Талош барои назорати Интернет. Тарс аз боди инқилобҳо?

Пешниҳоди тарҳи Оинномаи ахлоқии амнияти иттиллотӣ ба СММ аз сӯи Тоҷикистон, Чин, Узбакистон ва Русия вокунишҳоеро дар дохили ҷомеаи Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст.
Гурӯҳе аз соҳибназарони тоҷик мегӯянд, ҳадаф аз пешниҳоди ин лоиҳа назорат ва идораи интернет аз сӯи мақомдорони кишварҳоест, ки аз мухолифони худ хавф доранд.

ХИЛВАТШОҲИ МАҲМУД, сардабири Оҷонси иттилоотии "Озодагон" мегӯяд, ҳадаф аз ин иқдом таҳти назорат даровардани шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Ба назари ӯ, инқилобҳо дар кишварҳои арабӣ ва африқоӣ кишварҳои Осиёи Миёна ва Чину Русия дар ҷилавгирӣ аз имкони ин таҳаввулотро шитобзада кардааст.

Хилватшоҳи МАҲМУД
Вай афзуд: "Ин ки ин кишварҳо пешниҳод кардаанд, ки ин оиннома қабул ва назорати интернет ҷиддӣ шавад, фикр мекунам, аз шамоли инқилобҳои рангаи кишварҳои африқоӣ ва арабӣ тарсидаанд, то ин ҳаводис дар кишварҳояшон такрор нашавад. Аммо дигар пеши роҳи пешрафт ва иттилоотро гирифтан имкон надорад."

Ин дар ҳолест, ки МӮСО АСОЗОДА, раҳбари Анҷумуни васоити ахбори электронӣ мегӯяд, дар сурати қубул шудан имкон дорад, ин қонуни ахлоқӣ ба зиёни озодиҳои маданӣ ва матбуот анҷом шавад. Аз ин хотир мегӯяд ҷаноби Асозода, СММ бояд бо эҳтиёт дар ин масъала рафтор кунад ва қароре қабул кунад, ки ба зиёни ҷомеаи кишварҳои минтақа набошад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оё назорати шабакаи Интернет имконпазир аст?



Мӯсо АСОЗОДА (аз тарафи чап)
Мӯсо Асозода мегӯяд: "Созмони Милали Муттаҳид бояд кореро анҷом диҳад ва тавре дар ин бора тасмим бигирад, ки ба манфиати ҳамаи миллатҳо дар минтақа бошад. Ҳоло, ки чунин лоиҳаи оиннома ба СММ пешниҳод шудааст, ин созмони муқтадир бояд таҳлилу баррасии амиқ роҷеъ ба он анҷом диҳад. Аз имкон дур нест, ки бо қабули он маҳдудият ба вуҷуд биояд. Барои ҳамин бояд СММ таҳлили амиқ дар ин замина анҷом диҳад ва кореро кунад, ки ба манфиати мардумони ин кишварҳо бошад."

Аммо суоли дигар ин аст, ки дар сурати пазируфтани ин оиннома оё назорати шабакаи интернет як амри амалӣ хоҳад шуд? АСОМУДДИН АТОЕВ, мушовири Ассотсиатсияи дастарскунандагони интернет дар Тоҷикистон, мегӯяд, маҳдуд кардани интернет ва васоити нави фанноварӣ аз имкони кишварҳо берун аст. Ӯ мегӯяд, чӣ ин қонун қабул шавад ва ё не, кишварҳо қудрати контроли васоили иттилоотиро нахоҳанд дошт.

Асомуддин АТОЕВ
Ҷаноби Атоев ин иқдомро як талоши бенатиҷа медонад: "Солҳои 2003-2005 Созмони байнулмилалии телекоммуникатсионӣ ҳадаф дошт, ки идоракунии интернетро ба даст бигирад. Хушбахтона, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бадбахтона барои ин созмон ин корро карда натавонистанд. Барои кишварҳои кӯчаке назири Тоҷикистон роҳи беҳтар татбиқи ҳамин фанновариҳои иттилоотӣ дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ аст. Маҳдуд кардан роҳи ҳал нест, зеро аз маҳдуд кардан пеш аз ҳама ин давлатҳо бохт мекунанд. Он давлатҳои муқтадир бо ҳар роҳ боз ҳам барномаҳои худро пиёда месозанд. Ин навбат низ талоши зери назорат даровардани интернет натиҷа намедиҳад, зеро амалан он имкон надорад."

Ахиран сафирони Чин, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон унвонии дабири кулли СММ номаи муштарак фиристода, талаб кардаанд, ки лоиҳаи "Қонуни байналмилалии ахлоқӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ" дар 66-умин Маҷмаи Кулли СММ ба ҳайси санади расмӣ мавриди баҳс қарор гирад.

Бо ин ҳол, чунин як санаде дар саҳнаи байнулмилалӣ барои аввалин бор матраҳ мешавад. Муаллифон пешниҳод кардаанд, ки дар он ҳуқуқу вазифаҳои кишварҳо дар соҳаи кибернетӣ ташхис шуда, ҳамкорӣ дар муқовимат ба таҳдидҳои соҳаи иттилооту фазои кибернетӣ тавсеа хоҳад ёфт.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ гуфтааст, торнамоҳои иҷтимоӣ, назири Фейсбукро шадидан таҳти назорат мегирад, то беназмиҳои Мисру Тунис дар кишварҳои узви ин созмон такрор нашавад. Масъулони ин созмон гуфтаанд, ҳадаф аз ин тасмим маҳдуд кардани озодии баён ва ҷорӣ кардани сензура нест, балки талош барои ҷилавгирӣ аз беназмиҳост. Онҳо афзудаанд, дар ҳоли ҳозир болои ин масъала "коршиносони дараҷаи олӣ" кор мекунанд.

Ин ҳам адар ҳолест, ки мақомоти марбутаи Тоҷикистон, аз ҷумла масъулини Вазорати корҳои хориҷӣ, ки пешниҳоди мазкур тавассути намояндаи ин ниҳод дар СММ пуштибонӣ шудааст, аз ҳар гуна изҳори назар роҷеъ ба он худдорӣ намуданд. Ба ҳар ҳол, фурсати чандоне ҳам боқӣ намондааст, то дида шавад, ки Маҷмаи умумии СММ ба пешниҳоди чаҳор кишвари ҳамсояи ба худкомагӣ машҳурро хоҳад пазируфт ё на. Ва ё вокуниши кишварҳои аврупоӣ ва ғарбӣ дар марвиди он чӣ хоҳад буд?