Маҳбубияти “дуқӯша”-и Путин-Медведев дар миёни интихобкунандагони Русия дар ҳоли коҳиш аст.
Шанбеи гузашта мухлисони варзиш зуҳури Путинро дар ринги бокс ба боди масхара гирифтанд ва ҳам онҳо қироати изҳороти интихоботии ҳизби путинии “Русия воҳид”-ро дар майдони хокей хуш напазируфтанд.
Сарвазири Русия Владимир Путин баъд аз ғалабаи муштзани рус Федор Емеляненко ба ринг баромад ва хост, ин пирӯзиро ба ӯ тарбик кунад, вале мухлисон бо ҳуштаккашиҳо ва фарёди “буъ” суханронии ӯро пахш карданд.
Дар ҳоле ки расонаҳои ғарбӣ инро нишонаи норозигӣ ва нафрати мухлисон меноманд ва гуфта мешавад, дар миёни нидоҳо вожаи русии “уходи” – “бирав” низ садо додааст, бархе аз расонаҳои русӣ талош карданд, доду фарёди мухлисонро, баръакс баёнгари хурсандии онҳо аз муборакбодии сарвазир номиданд. Видеои ин воқеа дар шабакаи Ютюб (YouTube) баҳси тунди тарафдорон ва мухолифони Путинро ба миён овардааст.
http://www.youtube.com/embed/armHReCvlP4
Ҳавохоҳони Путин воқеаро баёнгари ҳаяҷони мардум аз зуҳури Путин хонданд, аммо аз сӯи дигар ин рӯйдодҳо замоне иттифоқ меафтад, ки маҳбубияти ҳам Путин ва ҳам Медведев дар ҷомеаи Русия рӯ ба коҳиш дорад.
Рӯзи 23-юми ноябр мебоист Паёми солонаи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев садо медод. Вале ғайриинтизор ин паём ба мӯҳлати дигар вогузор шуд. Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, “Гуфтугӯи мустақими Путин бо хабарнигорон ва мардум” акнун баъд аз интихоботи порлумонии 4-уми декабр баргузор шавад.
Раиси маркази “Таҳлили сиёсӣ” дар Маскав Михаил Тулский мегӯяд, аз ҳад зиёд дар телевизион нишон додани Путин ва Медведев сабаби асабонияти мардум шуда, маҳбубияти онҳо ва ҳам ҳизби “Русияи воҳид” дар ҳоли коҳиш буда, ҳамзамон хайрхоҳӣ ба мухолифони онҳо рӯ ба афзоиш ниҳодааст. “Шояд ба ҳамин сабаб Паёми президент ва Гуфтугӯи мустақимро ба таъхир гузоштанд,” – мегӯяд Тулский.
Раҳбари Маркази умумирусии омӯзиши афкори умум Валерий Федоров, ки одатан назари моил ба ҳукумат дорад, дар сӯҳбат бо нашрияи “Коммерсант” гуфтааст: “Фурӯафтии маҳбубият нест, аммо пастрафти он ҳаст. Як ташнагӣ ба чизи нав, ба симоҳои нав эҳсос мешавад.”
Маркази Федоров ҳанӯз арқоми тозаро нашр накардааст, аммо ӯ мегӯяд, маҳбубияти Путин ва Медведев дар ҷомеа на ба дараҷаи соли 2008 (60-70%) аст ва на ба дараҷаи соли 2010, яъне 50-60%.