Масъулони созмонҳои рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон аз таҳдид ва талоши ниҳодҳои давлатӣ барои саркӯб кардани нашрияҳои мустақил изҳори нигаронӣ мекунанд. Раҳбарони расонаҳо мегӯянд, бархе мақомот таҳдид кардаанд, ки нашрияҳои мустақиро ба зону хоҳанд даровард.
Дар мизи гирде, ки зери номи «Таҳқиқи сабабҳои ҳуқуқӣ ва маънавии ба ҷавобгарии додгоҳӣ ҷалб кашидани ВАО», ки ба ибтикори Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо иддае аз созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд, таъкид гардид, ки доираҳои манфиатдор дар ниҳодҳои давлатӣ хоҳонӣ муҷозоти нашрияҳое ҳастанд, ки парвандаҳои онҳо дар додгоҳ ҳаст.
Аз аввали соли ҷорӣ то кунун бархе аз ниҳодҳои давлатӣ ва чанд додраси тоҷик нашрияҳои мустақили «Пайкон», «Миллат», «Азия Плус», «Фараж» ва «Озодагон»-ро ба додгоҳ кашонда ва барои ворид кардани зарари маънавӣ дар маҷмӯъ, ҳудуди 7 миллион сомонӣ талаби ҷуброн кардаанд.
Масъалаи ба додгоҳ кашидани расонаҳои мустақил ва фишору баҳсҳои давомдори вазоратхонаҳову ниҳодҳои додгоҳии кишвар, намояндаҳои расонаҳои мустақили Душанберо воқеан нигарон сохтааст, ки дар як ҳамоиш дар пойтахти Тоҷикистон роҳҳои бурунрафт аз ин мушкилро ҷустуҷӯ намуданд.
Аксари рӯзномнигорон бо таассуф таъкид мекунанд, ки як фазои то надозае озоду демокртӣ, ки се - чаҳор соли ахир барои расонаҳои мустақил пеш омада буд, акнун мурофиаҳову баҳсҳои додгоҳӣ бо нашриҳои мустақили маъруфи кишвар ба мисли «Азия Плюс» «Миллат», «Фараж» ва «Пайкон»-у «Озодагон» нишон медиҳад, ки ҳалқаи ин озодӣ тангтар мешавад.
"Нашрияҳоро бояд як бор ҷазо бинанд"
Акбари Сатор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, дар мавриди баҳси додгоҳии нашрияҳо бо ҷонибҳои даъвогар сӯҳбат кардааст ва онҳо таъкид кардаанд, ки ҳатман ин нашрияҳоро ба зону мешинонанд.
Акбари Саттор гуфт, бархе аз доираҳои манфиатдор талош доранд, тавассути чунин фишорҳо расонаҳои мустақилро саркуб кунанд.
Ӯ гуфт: «Яке аз онҳо гуфт, бояд як бор ин нашрияҳо ҷазо бинанд ва ин ба манфиати кор мешавад. Ман гуфтам, тарафи дигари масъала ин аст, ки ҷазо додани нашрияҳо ба манфиати кор нест. Ба ин хотир, ман ба чунин натиҷа расидам, ки воқеъан, ҳастанд чунин нафароне, ки мехоҳанд аз ҳамин вазъият сӯистифода карда, нашриҳоиро саркӯб кунанд. Мушкил ин аст, ки гап сари як ҳазору ду ҳазор ҷубронпулӣ намеравад, балки маблағҳои хеле зиёд меравад, ки барои нашриҳо пардохтани онҳо кори осоне нест ва метавонад онҳоро бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ созад».
Иноят Иноятов, вакили дифоъ, таъкид бар он мекунад, ки гунаҳкор будани нашрияҳоро танҳо додгоҳ метавонад муйаян кунад, на вазорату мақомоти дигар.
Ӯ мегӯяд: «Бояд ҷонибҳои даъвогар ба додгоҳ даллелу буҷрони қотеъ пешниҳод кунанд ва исбот кунанд, ки чаро бояд ин нашриҳо муҷозот шаванд. Ва танҳо пас аз санҷиши амиқи ин далелҳо додгоҳ ҳукм мебарорад ва ин қарори додгоҳ охирин нест ва дар зинаи аввал анҷом намеёбад».
