Як пойгоҳи интернетии вобаста ба Ҳаракати исломии Узбакистон навиштааст, ки Усмон Одил, раҳбари нави ин ҳаракат дар ҳамоише бо ҳамсафонаш хабари кушта шудани Тоҳир Юлдош, раҳбари пешини ҲИУ-ро тайид кардааст. Аммо масъалаи матраҳ чолишҳои пеши рӯи ҲИУ бо раҳбари ҷадид ва баъди сари Тоҳир Юлдош аст.
Албатта, дар бораи ҷои дақиқи баргузории ин ҳамоиш маълумот дода нашудааст, вале ба эҳтимоли қавӣ ҳамоиш дар яке аз манотиқи қабиланишини Вазиростони Покистон баргузор шудааст.
Марги Юлдош ахиран таъид шуд
Дар гузашта низ сару садоҳо ва хабарҳо дар бораи даргузашти Тоҳир Юлдош пахш шуда буд, вале ҳар бор шӯришиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон дар сомонаи худ чунин хабарҳоро рад мекарданд.
Масалан, соли 2009 мақомоти расмии кашфи Покистон хабар доданд, ки Тоҳир Юлдош дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар Вазиристони Ҷанубӣ, дар наздикии марз бо Афғонистон кушта шудааст. Вале билофосила аъзои ин ҳаракат дар сомонаи худ наворҳои видиоии Тоҳир Юлдошро ҷой доданд ва даъво карданд, ки раҳбари онҳо зинда аст.
Ба эҳтимоли зиёд, минбаъд ҳар ҷо номи Усмон Одил-раҳбари нави ин ҳаракат ба чашм хоҳад расид. Усмон Одил кист ва ба истилоҳ "бо чӣ хадамоташ" ба раҳбарии ин ҳаракат расидааст?
Дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Раҳимуллоҳ Юсуфзай-таҳлилгари Покистонӣ дар Пешовар, ки дар бораи Ҳаракати Исломии Узбакистон таҳқиқот анҷом додааст, ҳамин суолро матраҳ кардам. Вай чунин мегӯяд:
"Чунин одамон гоҳо бештар аз як ном доранд. Барои ҳамин шинохти чунин одамон кори осоне нест. Усмон Одил ҳам бояд яке аз чунин номҳо бошад".
ҲИУ дигар якпорча нест
Вале Раҳимулло Юсуфзай мегӯяд, ки соли гузашта баъд аз куштани Тоҳир Юлдош дар суфуфи Ҳаракати Исломии Узбакистон ҷудоӣ ба вуҷуд омада буд:
"Баъд аз марги Тоҳир Юлдош дар соли гузашта, миёни онҳо ихтилоф ба вуҷуд омад. Бештари онҳо ба Толибони Афғонистон ва баъзеи дигар ба Толибони Покистон пайвастанд. Ҳоло ҷиноҳҳо ба вуҷуд омадаанд. Баъд аз марги Тоҳир Юлдош дар соли гузашта дар ибтидо эълон шуда буд, ки Абдулраҳмон раҳбари нави ин ҳаракат хоҳад буд. Вале ҳоло мо мебинем, ки Усмон Одил раҳбари нав эълон шудааст. Ман бояд бигӯям, ки мо дар бораи Умсон Одил зиёд намедонем".
Бо назардошти навъе парокандагӣ дар суфуфи Ҳаракати Исломии Узбакистон, таҳлилгарон дар бораи шумораи аъзои ин ҳаракат маълумоти дақиқ намедиҳанд. Оқои Юсуфзай мегӯяд, аксари аъзои он шаҳрвандони Узбакистонанд ва дар манотиқи қабиланишини Вазиристони Ҷанубии Покистон ба сар мебаранд.
Онҳо бо Толибон ва бо гурӯҳҳои Ал-Қоида ҳамкорӣ доранд ва ҳамин ҳамкориҳо заминаи мавҷудияти онҳо ва идомаи фаъолияти онҳоро таъмин мекунад.
