Фаровардаҳои ширкати "Чакан" дар ҷашнвораи Ҳинд

Акс аз бойгонӣ

Раҳбари ширкати «Чакан»-и Кӯлоб аз сафари Ҳинд баргашт. Зариф Валиев мегӯяд, дар ҷашнвораи байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ тавлидоти ширкати худро ба маърази тамошо ва фурӯш гузоштааст. «Чакан» соли 2005 дар пешорӯи ҷашни 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб таъсис ёфта, ба дӯхтани куртаву тоқӣ ва рӯймоли чакан, кокулҳо ва дигар анвоъи сӯзанӣ машғул аст.