Ӯро фарзанди биёбон, саги ваҳшӣ, бехирад ва моҷароҷӯ тавсиф кардаанд, муҳофизонаш бонувони мусаллаҳанд.
Ва ӯ Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия аст, ки баъди бештар аз 40 соли қудратдорӣ ҳоло мардум бар алайҳаш шӯридаанд, вале ӯ бо ҳамон лафзбозиҳои хосаш мегӯяд, то охирин қатра хун меҷангад, вале аз қудрат намеравад: “Ман дар ниҳоят ҳамчун шаҳид мемирам.”
Раҳбари "хайманишинӣ" Либия
Раҳбари 68-солаи Либия, ки дар синни 28 солагӣ бо гурӯҳе аз афсарон дар як табадуллоти давлатии бехунрезӣ Шоҳи Либия Идриси аввалро барканор кард ва қудратро ба даст гирифт, бо рафтору сиёсатҳои аҷибу ғарибаш дар ҷаҳон шинохта шудааст. Раҳбари Либия хаймаи дӯстдоштае боҳашамате дорад, ки ҳамроҳаш ба сафарҳои давлатӣ мебарад ва дар назди Кохи Кремли Русия ҳам хайма задааст. Дар Либия, ҳам раҳбарони кишварҳоро низ дар хайма мизбонӣ кардааст. Муаммар Қаззофӣ, 13 сентябри соли 1942 дар хаймаи падари чӯпон ва бодиянишинаш дар вилояти Сирти Ливия ба дунё омадааст ва дар нигоҳубини чорво ба падараш кӯмак кардааст. Ду маротиба издивоҷ кардааст ва ҳафт фарзанд дорад.
Қаззофии насиҳатгар
“Китоби Сабз”-и Қаззофӣ, ки дар он тамоми таҷрибаи андӯхтаи инсоният дар мавриди сохтори ҷомеа, рукнҳои иқтисодӣ ва муносиботи миёни инсонҳо нодуруст хонда шудааст, ба навиштаи таърихшиноси рус Наталя Белолипетская, муаллиферо нишон медиҳад, ки худро паёмбаре медонад ва дар талоши тағйир додани ҷаҳон ба хости дили худаш аст, новобаста аз он, ки тамоюлҳои ҷаҳонӣ чӣ аст ва тӯдаҳои мардум чӣ мехоҳанд. Дар ин китоб ҳизб, порлумон, табақа, давлат ва ҳатто доштани хидматгор дар хона рад шудааст. Дар ин китоб ӯ доир ба ҳама чӣ сар аз ҳукумат то ба бокс ба мардум насиҳат мекунад. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, муовини собиқи нахуствазири Тоҷикистон, ки дар гузашта бо Муаммар Қаззофӣ, мулоқот доштааст, мегӯяд, ӯ ба истилоҳ насиҳатро дӯст медошт, ки ба ҳама насиҳат мекард, ба ҳар касе ки набошад, сарвари давлат ё каси дигар: “Ӯ мисли як муаллим ҳамеша насиҳат мекард. Воқеан аввал муаллим буд, сипас афсар ва раҳбари давлат шуд, Баъд дар давоми 40 соли ҳукуматдориаш, ки ҳамеша насиҳат мекунад, роҳ нишон медод, бинобар ин меҳмонони хориҷӣ ва ҳатто раисони кишварҳоро ҳам доим насиҳат мекард. Ин барояш одат шуда буд.”
