"Роҳи дури дур ба Макка" муаррифӣ шуд

Дар Душанбе маросими муаррифии китоби нави дромнавис ва таҳиягари шинохта Барзу Абдураззоқов баргузор гашт.
Ин китоб «Роҳи дури дур ба Макка» ном дошта, асарҳои саҳнавии Барзу Абдураззоқовро дар бар гирифтааст. Китоби мазбур бо забони русӣ нашр гардида, чуноне муаллиф мегӯяд, қарор аст, он ба забони тоҷикӣ баргардонида шавад.

Муаллифи китоб Барзу Абдураззоқов дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, вай ба китоби худ номи яке аз асарҳои саҳнавии хуро гузоштааст, ки онро дар Бишкек ҳанӯз соли 2003 навишта будааст. Яке аз аввалин хонандагони «Роҳи дури дур ба Макка», ки воқеаҳои он дар яке аз палатаҳои беморхонаи касалиҳои руҳӣ мегузарад, адиби машҳури фақид Чингиз Айтматов будаву, ба он баҳои баланд додааст.

Барзу Абдураззоқов гуфт, дар оянда қарор аст, ин китоб ба забони тоҷикӣ тарҷума шавад, ки ин масъулиятро адибони тоҷик Фарзона ва Нур Табар бар ӯҳда гирифтаанд.

Мусоҳиба бо Барзу Абдураззоқовро метавонед бо пахши нишонаи аудиои ин саҳифа бишнавед.