Фарзанди раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мақоми президенти Федератсияи футбол Сӯҳроб Қосимовро иваз кард.
Вакилони конфронси ҳисоботиву интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 5 январ дар Душанбе баргузор шуд, якдилона Рустам Эмомалиро раҳбари ин федератсия интихоб карданд. Интихоби ӯ бидуни алтернатива ё рақиб сурат гирифт.
Рустам Эмомалӣ тӯли чаҳор соли оянда раҳбарии ин федератсияро бар ӯҳда хоҳад дошт. Валерий Турсунов ноиби аввал ва Азизбек Раҷабов ноиби президенти тозаинтихоби Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузида шуданд.
Бо пешниҳоди Рустам Эмомалӣ Сӯҳроб Қосимов "Президенти фахрии Федератсияи футболи Тоҷикистон" интихоб ва Фирдавс Файзуллоев дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон таъйин гардид. Раиси нави ФФТ дар ин ҷаласа муҳимтарин вазифаҳои чаҳор соли ояндаи худро низ пешниҳод кард.
Вакилони конфронс ҳамчунин ҳайати кумитаи иҷроияи ФФТ-ро дар ҳайати 11 нафар интихоб карданд. Ба ғайр аз президент ва ноибони ӯ, инчунин Шариф Назаров, Шоҳрух Саидов, Исроил Шарифов, Қоҳир Расулзода, Хуршед Мирзоев, Музаффар Исҳоқов, Фатҳулло Ҷалилов ва Барот Ҳамидов аъзои кумитаи иҷроия интихоб шуданд.
Сӯҳроб Қосимов аз фаъолияти ФФТ дар солҳои 2008-2011 ҳисобот дод. Вакилони конфронс фаъолияти ФФТ дар тӯли ин муддатро қаноатбахш арзёбӣ карданд. Ин дар ҳоле буд, ки вазъи футбол дар кишвар нигаронкунанда унвон мешавад ва аз ҷумла дастаи миллии Тоҷикистон дар сабқати интихобии бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ аз дастаҳои рақибаш шикаст хӯрда, 17 гол сар дод ва дар ҷавоб 1 гол ҳам назад. ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё солона ба Тоҷикистон барои рушди футбол зиёда аз 700 000 доллар кӯмак мекунанд, аммо боздеҳи ин сармоягузориҳо дида намешавад.
Дар бозии дастаҳои лигаҳои олӣ ва аввали Тоҷикистон низ мушкилоти зиёд мавҷуд буда, сатҳи ҳирфаии бозигарон, мураббиён ва доварон ҳадафи танқиди доимии нашрияҳо ва мутахассисони футбол қарор мегирад. Аз ин нигоҳ, бархе аз коршиносон хушбин нестанд, ки ба мақоми раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон расидани Рустам Эмомалӣ метавонад, ба зудӣ вазъро дар футболи тоҷик тағйир диҳад.
Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва ҳамзамон муовини президенти Кумитаи миллии олимпӣ зимни суханронияш нишон ва шаҳодатномаи унвони фахрии "Мураббии шоистаи Тоҷикистон"-ро ба Сӯҳроб Қосимов, раҳбари пешини ФФТ тақдим намуд.
Дар кори конфронси ҳисоботиву интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон Валерий Чухрий, намояндаи ФИФА (Созмони байнулмилалии футбол), ба ҳайси нозир ширкат дошт ва суханронӣ карда, ба раҳбари нави ФФТ барори кор хост.
Номзадии Рустам Эмомалии 24-сола ба мақоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта пешниҳод гардида буд. Вай дар мақоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сӯҳроб Қосимов, фармондеҳи пешини Фронти халқиро иваз кард, ки тақрибан даҳ сол инҷониб раҳбарии ин федератсияро бар ӯҳда дошт.
Сӯҳроб Қосимови 50-сола дар тӯли фаъолияташ дар Федератсияи футболи Тоҷикистон борҳо мавриди "ҳамла"-и нашрияҳо низ қарор гирифтааст.
Рустам Эмомалӣ писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад. Вай 19-уми декабри соли 1987 таваллуд шудааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси “Муносибатҳои байнулмилалии иқтисодӣ” хатм кардааст.
Ӯ, ки сарпарастии тими "Истиқлол"-и Душанберо бар дӯш дорад, моҳи ноябри соли 2010 ба Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳ ёфта ва ба мақоми муовини президенти ин федератсия ба кор оғоз намуда буд. Зимнан бархе аз мухлисони футбол гуфтаанд, дар мақоми нави худ Рустам Эмомалӣ бояд дигар рӯйи сарпарастӣ аз дастаи "Истиқлол" тамаркуз накунад ва ҳамаи дастаҳои футболи кишварро "ба як чашм" бинад ва ба рушди футбол дар саросари кишвар мусоидат намояд.
Рустам Эмомалӣ ҳамчунин дар Кумитаи гумруки Тоҷикистон раҳбари раёсати мубориза бо қочоқ аст ва ноиби раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон интихоб шудааст. Ӯ муддате вакили маҷлиси қонунгузори шаҳри Душанбе низ буд.
Рустам Эмомалӣ тӯли чаҳор соли оянда раҳбарии ин федератсияро бар ӯҳда хоҳад дошт. Валерий Турсунов ноиби аввал ва Азизбек Раҷабов ноиби президенти тозаинтихоби Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузида шуданд.
Бо пешниҳоди Рустам Эмомалӣ Сӯҳроб Қосимов "Президенти фахрии Федератсияи футболи Тоҷикистон" интихоб ва Фирдавс Файзуллоев дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон таъйин гардид. Раиси нави ФФТ дар ин ҷаласа муҳимтарин вазифаҳои чаҳор соли ояндаи худро низ пешниҳод кард.
Вакилони конфронс ҳамчунин ҳайати кумитаи иҷроияи ФФТ-ро дар ҳайати 11 нафар интихоб карданд. Ба ғайр аз президент ва ноибони ӯ, инчунин Шариф Назаров, Шоҳрух Саидов, Исроил Шарифов, Қоҳир Расулзода, Хуршед Мирзоев, Музаффар Исҳоқов, Фатҳулло Ҷалилов ва Барот Ҳамидов аъзои кумитаи иҷроия интихоб шуданд.
Сӯҳроб Қосимов аз фаъолияти ФФТ дар солҳои 2008-2011 ҳисобот дод. Вакилони конфронс фаъолияти ФФТ дар тӯли ин муддатро қаноатбахш арзёбӣ карданд. Ин дар ҳоле буд, ки вазъи футбол дар кишвар нигаронкунанда унвон мешавад ва аз ҷумла дастаи миллии Тоҷикистон дар сабқати интихобии бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ аз дастаҳои рақибаш шикаст хӯрда, 17 гол сар дод ва дар ҷавоб 1 гол ҳам назад. ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё солона ба Тоҷикистон барои рушди футбол зиёда аз 700 000 доллар кӯмак мекунанд, аммо боздеҳи ин сармоягузориҳо дида намешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад