Таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба истиқлолияти Тоҷикистон

Дар рӯзҳои амалиёти ҳарбӣ дар ноҳияи Рашт.

Коршиносон мегӯянд, дар ин 20 сол истиқлолияти кишвар пойдотар шуд, аммо таҳдидҳо ҳам ҷиддитар шуданд.
Агар ба доираи кишварҳои дӯсти Тоҷикистон назар кунем мебинем, ки ин доира дар 20 соли ахир ба андозаи назаррас тангтар шудааст.

НА ДӮСТ, НА ДУШМАН?

Дар оғози истиқлолият кишварҳое назири Русия, Ӯзбакистон, Қазоқистон аз шарикони боэътимод ва ҳатто роҳбурдии Тоҷикистон талаққӣ
Ноустувории сиёсати Русия дар қиболи Тоҷикистон ҳам як навъ таҳдид ба Тоҷикистон аст...

мешуданд ва баъди ташкили Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ дар ин ҳалқа Амрико ва бархе аз кишварҳои ғарбӣ низ изофа шуданд.

Дар ду се соли охир кишвари дигар Эрон бо шиори бародариву маштаракоти фарҳангӣ ба ин ҳалқа шомил шуд. Аммо кам нафаре метавонад бовар кунад, ки Эрони исломӣ Тоҷикистонро танҳо барои ҳамзабониву ҳамфарҳангӣ зери бол гирифтааст.

Иллати то рафт танг шудани ҳалқаи кишварҳои дӯсти Тоҷикистонро коршиносон ва таҳлилгарон ба гунаҳои мухталиф шарҳ медиҳанд. Бархе бо ишора ба сардии равобити Тошканду Маскав бо Душанбе мегӯянд, ки охирӣ дар амри ҳифз ва таҳкими ин равобит бо ду давлат кӯтоҳ омад. Аммо бархи дигар мутмаинанд, ки баръакс Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолият гомҳои ҷиддӣ мебардорад ва аз онки аз вобастагии иродаи бархе аз ин кишварҳои дӯст раҳо шудан мехоҳад, ин ҳалқа маҳдудтар шудааст.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ ба Тоҷикистон




НАҚШИ УМДА ВА МЕҲВАРИИ РУСИЯ

Аз ин кишварҳо, мегӯянд сиёсатшиносон, бахусус Русия, солҳои охир Тоҷикистонро дар ростои чолишҳои ҷиддӣ қарор дода ва гоҳо мухторияти ин давлатро зери суол бурдааст.

Фаррух Умаров, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд,
Фаррух Умаров

Русия дар баробари нуфузи рӯзафзуни кишварҳои абарқудрат, амсоли Амрико ва Чин дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла дар Тоҷикистон даступохӯрда ба назар мерасад. Зеро ин минтақа тайи беш аз сад соли ахир минтақаи зери нуфузи танҳо Русия буд. Русия бо пайгирии сиёсатҳои даврони шӯравӣ ҳадафҳои худ дар минтақаро танҳо бо истифодаи тавтеъа ва фишор пиёда мекунад, ки барои давлатҳои мустақил хушоянд нест.

Ин ҳам дар ҳолест, ки онҳо шеваи дигари ҳамкорӣ бо давлатҳои ғарбиро таҷруба карданд ва аз ҳамкориҳо суд бардоштанд. Аз тарафи дигар, мегӯяд ҷаноби Умаров, Русия як барномаи томи муносибат бо кишварҳои Осиёи Марказиро дар даст надорад.