Ин насиҳатҳои ба истилоҳ пайғамбаронаи Муаммар Қаззофӣ ҳатто аз минбари Созмони Милал ҳам садо додаанд, ки дар ҷаласаи соли гузаштаи Маҷмаъи умумии ин созмон тақрибан ду соат суханронӣ кард, ойиномаи Созмони Милалро, ба ҳаво андохт ва тарҷумони бечорааш ҳам аз тарҷумаи беисти насиҳатҳои баъзан пойдарҳавои Қаззофӣ аз ҳуш рафт. Анатолий Егорин, дипломат, профессори рус, муаллифи чандин китоб дар бораи Либия ва Муаммар Қаззофӣ навиштааст, Қаззофӣ мусоҳиби мушкилест, ки мехоҳад ҳама гӯшу ҳуш ӯро бишнаванд ва суханашро набуранд. Анатолий Егорин, ки ба ҳайси дипломат дар Либия ҳам кор кардааст, ҳодисаеро тасвир мекунад, ки чӣ гуна зимни як сафари ҳайъати Русия ба раҳбарии Алексей Косигин, раиси девони вазирони шӯравии собиқ Муаммар Қаззофӣ, ин мақоми баландпояи шӯравиро бо насиҳатҳояш ғарқи арақ кард. Дар ин мулоқот дар соли 1975 Муаммар Қаззофӣ хостори харидани миқдори зиёди аслиҳа аз ҷумла киштиҳои зериобӣ ва тонкҳо аз шӯравӣ шудааст ва дар посух ба суоли Алексей Косигин, ки ин қадар силоҳ барои чӣ ба шумо лозим аст, Қаззофӣ ба хашм омада, гуфтааст, “инаш кори мо, масъалаи истиқлол ва соҳибихтиёрии мост” ва бештар аз ним соат Косигинро насиҳат кардааст. Дигар ин, ки ӯ шеваи зиндагии арабҳои бодиянишинро шеваи беҳтарини зиндагӣ медонист ва бо шиори қавмияти арабӣ ва ваҳдати арабҳо сари қудрат омад. Худро борҳо пешвои кишварҳои арабӣ хонда ва айни замон ҷанҷолҳое ҳам бо сарони кишварҳои арабӣ кардааст.
Ҳарзагӯй вале зирак?
Бо вуҷуди ҳарзагӯиҳо, Муаммар Қаззофиро ҳамзамон сиёсатмадори зирак низ дониста мешавад, чун баъди ду даҳсолаи инзиво ва адами равобити дуруст бо ҷаҳони беруна бахусус кишварҳои ғарбӣ, тавонист, соли 2003 ин вазъро тағйир диҳад ва таҳримоти Созмони Милал алайҳи Либияро аз байн барад. Муаммар Қаззофӣ дар он сол, масъулияти бомбгузории ҳавопаймои амрикоӣ дар фазои Ирландияро бар ӯҳда гирифт, ки дар он бомбгузорӣ 277 нафар кушта шуданд. Ӯ баъдан ба хешовандони қурбониён ҷубронҳои чандсад миллиондоллариро пардохт ва роҳро барои лағви таҳримоти Созмони Милал боз кард. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва муовини собиқи нахуствазири Тоҷикистон мегӯяд: ““Агар зирак набуд наметавонист, дар сари қудтар 40 сол бимонад. Бубинед, Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури Миср хеле камтар аз Муаммар Қаззофӣ дар сари қудрат монд, агарчанде ӯро бисёр зирак мегуфтанд, пуштибонии зиёд аз ғарбу инҳо дошт. Дар замони ҳукуматдории ӯ, Миср як маркази қавии тарбияву таълими кадрҳои амниятиро дошт, ки аз кишварҳои Осиё ва ҳатто шӯравӣ дар онҷо курсҳои омӯзишӣ мегузаштанд. Дар роҳи мубориза бо ифротгароии диниву ғайра. Бубинед, ӯ сӣ сол ҳам накашид ва аз байн рафт, аммо Муаммар Қаззофӣ ҳанӯз ҳам ҳаст.”
