Соли 2009: Муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбакистон

Ба ақидаи аксари таҳлилгарон, соли 2009 дар таърихи муносибатҳои байни Тоҷикистону Узбакистон соли тасмими ниҳоии Душанбе дар робита ба тарҳи Роғун ва соли хуруҷи Тошканд аз шабакаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Роғунро бо нерӯи мардуми худ хоҳад сохт ва ҳамтои узбаки ӯ, Ислом Каримов гуфт, худро нахоҳад бахшид, агар наслҳои ояндаи кишвараш ба камбуди об рӯбарӯ шаванд.
Агар дар соли 2010 тағйире дар ин ду кишвар, манзурам аз "тағйир" яъне тағйирҳои куллист, ба амал наояд, ҳамин сиёсат дар соли 2010 низ идома пайдо хоҳад кард...

Коршиноси Пажӯҳишгоҳи таърихи ҷаҳон дар Маскав, Артём Улунян ки ба таҳқиқи муносибатҳои байни Тоҷикистону Узбакистон машғул аст, мегӯяд, ду мушкил ба вазъу ҳоли равобит дар байни ду ҳамсоя таъсир мерасонад: "Ин баёнияҳо ба ду масъалаи асосӣ дахл доранд. Якум, сиёсӣ. Яъне бардошти раҳбариятҳои ду кишвар аз ҳамдигар. Ва дувум, иқтисодӣ, ки аҳамияти бузурге дорад. Яъне замоне ки Тоҷикистон талош кард, мушкили энержии худро ба гунае ҳал кунад, ки вобастагияшро ба Узбакистон камтар намояд."

Ҳеҷ яке аз коршиносон аҳамияти нерӯгоҳи Роғунро барои Тоҷикистон рад намекунад, вале аксари онҳо мегӯянд, дар омезиш бо муносибатҳои бе ин ҳам ноҳамвори Тоҷикистону Узбакистон ва ду раҳбар ин масъала кайҳо аз марзи як тарҳи иқтисодӣ берун рафтааст.

Шореҳи Радиои Озодӣ дар умури энержӣ ва Осиёи Марказӣ, Брюс Паннир ба ин ақидаи Улунян мувофиқ аст ва меафзояд, ду кишвар асосан ба пахши баёнияҳои хилофи ҳам машғул буда, омода нестанд, масъаларо дар сари миз ҳал кунанд.

Вай мегӯяд: "Узбакистон гуфтааст, ки таҳқиқи мустақилона ва байнулмилалии пайомадҳои Роғунро мехоҳад. Тоҷикистон ҳаргиз инро рад накардааст ва мегӯяд, бифармоед."

Ин дар ҳолест, ки соли 2009 аз гармии нисбӣ сар шуда буд. Ба монанди оғози гуфтушунидҳои нави транзити нерӯи барқи Туркманистон ва эҳтимоли эҳёи роҳи ҳавоии байни Тошканд ва Душанбе, сафари коршиносони Узбакистон ба кӯли Сарез, ваъдаи барчиниши минаҳои Узбакистон аз марз ва ғайра.

Пешниҳоди Тоҷикистон буд, ки агар Узбакистон бунёд шудани Роғунро омили коҳиши об мешуморад, кӯли Сарез метавонад, тазмине барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳол гардад. Коршиносони Узбакистон дар моҳи март пешниҳод карданд, ки Тоҷикистон нерӯгоҳи шабеҳ ба Роғунро дар кӯли Сарез бунёд кунад. Тоҷикистон ин пешниҳодро напазируфт.

Дар ҳамин давра раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов ба раиси Бонки Ҷаҳонӣ, Роберт Зеллик нома навишта, аз эҳтимоли сармоягузории ин ниҳод ба Роғун пешгирӣ кард. 15-уми апрел Каримов изҳороти дигаре дод, ки "агар нерӯгоҳ сохтанӣ бошед, барака ёбед, созед, вале моро мутмаин кунед, ки ҳаққи мо нобуд намешавад, он гоҳ мо ҳам сармоягузорӣ хоҳем кард." Ин як сенсатсия буд.

Вале охири моҳи апрел дар нишасти сарони Осиёи Марказӣ дар Алмато бо талошҳои Каримов ду банди хилофи Роғун ба изҳороти муштарак ворид шуд ва ин сабаб гашт, ки Раҳмон аз имзои ин санад то ислоҳи он сарпечӣ кард.