Барои намуна, бозпас кашидани нерӯҳои марзбонаш аз марзи Тоҷикистон ва талоши дуборааш барои баргашт метавонад ин гуфтаро тасдиқ кунад: «Муносибати Ӯзбакистон ба Тоҷикистон аз идеологияи бузургманишии ӯзбакӣ маншаъ мегирад. Аммо дар робита ба Русия метавон ин нуктаро зикр кард, ки Русия дар ҳақиқат як консепсияи муайяни сиёсаташ дар Осиёи Марказиро таҳия накардааст ва муносибаташ бо Тоҷикистон сирф дар ҷаҳорчӯби манофеи миллии он кишвар сурат мегирад. Ва ҳамин ноустувории сиёсати Русия дар қиболи Тоҷикистон ҳам як навъ таҳдид ба Тоҷикистон аст.»

ПАСИ ОШӮБУ ТАРКИШҲО КӢ БУД?

Дар солҳои ахир Тоҷикистон ба чанд ҳодисаи марбут ба масоили амниятӣ, аз ҷумла даргирӣ бо ҷангиёни мусаллаҳ ва таркишҳои нобаҳангом дар гӯшаҳои кишвар рӯ ба рӯ шуд, ки ба гуфтаи бархе аз мақомоти ҳукуматӣ аз хориҷи кишвар ҳамоҳангӣ мешуд. Аммо аксаран мушкили
Мо аз Узбакистон гила надорем, чун медонем, ки ин кишвари ҳамсоя роҳро бо фишори Русия бастааст...

умдаи Тоҷикистонро дар вуҷуди масоили дохилӣ марбут мекунанд ва мегӯянд, ки таҳдидҳои беруна ва ё хориҷӣ ба амнияти Тоҷикистон ба ҳайси як давлати мустақил ва мухтор дар ҳоле муассир ва ҷиддӣ хоҳанд буд, ки агар дар дохил ҷонибдорӣ пайдо кунад.

Раҳматулло Абдуллоев, низоъшинос аз Маркази мутолеоти Афғонистон ва минтақа дар шаҳри Душанбе бар ин бовар аст, ки Русия аз рафтани худ аз марзҳои Тоҷикистон амиқан пушаймон шудааст ва ҳоло, ки раиси Думаи давлатии ин кишвар ин масъаларо дар миён мекашад ба он маъност, ки Русия мунтазири пайти муносиб барои бозгашташ аст ва албатта, наметавон гуфт, ки чунин вазъ ба амнияти истиқлолияти давлати Тоҷикистон бидуни хатар бошад.

Ҷаноби Абдуллоев меафзояд: «Албатта, хатар ба амният ва сулҳу суботи Тоҷикистон то ҳоло вуҷуд дорад. Аслан ин хатар бештар ҷанбаи байналмилалӣ дорад. Бахусус кӯшиши нигоҳ доштани Русия барои мавқеи худ дар Тоҷикистон аз ҷумла изҳороти якчандвақт пеш эродкардаи яке аз роҳбарони Русия Б. Гризлов, раиси Думаи давлатӣ дар бораи пас гардонидани сарҳадбонони Русия ба Тоҷикистон ин як ихтори хеле ҷиддист.»

ҲАМҚАДАМИИ РУСИЯ ВА УЗБАКИСТОН

Қарор буд иншооти муҳими Тоҷикистон, амсоли нерӯгоҳҳои барқи обиро Русия бисозад. Аммо талаботи аз ҳад беши Русия, ки табъан мехоҳад бахши умдаи соҳаи энержии Тоҷикистонро зери назар дошта бошад, муомилоти ҳардуро хароб кард ва фишори Русияро бар Тоҷикистон афзунтар намуд.

Як мақоми баландпояи давлатӣ дар заминаи блокадаи роҳи оҳан аз тарафи Узбакистон гуфт, “мо аз Узбакистон гила надорем, чун медонем, ки ин кишвари ҳамсоя роҳро бо фишори Русия бастааст.”