Аммо хабаргузории Ассошиейтед Пресс дар як таҳлиле навиштааст, Муаммар Қаззофӣ, ки худаш аз роҳи табаддулоти низомӣ сари қудрат омад, артиши Либияро амдан заъиф нигаҳ дошт, то аз ҳар гуна табадуллот алайҳи худаш ҷилавгирӣ кунад. Ӯ бо пули зиёд, “кумитаҳои инқилобӣ” ва гурӯҳҳои шибҳанизомӣ таъсис дод, ки дар сурати бархостани артиш алайҳи ӯ , онҳоро бар зидди сарбозон истифода кунад. Аз ин рӯ ҳоло тавонистааст, пойтахт шаҳри Троблусро зери даст нигаҳ дорад, агарчӣ, бахшҳои бузург ва биёбонии кишвар ба дасти тазоҳургарон афтоданд. Чарлз Гардон, коршиноси муқими Ландан мегӯяд, Муаммар Қаззофӣ маҳз ба он хотир артиши 50 ҳазор нафариро заъифу номуҷаҳҳаз гузошт, зеро дар симои артиш таҳдидро медид.
Низоми ҳукуматдорӣ
Муаммар Қаззофӣ, соли 1973 дар кишвараш бо эъломи “инқилоби фарҳангӣ” кумитаи мардумӣ таъсис дод ва чаҳор сол, баъд низоми хостаи худаш яъне ҷамоҳирияро ташкил кард, ки низоми омехта ба сотсиалистӣ, капиталистӣ ва исломӣ аст. Зоҳири Давлат, коршиноси тоҷик дар ин бора мегӯяд:
“Либия як кишвари ҷамоҳирӣ аст, яъне он аз тарафи ҷамоҳир, тӯдаҳои мардум ва ё қабилаҳо идора мешавад ва дар сари инҳо қабилаи қаззозифа ва худи Қаззофӣ, ки аз ҳамин қабила аст, меистанд. “
Либия, ки аҳолиаш бештар аз чаҳор миллион нафарро ташкил медиҳад, як кишварии саршор аз захираҳои нафт аст ва ҳамин сарват ба Қаззофӣ имкон дод, ки зиндагии мардуми қашшоқи камбизоати қабилаҳоро баъди суқути шоҳ Идриси 2 беҳтар кунад. Шӯҳрат Шарифзода, як донишҷӯи тоҷик, ки се сол боз дар донишгоҳи исломии шаҳри Троблус, пойтахти Либия таҳсил мекунад, вазъи зиндагии мардум дар ин кишварро кӯтоҳ ва содда чунин тасвир кард:
“Ягонташ камбудӣ надоранд, ҳама чизҳо муҳаё, ҳама чиз арзон, ҳама оилаҳоро мебинӣ, ҳама як мошин ё ду мошин доранд. Ҳама сериву пурӣ аст.”
Воқеан вазъи маориф ва хадамоти беҳдоштии Либияро дар муқоиса ба кишварҳои дигари Шимоли Африқо беҳтар медонанд. Аммо Алиризо Нуризода, таҳлилгари Ховари Миёна мегӯяд, бо сарвате, ки Либия дорад, ин кишвар метавонист, пешрафти чашмгире кунад, аммо Муаммар Қаззофӣ аз ин сарватҳо натавонистааст ба таври аҳсан истифода кунад:
"Чиҳилу ду сол ин одам дар Либия ҳукумат кардааст, вале дарднок аст, ки бубинем дар ин кишвар як бемористони дуруст вуҷуд надорад ва мардум барои муолиҷа ба Мисру Тунису Урдун мераванд. Яъне се кишваре, ки на нафт на даромаде доранд, вале системаи пешрафтаи иҷтимоӣ доранд, баръакси Либия. Бесаводӣ дар Либия ғавғо мекунад ва ин оқои Қаззофӣ ҳеҷ коре барои миллаташ накард. Якчанд роҳу хонаҳое сохт, ки касе нест дар онҳо истиқомат кунад. Дар тӯли солҳои ҳукумати Қаззофӣ ҳазорон ҳазорон мардум аз Либия рафтанд, кишваре, ки чаҳор миллион нафар ҷамъият дорад ва даромади нафту газе, ки ҳеҷ кадом аз кишварҳои ҳамҷавори Либия надоранд."
