Муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Ватан беморӣ меоранд

Коршиносон мегӯянд, шароити тоқатфарсо ва фарсояндаи кор дар Русия муҳоҷиронро гирифтори беморӣ мекунад. Баъзе корфармоёни рус ба онҳо бимаи тиббӣ намедиҳанд.
Дар ҷараёни гиру дорҳои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дар даҳаи дуввуми моҳи ноябр Геннадий Онишенко-раиси Маркази беҳдошти Русия ё “Роспотребнадзор” эълон кард, ки вақтҳои ахир дар миёни муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия бемориҳои СПИД ва сил зиёд ошкор шудаанд, ба ҳамин сабаб Русия масъалаи комилан мамнуъ эълон кардани истифода аз нируи кории шаҳрвандони Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Оқои Онишенко шаҳрвандони Тоҷикистонро манбаи сирояти чунин бемориҳо дар Русия эълон кард.

СОЗМОНИ ҶАҲОНИИ БЕҲДОШТ ЧӢ МЕГӮЯД?

Вале Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар ин бора омори комилан дигар дорад. Масалан, тибқи ин омор дар соли 2009 дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 0,2 дарсади аҳолӣ гирифтори ангезандаи бемории СПИД будаанд, дар ҳоле ки дар Русия ин нишондиҳанда 1% аст, яъне 4-5 баробар бештар аз тоҷикистон аз лиҳози дарсадӣ. Дар мавриди бемории сил низ суханони Онишенко ба воқеият дуруст намеояд. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, дар Русия аз ҳар 100 ҳазор нафар 89 нафар ба бемории сил гирифторанд, вале дар Тоҷикистон ин нишондиҳанда 82 нафарро ташкил медиҳад. Русия аз лиҳози бемории сил дар миёни кишварҳои Шӯравии собиқ ва Аврупо мақоми севвумро ишғол мекунад, яъне баъд аз Молдова ва Руминия Русия севвумин кишвари мубтало ба ин бемориҳост.

МУҲОҶИРОН ДАР РУСИЯ БЕМОР МЕШАВАНД

Аъзам Мирзоев-муовини аввали вазири тандурустӣ

Бо назардошти ин арқом ҳоло метавон ба хулосае расид, ки муҳоҷирони кории тоҷик аз Тоҷикистон ба Русия беморӣ намебаранд, балки аз Русия бо худ ба Тоҷикистон, ба ватани худ ва ба аҳли оилаи худ бемориҳоро меоранд. Аъзам Мирзоев-муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар миёни муҳоҷирони бозгашта муоинаи тиббӣ анҷом мегирад ва ташхиси тиббӣ нишон додааст, ки намунаҳои бо беморӣ баргаштани муҳоҷирон вуҷуд дорад:

“На яку ду, балки якчанд нафароне ҳастанд, ки баъди бозгашти онҳо мо дарёфт кардем, ки ба хусус ҷавонон, ҳам гифтори бемории сил ҳастанд ва ҳам гирифтори бемории ВИЧ СПИД. Ин тавр ҳолатҳо бисёр аст”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Садои ҳамватан



Ҳамаи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия шароити хуби корӣ надоранд. Корфармоён онҳоро беш аз меъёр дар шароити фарсояндаву душвор кор мефармоянд. Худи муҳоҷирон аз бими аз даст надодани ҷои кор аз корфармо шароити тиббӣ талаб намекунанд. Иқомати якҷояву гурӯҳии онҳо дар як ҷо хатари вазъи беҳдошии онҳоро пеш меорад. Абдулло Давлатов-пизишки тоҷики муқими Маскав ва раиси “Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия” мегӯяд, то охири солҳои 1990-ӯми қарни гузашта муҳоҷирон бо баъзе бемориҳои аз қабили вараҷа вориди Русия мешуданд, вале баъд аз соли 2000 ин бемориҳо аз байн рафтаанд.



