Барак Обама, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, гуфт, бастани маҳбаси Гуантанамо, ки ба январи соли оянда тарҳрезӣ шуда буд, ба таъхир андохта мешавад.
Чанд рӯз баъд аз омадан ба Кохи сафед Обама мӯҳлати бастани боздоштгоҳи баҳсбарангези Гуантанаморо 22-юми январи соли 2010 эълон карда буд. Аммо ҳукумташ баъд аз эълони ин тасмим бо чанд мушкили умда рубару шуд, аз ҷумла дар дарёфти кишварҳое, ки барои маҳбусони озодшуда паноҳгоҳ бидиҳанд. То айни замон дар Гуантанамо дастикам 215 боздоштшуда боқӣ мондааст.
Баъд аз эълон дар бораи он ки мурофеаи додгоҳии яке аз тарҳрезони аслии ҳамлаи 11-уми сентябр Холид Шайх Муҳаммад ва чор тан аз ҳамдастонаш на дар додгоҳи низомӣ, балки дар Ню-Йорк баргузор мешавад, ҳукумати Обама дар тули ҳафтаҳои охир мавриди интиқоди намояндагони ҳизби ҷумҳурихоҳ қарор гирифт. Дар посух ба интиқодҳо, ки ҳангоми мурофеа ба Шайх Муҳаммад ҳуқуқи шаҳрванди Амрико дода мешавад, Обама гуфт, мурофеа бо муваффақият анҷом хоҳад ёфт. Обама гуфт, “агар додгоҳ вайро гунаҳкор шуморида, ба ҳукми эъдом маҳкум кунад, ман фикр намекунам, ки ин тасмим касеро ранҷонад”.
Обама гуфт, ба додгустари кулл Эрик Ҳолдер амр накардааст, ки мурофеа дар додгоҳи федеролӣ баргузор шавад, балки гуфтааст, ки тасмимашро дар асоси мадракҳо ва ҳарфи қонун бигирад. Ҳолдер дар ин миён ба сенат низ тасмимашро шарҳ дод. Сенатори ҷумҳурихоҳ Ҷефф Сессионс Ҳолдерро танқид кард ва гуфт, ки ҳангоми ҷанг истифодаи чунин комиссияҳои махсус муфид аст.