Ҷавонони силоҳбадаст ва “далер”-и тоҷик дар Интернет

Туфанг дар даст, ё автомат дар китф бо қиёфаи мағруре истодаанд ва тавре ба сӯи Шумо нигоҳ мекунанд, ки метарсед.
Ё ин ки бадхашмона касеро нишон гирифтаанд ва ё ба сари касе таппончаро гузоштаанду таҳдиди куштан мекунанд.

На ин саҳнаи ҷанге нест, балки аксҳои бачаҳои тоҷик аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд, бахусус дар "Мой Мир", "В Контакте" ва "Одноклассники". Ҳарчанд чунин худнамоӣ танҳо хоси бачаҳои тоҷик нест, аммо дар Тоҷикистон, ки ҷанги харобиовареро шоҳид шудааст, ин худнамоиҳо мояи нигаронӣ шудаанд.

Дар баҳсе, ки доир ба акс гирифтани бачаҳо бо яроқ дар маҳфилҳои Фейсбуки тоҷикӣ ба роҳ андохтем, аввалин посух аз Радик Набиуллин буд, ки навишт, “бачаҳои диловар”-и мо мехоҳанд, ба чеченҳои “нотарс” монанд бошанд, ки чунин аксҳо зиёд доранд. Ба гуфтаи Радик Набиуллин, “баъзеҳо фикр мекунанд, мардум аз чеченҳо метарсанд ва агар мисли чеченҳо бошӣ, касе ба ту даст намерасонад.”

Умеди Ҷайҳонӣ

Умеди Ҷайҳонӣ, таҳлилгари тоҷики муқими Маскав низ решаи ин зуҳуротро дар тақлиди ҷавонони тоҷик ба қафқозиҳо дар Русия мебинад: “Дар Русия номи тоҷик бисёр бад шудааст ва ҳар касе ҷуръат намекунад, ки худро тоҷик биномад. Ин воқеияти бисёр талх аст, вале онро бояд пазируфт. Аз ин ҷост, ки ҷавонони мо кӯшиш мекунанд, худро як навъи дигар ба дигарон муаррифӣ кунанд, яъне мо ҳам мисли қафқозиҳо ҷону ҷигаре дорем.”

Дар воқеъ, агар бингарем, он ҷавонони “мусаллаҳу диловар” дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз 18 то 22 сол доранд ва ҷойи иқомати худро Русия навиштаанд. Аммо ин ҷавонони “диловару шуҷоъ” аз сӯҳбат бо хабарнигор тарсиданд, ки ҳеҷ посухе ба номаҳои мо надоданд. Якеаш фақат навишт, ки “хайр, як ҳамитарӣ сурат гирифтем-да.” Дигаре навишт, ки аз ин роҳ мехоҳад, нишон диҳад, ки “далеру нотарс аст ва омода аст, барои расидан ба мақсад ё ҳимоят аз хеш “душманашро” бикушад.

Аммо на ҳамаи мусоҳибони мо дар Фейсбук ин рафтори ҷавонони тоҷикро ҷиддӣ мегиранд. Яке мегӯяд, ин худнамоиҳои интернетии ҷавонони тоҷик бо силоҳ, аз рӯи ҳавову ҳавас ва ифроту тафрити давраи навҷавонист, ки бо гузашти муддате аз байн меравад. Мирзо Фарозов, яке дигар аз дӯстон дар Фейсбук навишт, ин одати насли нав аст, ки мувофиқ ба тамоюлҳои фарҳангиву иҷтимоии давр, ба касе ба мисли ҳунармандон ё гурӯҳе тақлид мекунанд ва бо гузашти замон тағйир меёбанд ва ба ёд меоранд, ки “нодониҳое” кардаанд.

Завқибек Солеҳов, хабарнигори тоҷик ҳам мегӯяд, "ин аз як “понт” (худнамоӣ)-е беш нест. Онҳое, ки дар даст яроқ акс гирифтаанд, чеҳраашон намоён нест, ё пушти худро нишон додаанд, чеҳраи аксарияти онҳоро намебинед. Агар он шахс мехоҳад зӯрии худро нишон бидиҳад, бояд чеҳраашро нишон диҳад, ки дигарон донанд, ки ӯ зӯр аст. Масалан, дар пушташ Тоҷикистон навишта шудааст ва ё дар даст силоҳ пушташро гардондааст, ки ин нишонаи зӯрии ӯ нест, балки нишонаи тарс аст, ки метарсад, чеҳраашро нишон бидиҳад."

Ба гуфтаи Завқибек Солеҳов, як сабаби дигари ин зуҳурот бешак филмҳоест, ки дар Тоҷикистон намоиш дода мешавад ва қаҳрамонҳои онҳо, албатта, бо силоҳ қаҳрамонанду душманҳоро нобуд мекунанд. Завқибек танҳо нест, ба ин назар дигарон ҳам мувофиқанд, аз ҷумла Манижа Ҳаитова, мудири Маркази саломати рӯҳӣ ва Вич-СПИД, ки гуфт, “расм шудан”-и худнамоиҳои ҷавонон бо силоҳро бояд ҷиддӣ гирифт: “Вақте инсон силоҳи сард ва ё оташфишонро нишон медиҳад ва силоҳ бахши кору шуғли ӯ нест, пас, инҷо хушунати пинҳоне дар зеҳни ӯ ҳаст. Ҷавонон дар муҳити номуносиби иҷтимоӣ ва муҳити номуносиб бузург мешаванд, аз таҳсилу тафреҳ дур мондаанд. Филмҳо бо мӯҳтавои зӯроварӣ зиёд аст, дар интернет ҳам наворҳои зӯроварӣ бо истифода аз яроқ бисёр аст ва дар зеҳни ҷавонон фикри зулм ба нафари дигар ва истифодаи силоҳ ба зидди каси дигар пайдо мешавад."

Дар зимн, Умедҷон Маҷидӣ дар Фейсбук навиштааст, моҷароҳо баёни навҷавонони тоҷик барои нуфуз дар мактабҳо бештар шудааст ва теғ задан, ки то чанд соли пеш набуд, баргаштааст. Агарчӣ мақомоти расмӣ, доир ба афзоиши ҷиноят дар миёни ҷавонону ноболиғон мегӯянд, аммо маълум нест, дар миёни он ҷавонҳо "чунин далерони силоҳбадасти интернетӣ" ҳастанд, ё на? Аз ин рӯ, мегӯянд, мусоҳибони мо ба худнамоиҳои ҷавонони тоҷик бо силоҳ дар Тоҷикистон набояд чашм пӯшид. Кишваре, ки мардуми дар ҷанги панҷсола ҷафокашидааш, бештар аз ҳар чизи дигар, аз силоҳу хунрезӣ метарсад.

Аз тамоми дӯстони дигар дар Фейсбук, ба мисли Рустам Сафаров, Парвиз Диноршоев, Диловар Ашӯров, Шоҳини Самад, Роман Кожевников, Фазлиддин Насриддинов, Лидия Исамова, Абдулфаттоҳ Шафиев ва дӯстони ошнову ноошнои дигар, ки дар таҳияи ин гузориш кӯмак карданд, сипосгузорем.