Шумораи онҳо аз 500 то 600 нафар тахмин зада мешавад. Баъзе аз аъзои он боздошт ва ё кушта шудаанд, вале аъзои нав низ ба суфуфи ин ҳаракат сафарбар шудаанд, ки шумораи онҳо номаълум боқӣ мемонад.
Тоҳир Юлдош ва Ҷумъаи Намангонӣ дар солҳои фаъолияти худ дар қаламрави Узбакистону Қирғизистон як силсила ҳамлаҳои мусаллаҳона анҷом доданд ва бо неруҳои мухолифони пешини давлати Тоҷикистон низ ҳамкорӣ доштанд. Чунин фаъолият номи раҳбарони пешини Ҳаракати Исломии Узбакистонро дар минтақаи Осиёи Марказӣ сари забонҳо овард.
ҲИУ - гурӯҳи бесарнавишт
Оқои Юсуфзай мегӯяд, он вақт ин ҳаракат ҳудудан 2 ҳазор нафар аъзо дошт ва Афғонистон низ зери контроли Толибон қарор дошт. Ҳаракати исломии Узбакистон ба роҳатӣ метавонист қаламрави Афғонистонро чун пойгоҳ барои ҳамла ба кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода кунад ва гаҳ-гоҳе таҳдидҳо дар ин бора аз забони раҳбарони пешини он садо медод. Вале ҳоло ин ҳаракат аз Афғонистон то ба Покистон саргардон аст ва барои анҷоми чунин амалиёт тавон ва нируи кофӣ дар ихтиёр надорад.
Ҳикматулло Сайфуллозода-таҳлилгари тоҷик низ мегӯяд, ҳоло неруҳои эътилофи байналмиллалии зидди террор дар Афғонистон бар зидди ҳамин гуна ҳаракатҳои ҷиҳодӣ мубориза мекунанд ва шароити омадани Усмон Одил ба раҳбарияти Ҳаракати Исломии Узбакистон бо шароити раҳбарони пешин фарқ дорад:
"Марҳалае, ки Тоҳир Юлдош Ҷамъаи Намангониро табдил кард ва имрӯз аз ҳам то ҷое фарқ дорад. Албатта, имрӯз муборизаи густардае, ки алайҳи терроризм дар кишвари ҳамсояи мо дар Афғонистон идома дорад ва дида мешавад, ки хеле густарда аст. Дар ин мубориза ҳадаф ин гуна ҳаракатҳои ҷиҳодиро аз байн бурдан аст, аз ҷумла Ҳаракати Исломии Узбакистонро".
Муборизаи зидди террор дар Афғонистон на танҳо Толибон, балки ҳаракатҳои дигари ҷиҳодӣ, аз ҷуммла Ҳаракати Исломии Узбакистонро дасткӯтоҳ сохтааст.
Ба гуфтаи Раҳимуллоҳ Юсуфзай-таҳлилгари Покистонӣ, ҳоло ин ҳаракат хеле заиф шудааст ва дар суфуфашон ихтилофҳо низ вуҷуд дорад. Онҳо ба гурӯҳҳои хурд-хурд тақсим шудаанд. Дар чунин марҳала яке аз вазифаҳои Усмон Одил ба унвони раҳбари нав ба эҳтимоли зиёд наҷот додани Ҳаракати Исломии Узбакистон аз нобудӣ хоҳад буд, зеро аъзои он роҳи дигаре надоранд ва наметавонанд ба ватани худ низ баргарданд.
Дар он ҷо давлати кунунӣ онҳоро ҷинояткор мешиносад. Ба ҳамин далел, ҳоло масъалаи ба истилоҳ "зинда мондани ин гуруҳ" бештар матраҳ аст, чӣ расад ба анҷоми ҳамлаҳои густарда ба Узбакистон ва пиёда сохтани ормонҳои худ дар бораи ташкили давлати исломии Узбакистон.
Усмон Одил ҷойгузини Тоҳир Юлдош шуд