Дар ҳамин ҳол, бо вуҷуди изҳори назар ва интиқоди созмонҳои байналмилалӣ баҳси додгоҳии миёни расонаҳо мақомот дар додгоҳҳои Душанбе идома дорад.
Чаро мусолиҳа нашуд?
Ду рӯзи пеш, додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе парвандаи ҳафтаномаи "Миллат" ва вазорати кишоварзиро, ки беш аз чаҳор моҳ ба ин сӯ идома дорад, барои ташхиси забонӣ ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Фарҳангистони улум равон кард.
Ҷониби вазорати кишоварзӣ аз додгоҳ дархост кардааст, ки матлаби нашркардаи "Миллат" барои ташхис ё экспертизаи забонӣ ба Пажӯҳишгоҳи забон фиристода шавад. Намояндаи вазорат даъво дорад, ки дар ин матлаб мавриди таҳқир ҷой дорад.
Акнун интизор меравад, ки ирсоли ин парванда ба Пажӯҳишгоҳ, ташкили комиссияи ташхиси забонӣ ва натиҷагирии кори он, то бештар аз ду моҳи дигар идома кунад.
Дар мурофиаҳои муқаддамотӣ аз ҷонибҳо даъват шуда буд, ки қазияро бо роҳи мусолиҳа анҷом бидиҳанд, вале нашрияи “Миллат” аз мусолиҳа худдорӣ карда буд. Масъулини ин нашрия мегӯянд, бояд ба ин қазия додгоҳ бо қарорни худ хотима гузорад ва бигӯяд, ки ҳақ ба ҷониби кист.
Даъвогарӣ далели тарс ё нигаронист
Иброҳим Усмонов, раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ва устоди Донишгоҳ мегӯяд, адами ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҳукумат ва васоити ахбори омма ба ҷуз бархурдҳои давомдор, чизи дигаре наметавонад дар пай дошта бошад. Ба ин хотир, мегӯяд ӯ, роҳҳои мусолиҳатомезро бояд ҷуст ва аз онҳо кор гирифт.
Аз ҷониби дигар Оқои Усмонов афзуд, ҳар гуна муқовимат аз ҷониби мақомоти давлатӣ ба васоити ахбори омма нишонаи тарс аз васоити ахбори омма аст.
Ӯ мегӯяд: «Ба назари ман агар ҷониби даъвогар ё муқовиматкунанда наметарсид, ин корро намекард».
Ва суол ин аст, ки дар чунин вазъи ба миён омада ва афзудани фишору саркубкӯниҳои васоити ахбори омма ниёзе ба фаъолияти созмонҳои рузноманигорӣ дар Тоҷикистон, ки аз ҳуқуқи рузноманигорон дифоъ мекунанд, боқӣ мемонад?
Агар баҳсҳои додгоҳӣ набошад, созмонҳои журналистӣ ба чӣ кор оянд?
Мухтор Боқизода раиси як созмонлои журналистии Тоҷикистон дар ин маврид гуфт: «Таҷриба нишон додааст,ки дахолат ва кӯмаки созмонҳои хабарнигорӣ ҳамеша натиҷаи дилхоҳ ба бор овардааст ва бояд дар оянда низ ин созмонҳо аз журналистон пуштибонӣ кунанд ва аз ҳуқуқи онҳо дифоъ намоянд».
Баҳсу баррасиҳо дар робита ба сабабҳои ҳуқуқӣ ва маънавии ба додгоҳ кашидани васоити ахбори омма вақте сурат гирифт, ки масъулини нашрияҳои вориди баҳси додгоҳӣ,»Миллат», «Фараж», «Ододагон» дар ин мизигирд ширкат надоштанд.
Аз аввали соли ҷорӣ то кунун бархе аз ниҳодҳои давлатӣ ва чанд додраси тоҷик нашрияҳои мустақили «Пайкон», «Миллат», «Азия Плус», «Фараж» ва «Озодагон»ро ба додгоҳ кашонда барои ворид кардани зарари маънавӣ, дар маҷмӯъ, ҳудуди 7 миллион сомонӣ талаби ҷуброн кардаанд.