Ҷавобан, Узбакистон ба бунёди як иттиҳоди кишварҳои зидди Роғун талош кард, вале тавре ки Паннир мегӯяд, дар ниҳояти амр ин иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад шуд ҷудо аз Узбакистон, чун он худ ба масъала табдил меёбад, то ба ҳалли мушкил. "Як паймони нави минтақаӣ шакл мегирад, ки аз як сӯ Узбакистон аст ва аз сӯи дигар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Узбакистон аз нигоҳи ин кишварҳо ба монеаи ҳамкориҳои минтақаӣ табдил ёфтааст."

Коршиноси тоҷик, Исмоил Раҳматов мегӯяд, вазъе ки ба миён омадааст, ба манфиати ҳеҷ яке аз тарафҳо нест ва ҳушдор медиҳад, ки ихтилоф метавонад ба низоъ ва "нохушии бузург" роҳ кушода, вазъи ҳамаи минтақаро баҳам занад.

Вожаи "Роғун" акнун барои бархе шиори муштгирҳекунанда ва барои бархи дигар бонги изтиробангез шудааст. Дар байни ду ҳамсоя -- Тоҷикистон ва Узбакистон, ба ақидаи Паннир, чунин фазо барои он ба миён омад, ки раҳбарон нохушнудии шахсӣ аз ҳамдигарро ба ҳамаи масъалаҳои равобити байни ду кишвар паҳн карданд ва ҷалби иттифоқчиёни беруна дар робита ба Роғун мушкили онҳоро хосияти байнулмилалӣ дод.

Артём Улунян бар ин аст, ки дар соли 2009 роғунманишии Тоҷикистон ва роғунзудоии Узбакистон ба як фишанги геополитикии нерӯҳои беруна табдил ёфт. Вай ба баҳсҳое ишора кард, ки пас аз изҳороти машҳури президенти Русия Дмитрий Медведев дар моҳи январи соли 2009% дар сафари ӯ ба Узбакистон, авҷ гирифтанд. Ба нишони озурдагии Тоҷикистон раисиҷумҳури он аз ширкат дар нишасти сарон дар моҳи феврал дар Маскав даст кашид, ҳарчанд дертар боз ҳам дар он ширкат кард. Вале озурдагие, ки аз Роғун сарчашма гирифт, акнун масъалаи ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистонро низ зер шуоъ бурд.

Пажӯҳишгар Улунян мегӯяд, аз эҳтимол дур нест, ки тарҳи Роғун мавриди сӯистифодаи нерӯҳои беруна низ қарор гирифта бошад: "Баъзе ҳамнишинони қудратманди Тоҷикистон дар Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, ба биниши ман, майли рӯзафзуни Душанберо ба иттиҳоди Авроатлантик бисёр дардомез қабул мекунанд."

Ба ин тартиб тарҳи Роғун аз як сӯ ба хамирмояи муносибатҳои байни Тоҷикистону Узбакистон ва аз сӯи дигар ба муҳаррикии сиёсати хориҷӣ ва то андозае сиёсати дохилии Тоҷикистон низ табдил ёфтааст. Паннир мегӯяд, дар ҳоле ки Роғун воқеан барои иқтисодиёти Тоҷикистон муҳим аст, маъракаи марбут ба он таваҷҷӯҳи мардумро аз даҳҳо масъалаи дигари ҳаётан муҳим ба канор мекашад ва душмансозӣ дар симои Узбакистони ҳамсоя барои худи Тоҷикистон низ пайомадҳои хубе нахоҳад дошт.

Пас роҳи тағйир куҷост. Давлат Усмон, коршиноси тоҷик: "Агар дар соли 2010 тағйире дар ин ду кишвар, манзурам аз "тағйир" яъне тағйирҳои куллист, ба амал наояд, ҳамин сиёсат дар соли 2010 низ идома пайдо хоҳад кард."

Роҳе ба бумбаст? Артем Улунян мегӯяд, агар Иттиҳоди Аврупо ба миёнаравии худ байни Узбакистону Тоҷикистон содиқона идома диҳад, ҳалле метавонад, ба миён ояд, ки ҳамаро қонеъ намояд. Аммо дар ҳоли ҳозир, хулоса мекунад ӯ, баҳси обу энержӣ танҳо як ҷанбаи мусбат доштааст, ки ба истиқлолияти ҳарду кишвар афзудааст. Махсусан, ба истиқлолияти Тоҷикистон.