«Чакомаи рангҳо», бахшест, ки мову шумо ба куйи наққошону ҳайкалтарошон, гачкорону гилкорон, кулогарону заргарон мебарад ва шумо азизонро бо беҳтарин офаридаҳои онҳо ошно месозад.
Меҳмонони бахши нави «Чакомаи рангҳо»-и вижагуфтори навбатии «Фарҳунг ва андеша» ду тан ҳунарманде ҳастанд, ки яке намояндаи насли ҷавон ва дигаре миёнсол аст. Аммо ҳарду дар ҳунар муваффақанд ва фаровардаҳошон чашму қалби даҳҳову садҳо нафарро, дар ватан ва хориҷ аз он, тасхир кардааст. Мо бо ин ду ҳунарманд дар як намоишгоҳи ҳунарӣ, ки дар сафорати Амрико дар Душанбе доир гашт, мулоқот кардем.
Мансур Одинаев, рассом ва кандакор дар болои чӯб 25 сол дорад ва мегӯяд:
«Муҳимтарин хусусияти ҳанарманде, ки тақдири худро бо ин ҳунар пайванд доданист, сабру таҳаммул аст, ки метавонад ӯро ба қуллаи мақсуд расонад».
Абдураҳмон Назирматов, машҳур бо тахаллуси Абдурҳмони заргар 52 сол дорад ва мегӯяд, таҳсилкардаи мактаби расомии Русия аст ва ӯ дар ҳунари наққошӣ ва заргарӣ тавонистааст сабки аврупоиро бо усули миллӣ омезиш диҳад ва беҳтарин дастпона, қулфи гиребон, гарданбанду бозубанд ва ангуштариву гӯшвораҳоро офарад. Ҳаводорони сохтаҳои Абдураҳими Заргар ҳам занону духтарони тоҷик ва низ аврупоӣ мебошанд.
Ӯ мегӯяд: «Барои он ки ҳунару ҳунарманд рушд кунад ва сайқал ёбад, имконияту шароит ва ғамхориву пуштибонӣ зарур аст».
Дар бахши нави дигари маҷаллаи «Фарҳунгу андеша» , ки «Гулҳои худрӯй ном гирифтааст, шунвандаи арҷманд ва корбарони сомонаи радиои Озодӣ бо ҳунару истеъдодҳое ошно мешаванд, ки ҳанӯз дастнохӯрдаанд ва ё кашф нашудаанд.
Меҳмони нахустини «Лолаҳои худрӯй»:
1. Абдувоҳиди Ҷабборпур, 25 сол дорад, сокини ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент. Машқи шеър мекунад, таронаҳи классикиро моҳирона ва бо садои шево иҷро мекунад. Мехоҳад бештар дар шоъирӣ камол биёбад. Шеъри Абдувоҳид бозгӯӣ зиндагии зани тоҷик ва мушкилоту печидагиҳои рӯзгори ӯст.
Модари ғамдидаи дунё туйӣ,
Аз ҳама ранҷидаи дунё туйӣ,
Ганҷи дунё шуд насиби дигарон,
Ранҷу заҳматдидаи дунё туйӣ.
2. Шаҳодат Ҷалолова 25 сол дорад. Шеъраш дар пояи ашъори шоирони шинохта аст. Китоби шеърашро барои нашр омода мекунад. Ашъори ошиқонаи ин духтари кӯҳистон басо ҷаззоб ва дилнишин аст.
Ман зи худ то дили ту азми сафар дораму бас,
Чун раҳовард муноҷоти саҳар дораму бас.
Дида аз ранг бишустам, ки ниҳодаш бозист,
Донад ойина, ки ман бар ту назар дораму бас.
3. Ҷамшед Шарифӣ ва Қурбон Рузиев ҳар ду сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлонанд. Ҷамшед дар навохатни асбоҳои миллӣ ва овозхонӣ ва Қурбон дар ҳазлу мутоиба ва гуфтани латифаҳо ва низ тақлид дар ноҳияи худ машҳуранд.
Шояд шумо шеъре ё таронае ё оҳанге ё достоне ва ё ҳам қиссае эҷод кардаед, ё дар баёни каломи мавзуну тақлид ва ё танзу гуфтани латифа, навохтани асбобҳои мусиқӣ худро беҳамто меҳисобед, аммо саҳнаву минбар надоред, пас саҳнаву минбари шумо, бахши «Лолаҳои худрӯй»-и маҷаллаи «Фарҳангу андеша»-и Радиои Озодист. Бо орзуи ҳамкориҳои ҳасана бо шумо азизон, шуморо ба паноҳи Худои меҳрубон месупорем.