Ғолибони мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ва беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2011-ум бо ҷоизаҳои Федератсияи футбол мукофотонида шуданд.
Нахуст Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бораи натоиҷи мусобиқоти порсолаи қаҳрамонии кишвар миёни дастаҳои лигаи олӣ гузориш дод ва футболбозону мураббиён, раҳбарону сарпарастон ва мухлисони дастаҳоро бо пирӯзиашон табрик гуфт.
Ӯ, инчунин, таъкид кард, ки бо вуҷуди баъзе пешравиҳо дар баргузории мусобиқоти соли гузашта камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доштанд. Рустами Эмомалӣ гуфт, "яке аз ин камбудиҳо рафтори дағалонаи ғайриварзишии футболбозон ва роҳбарони алоҳидаи баъзе клубҳо мебошад. Суханҳои қабеҳ, дашному ҷанҷолу рафторҳои ношоиста он тараф истад, ҳатто занозании гурӯҳии байниҳамдигарии футболбозон ва аз ҷониби роҳбарону футболбозони баъзе дастаҳо лату кӯб кардани доварон низ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин фурсати муносиб истифода карда, таъкид менамоям, ки имсол нисбати тамоми роҳбарону футболбозоне, ки қасдану дағалона низомнома ва қоидаҳои бозии футболро вайрон мекунанд, чораҳои қатъӣ андешида мешаванд."
Дар маросими мукофотсупорӣ ба дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон дар соли 2011-ум, ҷому ифтихорнома, ба роҳбарону мураббиён ва футболбозони даста медалҳои тиллои мусобиқоти XX қаҳрамонии футболи кишвар супурда шуд.
Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода барои ҷойи дувум бо ҷому ифтихорнома, роҳбарону мураббиён ва футболбозони даста бо медалҳои нуқраи мусобиқот сарфароз гаштанд.
Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб барои ҷойи севум бо ҷому ифтихорнома ва роҳбарону мураббиён ва футболбозони даста бо медалҳои биринҷии мусобиқот қадрдонӣ шуданд.
Баъдан ба беҳтаринҳои соли 2011-ум ҷоизаҳои ФФТ супурда шуданд:
Хуршед Маҳмудов, нимҳимоятгари дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва капитани тими мунтахаби миллии Тоҷикистон, бо ду ҷоиза - “Беҳтарин футболбози сол” ва “Беҳтарин нимҳимоятгари сол” сарфароз гашт.
Алишер Тӯйчиев, дарвозабони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими мунтахаби миллии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи «Беҳтарин дарвозабони сол» гардид.
Маъруф Рустамов, узви дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, бо ҷоизаи “Беҳтарин ҳимоятгари сол” мукофотонида шуд. Ӯ, ки ҳамзамон сармураббии дастаи Равшан» аст, бо ҷоизаи «Беҳтарин мураббии сол» сарфароз гардид.
Юсуф Рабиев, ҳамлагари дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, ки бо 32 гол беҳтарин нишонзани мусобиқоти порсола мебошад, инчунин, бо ҷоизаи «Беҳтарин ҳамлагари сол» мукофотонида шуд.
Ба Раҳмон Муртазоеви душанбегӣ ҷоизаи “Беҳтарин довари сол” ва ба Одил Каримов, аз бошгоҳи футболи "Энергетик"-и Душанбе, ҷоизаи “Беҳтарин мураббии бачагонаи соли 2011-ум” тақдим шуданд.
Сулаймон Бобокалонов, сармураббии бошгоҳи футболи “Ласточка” ("Парасту")-и Душанбе ва дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон, соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин мураббии футболи занона” гардид.
Мадина Фозилова, узви дастаи "Ласточка"-и Душанбе ҷоизаи “Беҳтарин футболбоззани сол”-ро гирифт.
Федератсияи футболи Тоҷикистон, инчунин, беҳтаринҳоро дар риштаи футзал бо ҷоизаҳо сарфароз гардонд:
Шерзод Ҷумъаев, узви дастаи "Вавилон"-и Душанбе соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин бозигари футзал” ва Дамир Камолиддинови душанбегӣ барандаи ҷоизаи “Беҳтарин мураббии футзал дар соли 2011-ум” шуданд.
Ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба ғолибон ва беҳтаринҳои мавсими соли гузашта Рустами Эмомалӣ, раиси ФФТ, Валерий Турсунов, ноиби аввали раиси ФФТ, Фирдавс Файзуллоев, дабири кулли ФФТ ва Музаффар Исҳоқов, мудири кулли ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр", узви кумитаи иҷроияи ФФТ, тақдим намуданд.