Абдулло Давлатов

“Мо аниқ медонем, ки аз соли 2000 ба ин сӯ аз Тоҷикистон ба Русия ягон маризӣ намеоранд. Баракс, аз Русия ба Тоҷикистон мебаранд, ҳам бемории сил, ҳам бемориҳое, ки мавассути алоқаҳои ҷинсӣ мегузаранд, онҳо аз ин ҷо мебаранд, барои он ки муҳоҷирони корӣ гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ мекунанд ва дар ин ҷо гирифтори бемориҳо мешаванд, ба сабаи ин ки ҳам хидматрасонии тиббӣ надоранд ва ҳам суғуртаи тиббӣ надоранд. Масалан, дар Маскав хидматрасонии тиббӣ бисёр гарон аст. Дар чунин ҳолат муҳоҷирони кории мо ё худашон худро табобат мекунанд ё аслан табобат намегиранд. Бемориҳое аз қабили бемориҳои узвҳои нафаскашӣ, узвҳои таносулӣ ва ё шошадон. Маризиҳои сироятӣ камтаранд. Маризиҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки хатари иҷтимоӣ камтар доранд. Ин маризиҳо ҳастанд, на маризиҳое, ки Онишенко мегӯяд, мисли сил ё СПИД. Дар байни ҳамватанони мо касалиҳои равонӣ зиёд шуда истодаанд”.

“РОСПОТРЕБНАДЗОР” ПЕШНИҲОДҲОРО САРФИ НАЗАР МЕКУНАД

Оқои Давлатов мегӯяд, як соли пеш аз номи ҷамъияти тоҷикистониён ба “Роспотребнадзор” пешниҳод кардааст, ки дар Маскав муоинаи муҳоҷирони корӣ анҷом бигирад. Вале ин марказ ин пешниҳодро нодида гирифт.

“Як сол пеш мо бо хадамоти Онишенко дар Маскав вохӯрӣ доштем. Ба онҳо барномаеро пешниҳод кардем ва гуфтем, ки ба таври муштарак дар бозорҳо ё дар сохтмонҳо муҳоҷирони кориро муоина кунем, то рӯшан шавад, ки то чӣ андоза онҳо гирифтори бемориҳои сироятӣ ҳастанд. Хуб мегӯянд, вале коре намекунанд. Ҳисоботҳои дурӯғ медиҳанд, вале вақте, ки ягон бозии сиёсӣ рӯ зад, баъд мехезанду ба мардум тӯҳмат мекунанд”.

Чунин тӯҳматҳо ба оташи маъракаи гирудор ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик доман зад, он гуна, ки соли 2006 ҳазорон нафар муҳоҷирони гурҷӣ дар чунин маърака аз Русия ихроҷ шуданд.

ТАВАҶҶУҲИ СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ БА МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК



Бархӯрди Русия ба муҳоҷирони тоҷик таваҷҷуҳи Созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башарро низ ба худ ҷалб кард. Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар дар гузориши худ дар робита бо ин гирудор ва истирдодҳо навишт, ки “мақомоти Русия набояд интихобан намояндагони миллати алоҳидаеро барои ихроҷ боздошт кунанд ва ҳар гуна боздошту ихроҷи хориҷиён аз Русия бояд заминаи қонунӣ дошта бошад”. Дар ин гузориш омадааст, албатта ҳар ҳукумат ҳақ дорад, хориҷиёнеро, ки муқаррароти муҳоҷирати кориро нақз кардаанд, ба ватанашон баргардонад, вале ин кор бояд бо риояти мавозини байналмиллалии ҳуқуқи башар анҷом бигирад. Ҷейн Бюкенен-корманди аршади Human Rights Watch мегӯяд, интихобан боздошт кардан ва гурӯҳ-гурӯҳ рондани хориҷиён на танҳо ғайриқонунист, балки амалест, ки дар Русия бегонаситезӣ ва зӯргӯӣ бар зидди аҳолии ғайриславяниро доман мезанад.