Шӯрои сиёсии ҲУСДТ дар ҷаласаи ахири худ вазъияти сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.
Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт, Шӯрои сиёсии ин ҳизб ба хулосае расидааст, ки вазъияти сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон комилан ғайри қаноатбахш мебошад.
ҲУСДТ дар пеш омадани вазъияти ғайри қаноатбахши ҷорӣ дар кишвар ҳукумати Тоҷикистонро муқассир унвон кардааст.
Масъалаи дигари мавриди баррасӣ дар ҷаласаи рӯзи якшанбеи ҲУСДТ, нашри протоколи 32-20 аз ҷаласаи назди президенти Тоҷикистон будааст. ҲУСДТ Тоҷикистон аз мавҷудияти чунин санадҳое изҳори нигаронии амиқ карда ва хостори тавзеҳи ҳукумат дар ин замина шудааст.
Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҲУСДТ мегӯяд, "ин масъаларо на Додситонии кулл бояд муқаррар кунад, балки бевосита худи ҳукумат бояд шарҳ диҳад. Зеро ин ҷо гуфта шудааст, ҷаласа дар зуҳури президент доир шуд, ин одамон ширкат намуданд ва рақаму таърихи рӯз дорад ин санад. Боз санади дигаре аст, бо имзои вазири дохилӣ, ки он ҳам рақам ва таърих дорад. Агар дар воқеъ бо чунин рақамҳо санаде дар ҳукумат мавҷуд бошад, бояд шаффоф шавад. Зеро барои пешрафти сиёсӣ ин зиён ва халали ҷиддӣ мерасонад."
Дар ҷаласаи ҲУСДТ инчунин масъалаи омодагӣ ба интихоботи президенти Тоҷикистон дар соли 2013 низ баррасӣ шудааст. ҲУСДТ барои баргузории интихоботи шаффоф ва демократӣ ислоҳоти қонунгузориро зарур мешуморад. Қарор ва баёнияи ҲСДТ дар мавриди масъалаҳои мазкур қарор аст, ба зудӣ содир шавад.
Аз ин қабл вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломӣ низ аз Додситони кул талаб карда буданд, ки ба таҳқиқи асноди мунташира дар торнамои "Звезда.ру" пардозад.
Ҳудуди ду ҳафта қабл торнамои "Звезда.ру"-и Русия дар матлабе таҳти унвони "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб" навишта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ ва ширкатдорони гирдиҳамоиҳои солҳои 90-ум барномаеро рӯи даст гирифтааст.
Мақомот ин матлабро бӯҳтон номиданд. Рӯзи 7-уми март вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов изҳор намуд, ки Додистонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи ин матлаби "Звезда.ру"-ро шурӯъ кардааст.