Бунёди манзилҳои зист барои зарардидагони обхезии Кӯлоб ҳанӯз идома дорад ва бо вуҷуди ваъдаҳои масъулин, ки сохтмонҳоро то рӯзи 6-уми ноябр ба охир бирасонанд, то ба ҳол бархе зарардидагон аз вазъи мавҷуда шикоят доранд.
«Ҳанӯз хона надорам»
Манзили зисти Саид Одинаев, сокини маҳаллаи Чармгарони Поёни шаҳри Кӯлоб бар асари обхезии шаби 7-уми майи имсол комилан хароб шудааст, вале бо гузашти 7 моҳ аз он ҳодиса ӯ ҳанӯз зери хайма ба сар мебарад.
Ӯ мегӯяд: «Сел тамоми хонаамонро шуста бурд. То кунун дар хайма зиндагӣ дорем. Масъулин ҳар рӯз ваъдаи фардо медиҳанд, ки ба шумо манзили зист медиҳем, вале ҳеҷ нест, ки ин мушкил ҳал шавад».
Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон супориш дода буд, то ба ҳама зарардидагони офати табии шаҳри Кӯлоб то тирамоҳ манзилҳои нави истиқоматӣ бунёд карда шавад. Аммо Саид Одинаев мегӯяд, ба мисли ӯ даҳҳо зарардида соҳиби манзил нашудааст, вале дар маҳалоти нав афроди зиёде соҳиби хона шудаанд, ки ба истилоҳ хасе аз манзили зисташон осеб надидааст.
Ноадолатӣ дар тақсими манзил
Оқои Одинаев мегӯяд, дар тақсими хонаҳои истиқоматӣ ноадолатӣ сурат гирифтааст. Ӯ мегӯяд: "Одамоне, ки умуман зарар надида буданд, соҳиби хона шуданд, вале мо не. Болои ин ки худам дар хайма зиндагӣ мекунам, писарамро «облава» карда ба хизмат бурданд. Дига намедонам, ки ин ҳама чӣ ноадолатист».
Аксари осебдидагони дигар, ки ҳамакнун соҳиби манзили зист шудаанд, аз сохти номувофиқ ва ғайрикасбӣ бунёд ёфтани хонаҳояшон шиква доранд.
Хонум Олуфтамоҳ, як тан аз ин зарардидагон мегӯяд, хонаҳояшон нуқси зиёди сохтмонӣ дорад, вале ҳангоми шикоят масъулин ба онҳо гуфтаанд, ки ин камбудиҳоро бо нерӯи худ бартараф созед. Ин дар ҳолест, ки ба қавли ӯ, онҳо чунин имконро надоранд.
Хонум Олуфтамоҳ афзуд: «Аз шифер оби рехтагӣ ба дарун мерезад. Потлогҳо хато шудаанд, дарҳо соз маҳкам намешаванд. Нимкора сохтанду рафтанд, дигар бояд мо худамон кунем, ки афсус ки наметавонем. Намедонам, касали рӯи ҷогаҳамро нигоҳу табобат кунам ё хонаамро. Ҳоло боз зимистон дар пеш аст».
«Зоҳиран хушсохт, вале…»
Лаълбегим Розиқова, дигаре аз осебдидагон мегӯяд, дар зоҳир хонаҳояшон хеле хушсохт аст, вале сифати дохилияшон нохуб аст.
Хонум Лаълбегим мегӯяд: «Пур фатаротӣ баданд. Нимаш рехт. Ҳоло рафта бинед, ки чӣ ҳол аст, дар хонаҳои мо. Ҳамин корро карданд, раҳмат, вале хубтар мекарданд, ганда буд? Назарфиребӣ бояд намекарданд».
Супориши президент саривақт иҷро нашуд
Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар як ҷаласаи фаврии худ пас аз ҳодисаи обхезӣ супориш дод, то рӯзи 6-уми ноябр барои тамоми зарардидагон манзили зист бунёд шавад. Аммо бо гузашти ин сана ҳанӯз аз ҷониби бархе идороту ташкилот манзилҳои зист пурра бунёд наёфтааст. Абдуҷаббор Мансуров, як тан аз осебдидагон мегӯяд, ҳанӯз дар зери хайма ба сар мебарад ва интизор дорад, ки кай бунёди манзили зисташ ба охир мерасад.
Ӯ гуфт: «Ҳеҷ корро дар замине, ки бароям дода буданд, то чанд ҳафта пеш намекарданд. Даъвою шикоят кардем, ҳоло омада сар кардаанд. Дигар дар як хонаи кафида тарсида зиндагӣ мекунем. Интизорем, ки кай хонаамонро месозанд.»
Сана тағийр ёфт
Дар ҳамин ҳол Пирмад Зарипов, ҷонишини шаҳрдори Кӯлоб мегӯяд, супурдани расмии манзили зист барои зарардидагон бояд рӯзи 6-уми ноябр анҷом мешуд, вале бинобар ба охир нарасидани сохтмони ҳамаи манзилҳои зист, ин кор то рӯзи 20-уми ноябр мавқуф гузошта шудааст.
Бар асари офати табии шаби 7-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии Кӯлоб беш аз якуним ҳазор манзили зист тахриб шуда, даҳҳо нафар ба ҳалокат расида буд.