Дастандаркорони фестивали байналмилалии театрҳои лухтак - «Чодари хаёл» мегӯянд, барои баргузории даври дуввуми ин фестивал дар Душанбе сармоягузоронро ҷустуҷӯ доранд.
Қиёмиддин Сатторӣ, мудири бахши бадеии Театри лухтаки Тоҷикистон - мизбони фестивали «Чодари хаёл», мегӯяд, имрӯзҳо ҳайати эҷодии театр ба охирин тамринҳо машғул буда, масъулини он дар такопӯи пайдо ва ҷалби сармоягузорон мебошанд. Зеро, мегӯяд оқои Сатторӣ, маблағе, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги кишвар барои ин фестивал тахсис дода шудааст, ночиз будааст.
Ба гуфтаи оқои Сатторӣ, аввалин фестивали «Чодари хаёл» баҳори соли 2007 дар Душанбе низ бо кумаки молии сармоягузорон ва ҳамдастии ҳамтоёни эрониашон баргузор шуда буд. Яке аз сарпарастони дигари фестивали «Чодари хаёл» Фонди Сорос будааст.
Бино ба иттиллои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, аз 15 то 21 апрел дар шаҳри Душанбе дуввумин фестивали байналмилалии театрҳои лухтак, бо номи «Чодари хаёл» баргузор мешавад.
Дар ин фестивал театрҳои лухтак аз кишварҳои Русия, Украина, Белорус, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Эрон ширкат хоҳанд кард.
Мудири бахши бадеии Театри лухтаки Тоҷикистон мегӯяд, «як мушкили аслии мо набуди устоҳои лухтаксоз буд. Вале соли гузашта аз Эрон як устои хуби лухтаксоз омад ва ба чанде аз ҷовонон ин ҳунарро омӯзонд ва ҳоло ин ҷавонон ба сохтани лухтакҳо барои театри мо машғуланд».
Дуввумин фестивали театрҳои лухтаки «Чодари хаёл» дар ҳоле баргузор мешавад, ки бар асари буҳронӣ молӣ ва набуди имконоти молӣ, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз чандин чорабиноҳи муҳими фарҳангӣ, озмуну фестивалҳои байналмиллӣ ва ҷумҳуриявӣ сарфи назар кардааст.
Қиёмиддин Сатторӣ дар ин робита мегӯяд, «имсол низ бино ба набуди маблағ Вазорати фарҳанг бисёр фестивалу озмунҳоро нагузаронд, вале шодии кӯдаконро аз онҳо нагирифт ва итминон дорам, ки ин фестивал дар сатҳи баланд баргузор гашта, ба иди ҳақиқии хурдсолон табдил хоҳад ёфт».
Театри лухтаки Тоҷикистон авохири солҳои 80-ми қарни 20 таъсис ёфтааст ва макони писандидаи хурдсолони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои поёнӣ, дастпарварони интернатҳо ва хонаҳои бачагони кишвар маҳсуб меёбад.
Намоишномаҳои театри мазкур аз рӯи афсонаҳои мардумӣ ва эҷоди адибони тоҷику рус ба саҳна гузошта мешаванд. Солҳои ахир ҳамкории театри лухтаки Душанбе бо адибону ҳунармандони кишварҳои ҳамзабон - Эрону Афғонистон низ ба роҳ монда шудааст.
Ба гуфтаи масъулини театр, ҳамтоёни эронии онҳо дар сохтани лухтакҳои нав ва омода кардани декоратсия ва ороиши саҳна дасти кумак дароз мекунанд.
Тибқи созишномаи ҳамкориҳо миёни кишварҳои аъзои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷашнвораи театрҳои лухтаки «Чодари хаёл» дар ду сол як маротиба аз ҳафтаи дуввуми моҳи апрел дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.