Фурудгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар ғарби шаҳри Душанбе, баъд аз анҷоми таъмири бунёдӣ, имрӯз ба сурати расмӣ дубора мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими бозкушоии ин фурудгоҳ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ширкат намудааст.
Ин фурудгоҳ, ки мансуб ба вазорати дифоъи Тоҷикистон хоҳад буд ва дар замони шӯравӣ бунёд шуда буд ва дар чанд соли пеш тавассути мутахассисони ҳиндӣ бозсозӣ ва муҷаҳҳаз шуд.
Аз фурудгоҳ низомии Айнӣ, ки 32000 метр хати парвоз дорад, тамоми намуди ҳавопаймоҳои борбар ва ҷангӣ, бидуни истисно метавонанд истифода кунанд.
Аммо дар ҳоли ҳозир миёни Тоҷикистон ва Русия баҳси ин фурудгоҳ идома дорад. Русия мехоҳад дар чаҳорчӯби аҳдномаи СПАД аз ин фурудгоҳ ба сурати ройгон истифода кунад. Ва ҳавопаймоҳои ҷангандаи мутааллиқ ба пойгоҳи низомии худро дар Тоҷикистон дар ин пойгоҳи ҳавоӣ мустақар намояд. Амре, ки Тоҷикистон ба он то кунун мувофиқа накардааст.
Дар навбати худ, бино ба хабарҳои то кунун рад нашуда,Тоҷикистон мехоҳад барои истифода аз ин пойгоҳ пардохт дарёфт кунад. Гуфта мешавад, ин масъала дар музокироти ахири руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Сочӣ низ мавриди баҳсу баррасӣ будааст.
Аммо зоҳиран тавофуқе дар ин замина ба даст наомадааст.
Русия барои пойгоҳи низомии худ, ки дар Душанбе ва воҳидҳои он ки дар Қурғонтеппа ва Хатлон низ мавҷуданд, маблағе пардохт намекунад.