Эрон "ҷосус"-ро ба қатл маҳкум кард

Амир Мирзои Ҳикматӣ, амрикоии эронитабор, ки маҳкум ба эъдом шудааст.

Додгоҳи Эрон Амир Мирзо Ҳикматӣ, амрикоии эронитабореро, ки ба ҷосусӣ муттаҳам шуда буд, ба қатл маҳкум намуд.
Ба навиштаи хабаргузории ИСНА, Додситони кулли Эрон Ғуломҳусейн Муҳсинӣ-Эҷеӣ ҳукми додгоҳро бо ҳамкории Ҳикматӣ бо кишвари душман - Амрико ва ҷосусӣ барои СРУ ё Хадамоти маркази кашф бастагӣ додаст. Ҷаноби Муҳсинӣ-Эҷеӣ гуфтааст, Ҳикматӣ барои талаби бознигарии ҳукм аз сӯи Додгоҳи олии Эрон 20 рӯз вақт дорад.

Амир Мирзо Ҳикматӣ, ки шаҳрвандии ҳам Эрон ва ҳам Амрикоро дорад, дар муҳориба ё ҷанг алайҳи Худованд низ муттаҳам шудаааст.

Мақомоти Амрико дар талоши пайдо кардани ҳама ҷузъиёти парвандаи Ҳикматиянд. Виктория Нуланд, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, Вашингтон ин ҳукмро қатъӣ маҳкум мекунад. Ба гуфтаи ӯ, “мақомоти Амрико иттиҳомро тақаллубӣ мехонанд ва мо аз ҳукумати Эрон хостори раҳоии фаврии Ҳикматӣ шудаем.”

Виктория Нуланд

​Вазорати кашфи Эрон Ҳикматиро дар он айбдор мекунад, ки қабл аз сафар ба Теҳрон дар пойгоҳҳои низомии амрикоӣ дар Афғонистону Ироқ аз сӯи мутахассисони СРУ тамрин дидааст. Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, Ҳикматӣ робитаи худ бо Хадамоти марказии кашфи Амрикоро иқрор карда ва аммо гуфтааст, ӯ ҳадафи тахрибкорӣ дар Эронро надошт.

Моҳи декабри соли гузашта телевизиони давлатии Эрон наворҳоеро пахш кард, ки дар онҳо Ҳикматӣ дар бораи тамринаш дар пойгоҳҳои амрикоӣ ва дар бораи аз сӯи Хадамоти марказии кашфи Амрико барои ҷосусӣ дар вазорати кашфи Эрон фиристода шуданаш ҳарф мезад.

Алан Эйр, корманди вазорати умури хориҷии Амрико, дар сӯҳбат бо Радиои Фардо гуфт, режими Теҳрон дар водор сохтани боздоштшудагон барои эътирофи иҷборӣ ва ҳамчунин ба додгоҳ кашидани амрикоиҳои бегуноҳ собиқаи тӯлонӣ дорад.

Пайвандони Ҳикматӣ, ки дар Амрико ба сар мебаранд, низ мегӯянд, Амир Мирзо ҷосус нест ва ӯро барои эътирофи гуноҳ маҷбур сохтаанд. Ба гуфтаи онҳо, Ҳикматӣ, сарбози собиқи нерӯҳои пиёдагарди ИМА, дар Афғонистону Ироқ тарҷумони нерӯҳои амрикоӣ буд ва чаҳор моҳ пеш дар ҳоле дар Теҳрон боздошт шуд, ки мехост ба аёдати модарбузургаш равад. Муҳаммад Мустафоӣ, вакили дифои эронии муқими Норвегия, мегӯяд, одатан додгоҳҳои Эрон афродеро, ки дар муҳориба айбдор мешаванд, ба марг маҳкум мекунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳикматӣ-амрикоии эронитабор ба эъдом маҳкум шуд


Амир Мирзо Ҳикматӣ дар иёлати Аризонаи Амрико ба дунё омада, мактаби миёнаро дар Мичиган хатм кардааст. Падари ӯ Алӣ Ҳикматӣ, устоди коллеҷи шаҳри Кремнеи Мичиган мегӯяд, баъд аз ҳабси писараш дар моҳи сентябри соли гузашта ӯ бо вазорати умури хориҷии Амрико дар тамос шуд. Ба иттилои вазорати умури хориҷӣ, Эрон ба дипломатҳо аз Швейсария, ки аз манофеи Амрико намояндагӣ мекунанд, барои мулоқот бо Ҳикматӣ иҷоза надодааст.

Эълони ҳукми қатли Ҳикматӣ дар ҳоле пахш шуд, ки баҳс миёни Эрону Ғарб дар робита ба барномаи ҳастаии Теҳрон ҳарчӣ бештар доғ мешавад ва Амрикову ҳампаймонҳояш таҳримҳо болои Эронро ташдид мебахшанд.

Ахиран Созмони Amnesty International ё Афви байнулмилал бо пахши як изҳорот аз мақомоти Эрон хост, ки вобаста ба вазъи феълӣ ҳукми эъдоми Ҳикматиро бекор кунанд. Рӯзи якшанбе вазири кашфи Эрон гуфта буд, ки бо гумони ҷосусӣ ба нафъи Амрико ва талоши тахриби интихоботи порлумонии рӯзи 2 март афроди зиёде боздошт шудаанд.