, яъне то қабули конвенсияи нав амал мекард. Баъдан 6-уми марти соли 1998 дар шаҳри Маскав конвенсияи нав ба имзо расид ва айни ҳол он амал карда истодааст. Давлати Тоҷикистон ҳам аъзои он аст ва порлумон ҳам ин конвенсияи баъдиро қабул кардааст.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, мегӯяд, ки вобаста ба намудҳои ҷиноят шаҳрвандон метавонанд аз ин муқаррарот истифода баранд. Ӯ меафзояд, агар шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави кишвари дигар дар ҷиноятҳои вазнин, аз қабили даст доштан дар табаддулоти давлатӣ ва ё амали террористӣ боздошт ва ҳукм гирифта бошад, аз интиқол ба ватани худаш маҳрум мешавад. Вале барои маҳбусоне, ки Конвенсия иҷоза додааст, овардани онҳо ба ватан ба назди пайвандон беҳтар аст. Ва кам нестанд ҳолатҳое, ки маҳбусони шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои хориҷӣ вафот кардаанд, аммо пайвандони онҳо аз марги онҳо огоҳӣ надоранд.

Дар ҳоле ки пешвои коммунистҳои Тоҷикистон интиқоли шаҳрвандони маҳбуси Тоҷикистонро барои идомаи адои ҷазо дар ватан беҳтар медонад, аммо гуфта мешавад, ки шароити моддии зиндонҳои Русия нисбати зиндонҳои Тоҷикистон беҳтар аст.

Ба гуфти раиси раиси кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси Намояндагон, шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон дар Русия дар муҳоҷират ҳастанд ва аз ин рӯ теъдоди маҳбусони тоҷикистонӣ нисбати дигар кишварҳои ИДМ дар ин кишвар зиёд аст. Ва маҳбусони ин кишвар барои идомаи адои ҷазо дар Тоҷикистон бештар муроҷиат мекунанд.

Вай мегӯяд, «шаҳрвандони Русия, умуман яъне шаҳрвандони дигар давлате, ки дар Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд, онҳо танҳо ба додситонии кишвари мо ҳуқуқи муроҷиат кардан доранд. Ҳар як маҳбус тариқи ҳуҷҷатҳо бояд исбот карда тавонад, ки вай воқеан шаҳрванди кишвари мо аст, нишонаи маҳбасхона, дар асоси кадом модда ҳукм гирифтааст, ҳамаи инро мушаххас кунад».

Иҷрои талаботи Конвенсия оид ба идомаи адои ҷазо дар ватани худи маҳбусон доимо амалкунанда аст. Маҳбусон, ки барои адои ҷазои онҳо ҳамагӣ шаш моҳ боқӣ мондааст, аз истифодаи муқаррароти меъёрии ин санад маҳрум ҳастанд. Зеро, ба гуфти ҳуқуқшиносон, тартиби ҳуҷҷатгузории ин санад ҳудуди шаш моҳ идома меёбад. Ҷиҳати дигари муқаррароти ин санад ин аст, ки ҳатман хоҳиши маҳбусон барои идомаи адои ҷазо дар ватанашон ба эътибор гирифта мешавад.

Бино ба иттилои як манбаи мӯътамади расмӣ, то ба ҳанӯз беш аз 500 нафар шаҳрвандони маҳбуси Тоҷикистон барои идомаи адои ҷазо аз кишварҳои хориҷ ба ватан оварда шудаанд. Ва феълан дар зиндонҳои Русия ҳудуди 800 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба сар мебаранд. Ба қавли Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумат, дар Русия ҳамчунон 17 зани тоҷик зиндонӣ ҳастанд.

Он маҳбусоне ки шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд ва дар қаламрави Русия адои ҷазо мекунанд ва ҷиҳати равшанӣ андохтан ба талабот ва иҷрои ин санад ба радиои Озодӣ муроҷиат карда буданд, ҳамакун имкон доранд, барои сарнавишти хеш, яъне барои идомаи адои ҷазо дар ватани худ дар асоси қонунгузории ин кишвар аввалан ба додгоҳҳои маҳалле, ки он ҷо зиндонӣ ҳастанд, муроҷиат кунанд. Ва баъди розигии онҳо метавонанд, ба додситонии Тоҷикистон тариқи пайвандон ва вакилон муроҷиат кунанд.