Зоҳири Давлат, коршиноси тоҷик мегӯяд, аз сӯи дигар ҷамъ шудани сарват дар дасти як қабила ва нобаробарӣ дар кишвари қабиланишине ба мисли Либия сабаб шуд, то мардум алайҳи ҳукумати Қаззофӣ қиём кунанд:
“Нуфузи қабилаи қаззозифа нисбати қабилаҳои дигар боло гирифт ва манфиати гурӯҳи Қаззофӣ бештар нигаҳ медоштанд ва ҳатто тиҷорати бештар ҳам ба Қаззофӣ ва фарзандонаш гузашт, минҷумла писараш Сайф-ул-Ислом ва ду писари дигараш яке бо номи Соъид ва духтараш бо номи Ойиша ба таври ҷудогона тиҷоратҳоеро дар кишвар ба даст гирифтанд ва ин чиз оҳиста-оҳиста ба норозии мардум оварда расонд. Ва омили асосӣ муддати 40 сол дар сари қудрат мондани як шахсият буд.”
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, аз сӯи дигар яккатозии Муаммар Қаззофӣ ва риоят нашудани ҳуқуқи мардум метавонад сабаби дигари қиёми мардум алайҳи ҳукумати ӯ бошад: “Дар онҷо озодиҳои сиёсӣ вуҷуд надошт, аҳзоби сиёсӣ вуҷуд надошт, озодиҳои динӣ ҳам дар онҷо вуҷуд надошт, ба касе иҷоза намедоданд, ки риш монад ва кормандони давлатӣ иҷоза надоштанд, ки ҳиҷоб пӯшанд. “
Сарнавишти ояндаи Либия ва бо Қаззофӣ чӣ хоҳад шуд?
Ҳоло, ки дигар мардум алайҳи Қаззофӣ қиём кардаанд ва дар тазоҳуротҳо садҳо нафар кушта шуданд, сарнавишти ояндаи ин раҳбари дарозумри Либия чӣ хоҳад шуд, оё қабилаҳои мухталифи Либия, тарафдорони Қаззофӣ бо мухолифон бар алайҳи ҳам меҷанганд ва ё чӣ.
Зоҳири Давлат, коршиноси тоҷик мегӯяд: Сайфулислом писари Қаззофӣ гуфта буд, ки дар сурати аз байн рафтани режими падараш, Либия ба қабилаҳо ҷудо мешавад, аммо ба андешаи ман шояд чунин нашавад, зеро аллакай дар Либия новобаста аз онки режими низомӣ буд, онҳо мардум эҳсос мекунанд, ки аҳли як кишвар ҳастанд ва дар онҳо аллакай ҳуввияти либиягӣ пайдо шудааст ва новобаста ба тобеъ будан ба қавм, қабила ва ё гурӯҳе онҳо либиягӣ ҳастанд ва метавонанд дар оянда як давлати навро сари қудрат биёранд бо ҳузури намояндаҳои тамоми қабилаҳо."
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ҳам мегӯяд, дар маҷмӯъ тамоми ҳукуматҳои худкома сарнавишти шабеҳ доранд: “Дар оянда ҳамаи ин кишварҳо роҳи ягонашон, эҷоди низомҳои демократӣ, мардумсолорӣ аст, бо роҳи интихоботи озод, бетаққалуб, дигар роҳ надоранд.”
Аммо ақидаи худи Муаммар Қаззофӣ ин аст, ки дар арсаи сиёсӣ бояд на андешаи аксарият, балки андешаи ҳар як нафари ҷомеа ба инобат гирифта шавад ва зоҳиран дар Либия бахусус андешаи худи Қаззофӣ “Китоби Сабзаш”- Инҷили замони муосир аст.