Устод Камол Айнӣ, донишманди фарзона ва фарзанди асосгузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ аз дунё даргузашт. Вай аз ҷумлаи охирин донишмандони тоҷики зодаи Самарқанд ба шумор мерафт, ки бо хизматҳои худ адабиётшиносии муъосири тоҷикро рангин намуда буд.
Камолиддин Садриддинзода Айнӣ, донишманд ва пажуҳишгари маъруфи тоҷик, рӯзи шанбеи 14 август, бар асари бемории сактаи майна ё хунрезии мағз, дар синни 83 солагӣ, даргузашт.
Ёдгори устод Садриддин Айнӣ рафт
Камолиддин Садриддинзода Айнӣ, фарзанди Садриддин Айнӣ, қофиласолори адабиёти муъосири тоҷик ва қаҳрамони Тоҷикистон буд.
Субҳи якшанбеи 15 август, тобути ин донишманд дар иҳотаи садҳо нафар аҳли илму фарҳанг, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҳамтоёну пайвандон ба масҷиди марказии пойтахт оварда шуд ва баъди ба ҷо овардани намози ҷаноза, ҷасади ӯ дар дар боғи Айнӣ, дар паҳлуи падари худ, устод Садриддин Айнӣ ба хок супурда шуд.
Вай, аз пажуҳишгарони саршиноси адабиёти класикии форсу тоҷик ва яке аз поягузорони анҷумани фарсизабонони дунё бо номи «Пайванд» буд.
Беш аз 50 соли умри пурбаракати худро дар Институти ховаршиносӣ ва мероси хатии Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон сипарӣ кардааст ва асарҳои гаронмоя ва пурҳамиятеро таълиф намудааст.
Файзулло Бобоев, муовини раиси пажуҳишгоҳи ховаршиносӣ ва меросӣ хаттӣ ва аз дӯстон ва ҳамкорони Камоллиди Айнӣ, дар сӯҳбат бо РО гуфт:
"Устод Камолиддин Садриддинзода Айнӣ бемори бистарӣ набуданд. Лекин рӯзи ҷумъа якбора аҳволашон бад шуда ӯро бо бемори инсулт ё сактаи мағзи сар ба беморхонаи Караболо бурданд. Аммо устод дигар ба ҳуш наомад, соати 2-и рузи 14 август аз дунё гузаштанд".
Оқои Бобоев афзуд, ҳарчанд устод Камолиддин Айнӣ, рӯзҳои ахир хаставу камқувват ба назар мерасид, аммо ҳамарӯза ба коргоҳи худ меомад ва ҳамеша пайи коре буд ва гӯё камии фурсати умрро эҳсос карда буд, ки корҳои илмии нотамоми худро мехост анҷом бидиҳад.
«Ман бевосита бо он кас рузи охири ба донишгоҳ омаданашон суҳбат кардам ва афсус.ки надонистам. ки ин охирин дидори ман бо ӯ мебошад. Вай як бастаи корҳои нотамоми худро барои мо овард ва гуфт мадорам кам мешвад ва метарсад, ки ин корҳо дар нимароҳ мемонанд ва хоҳиш карданд, ки донишмандон ин дастхатҳоро дошта бошанд ва онҳоро анҷом диҳанд».
Камолиддин Садриддинзода Айнӣ, 15 майи соли 1928 дар шаҳри Самарқанд дар хонаводаи Садриддин Айнӣ, нависандаи маъруф, чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Камол Айнӣ-пажуҳишгари нуқтасанҷ
Вай дар соли 1949 бахши ховаршиносии Донишгоҳи Сан-Питербургро хатм карда, солҳои 1953-55 аввалин мудири шӯъбаи дастнависҳои раёсати Фарҳангистони улуми Тоҷикистон буд.
Вай осори бузургони адабиёти форсӣ, монанди Рӯдакӣ, Хайём, Фирдавсӣ ва Ҷомӣ, Сино ва Носири Хисрав, Ҳилолӣ, Восифӣ, Фахриддини Гургониро пажуҳиш кардаву оид ба эҷодиёти онҳо рисолаҳои зиёди илмиро таълиф намуд.
Аз муҳимтарин корҳои илмии ӯ, ба чоп омода кардани 15 ҷилди ёддоштҳои Садриддин Айнӣ-падари худ ва таҳияи матни нуҳҷилдаи "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ будааст.
Вай мақолоте дар бораи достони "Лайлӣ ва Маҷнун"-и Бадриддини Ҳилолӣ, қасида бар осори Рӯдакӣ, Камолиддини Беҳзод, девони Хоҷӯи Кирмонӣ ва рисолаҳое низ дар бораи Бадриддин Ҳилолӣ ва "Шаҳриёрнома"-и Мухтори Ғазнавӣ навиштааст.
Бархе аз ин мақолаву рисолаҳои ӯ ба забонҳои инглисиву русӣ, ва чанде аз онҳо ба хатти форсӣ дар кишвари Эрон ба нашр расидаанд.
Камолиддин Садриддинзода Айнӣ, ду фарзанд- як духтару як писар аз худ боқӣ гузоштааст, ки ҳарду низ донишманд мебошанд.