Ширкати "Помир энержӣ" ба Афғонистон нерӯи барқ интиқол хоҳад дод.
Бунгоҳи Рушди Байнулмилалии ИМА (USAID) якҷо бо Бунёди Оғохон ва дар ҳамкории фаъол бо ширкати "Помир энержӣ" созишномаеро ба имзо расонданд, ки интиқоли нерӯи барқро аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар назар дорад. Барои ин USAID бар замми 140 000 доллари ихтисосдодаи Бунёди Оғохон 785 000 доллар сармоягузорӣ мекунад, то шабакаи барқи "Помир энержӣ" ба Афғонистон густариш ёбад. Иҷрои тарҳи мазкур кӯмак мекунад, ки аҳолии ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон аз нерӯи барқ таъмин гардад.
Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон хабар додааст, ки ин қарордод рӯзи 28-уми март ба имзо расида, вале ҳоло дар рӯзи сафари Шоҳзода Оғохон ба Тоҷикистон нашр шудааст. Гуфта мешавад, бунёди шабакаи мазкур дар давоми 15 моҳ ба итмом хоҳад расид. Интизор меравад, кашида шудани хатти интиқоли барқ ба деҳоти Афғонистон ба рушди фаъолиятҳои иқтисодӣ ва таъсиси корхонаҳои хурд дар ин бахш аз Афғонистон мусоадат хоҳад кард.
Дар шаҳри созишномаи нав сафир Кенет Гросс гуфт: "Тарҳи мазкур зиндагии мардуми маҳаллиро беҳбуд хоҳад бахшид, зеро бори аввал ба сокинони он ба нерӯи барқ дастрасии доимӣ ва осон пайдо хоҳанд кард ва онро барои рӯшан кардани манзили худ ва пухтани таом ва дигар заруратҳои инсонӣ истифода хоҳанд бурд. Дастрасӣ ба нерӯит барқ ба мардуми афғон имкон хоҳад дод, корхонаҳои хурд таъсис ва ширкатҳои мавҷударо густариш дода, даромади худро бештар хоҳанд кард. Дар таркиби сармоягузориҳои дигар ба сохтмони пулу бозору роҳҳо, он ба рушди тиҷорат ва иқтисод муосадат хоҳад кард ва ҳимояти ҳукумати ИМА-ро аз рушди ҳамкориҳои минтақаӣ, густариши онҳо ва ҳамоиши иқтисодӣ ба суди мардуми минтақа нишон хоҳад дод."
Барномаи Самарбахшии Минтақаии Энержӣ, Амният ва Тиҷорат (RESET)-и Бунгоҳи Рушди Байнулмилалии ИМА яке аз тарҳҳои зиёди рушд аст, ки бо сармояҳои Иёлоти Муттаҳида татбиқ мешавад. Аз сроли 1992 ба ин сӯ Сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои ёрӣ ба рушди ниҳодҳои демократӣ, низоми маориф, тандурустӣ ва иқтисодиёти Тоҷикистон наздик ба 984 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.