Коршиносон ва таҳлилгарони байналмилалӣ ва рус таҳдидҳои Ӯзбакистон ва Русия ба Тоҷикистонро таҳдид ба амнияти давлат ва мухторияти он намешуморанд. Пол Квин Ҷаҷ, раҳбари намояндагии Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, муҳимтарин омили таҳдидкунанда ба амнияти Тоҷикистон вазъи дохилии он ва сиёсатҳои номуваффақ ва номуассири ҳукумати он аст: «Сатҳи пасти инкишоф, сатҳи пасти зиндагӣ ва сиёсатҳои номуваффақи роҳбарияти Тоҷиктон дар рафъи онҳо афзоиши фасод, ки ба рушди иқтисод зарбаи шадид мезанад аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти ин кишвар ба шумор мераванд.»

ҲАМСОЯГӢ БО АФҒОНИСТОН

Бештари коршиносон ҳамсоягии Афғонистон бо Тоҷикистонро аз заъфҳои дигари амниятӣ унвон мекунанд. Юрий Биалин, коршиноси мустақил рус дар шаҳри Маскав мегӯяд, ки ба истиқлолияти Тоҷикистон таҳдид аз самти Афғонистон меояд. Зеро дар пайи хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ аз ин кишвар фаъолияти Толибон ва гурӯҳҳои дигари тундгаро бештар хоҳад ва ба назардошти онки ин гурӯҳҳо дар водии Фарғона созмонҳои пинҳонии худро доранд амният ва бесуботӣ на танҳо дар Тоҷикистон балки дар
Нуралишо Назаров

минтақа ба вуҷуд меояд: «Аз онҷо, ки водии Фарғона ҳеҷ вақт як минтақаи ором набудааст, баъд аз хуруҷи неруҳои ғарбӣ аз Афғонистон имкон дорад, аз нав комилан ноором шавад.»

Генерал Нуралишо Назаров, собиқ сардори Ситоди марказии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар шароити феълӣ хатари беруна ба истиқлолият ва мухторияти Тоҷикистон вуҷуд надорад. Он гурӯҳҳо ва дастаҳои ҷудогона, ки барои мисол баъди ба имзо расидани сулҳ ва ҳатто то ба соли гузашта даст ба силоҳу хунрезӣ заданд, тавони барҳам задани суботро надоранд. Зеро на дар дохил ва на дар хориҷ пуштибонӣ ва дастгирӣ пайдо карда наметавонанд. Аммо, мегӯяд генерал Назаров, баъзе аз таҳдидҳое чун афзоиши қочоқи маводи мухаддир, фасод ва нобаробарии иҷтимоӣ миёни табақаҳои ҷомеаро наметавон сарфи назар кард.

ИШТИБОҲҲО ВА НОТАВОНИҲОИ СИЁСӢ

Аммо бархе дигар аз коршиносон ва таҳлилгарон мегӯянд, ки тайи ин бист соли истиқлолият роҳбарияти кишвар дар роҳандозӣ ва ё пешбурди сиёсати давлати мустақил ба камбуд ва иштибоҳҳои фаровон роҳ дод ва ҳамоно таҳдид боқӣ мондани Русия ва Ӯзбакистон ба амният ва мухторияти Тоҷикистон пайомади ҳамин сиёсат аст.

Ин коршиносон мегӯянд, ки роҳбарияти давлат дар бештарин масоили усулии мавриди мубоҳиса бо ин кишварҳо натавонист ҳалли муносибиеро пайдо кунад.

Тақрибан ҳамаи ҳамсӯҳбатҳои мо бо таъкиди мавқеъи ҷуғрофии Тоҷикистон мегуфтанд, ҳеҷ як аз бозингарони минтақавӣ ва абарқудратҳое, ки дар Осиёи Марказӣ манофеъ доранд, намехоҳанд ин минтақаи ғанӣ аз газу нафтро ноором бубинанд, махсусан Русия. Зеро ҳамагуна ноамнӣ дар кӯтоҳмуддат ҷойгоҳи рақибони Русияро мустаҳкамтар мекунад ва дар дарозмуддат ба амнияти ин кишвар таҳдид ба бор меоварад.