Сергей Лавров дар гуфтушуниди худ дар Душанбе ба мавзӯи пойгоҳи 201 ва бӯҳрони Тоҷикистону Узбакистон таъкид кард.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, пас аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, Тоҷикистон ба ҳузури низомии Русия ҳавасманд аст ва музокирот бар сари тамдиди муҳлати будубоши дивизияи 201-ум дар қаламрави Тоҷикистон ҷараён дорад.
Ӯ афзуд, "ин пойгоҳи низомӣ амнияти умумии кишварҳои минтақаро дар доираи фаъолияти СПАД (ОДКБ) таъмин мекунад. Имрӯз ҳавасмандии худро президенти Тоҷикистон дар масъалаи ҳузури ин пойгоҳ ва дигар объектҳои Русия дар ин кишвар баён кард."
Моҳи сентябри соли гузашта президенти Русия, Дмитрий Медведев, изҳори умедворӣ карда буд, ки қарордод барои тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон барои 49 соли дигар дар семоҳаи аввали соли 2012-ум омода ва барои имзо пешниҳод карда хоҳад шуд. Вале тавре аз манобеи Душанбеву Маскав хабар мерасад, ҳарду ҷониб бо шартҳои мушаххасе ба гуфтушунид ворид шудаанд ва аммо ба ҳам наздик овардани мавқеъҳо ба осонӣ даст намедиҳад.
Таҳлилгари масоили минтақаи Осиёи Марказӣ Аракадий Дубнов, ки дар ҳайати русӣ ба Душанбе омадааст, гуфт, масъалаи пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ба мавзӯи доғе табдил шудааст.
"Вақте президентҳои ҳарду кишвар дар Душанбе дар соли гузашта ваъда дода буданд, ки дар семоҳаи аввали соли равон ин санад омода хоҳад шуд, дар як мақолаи худ изҳори шубҳа карда будам. Гуфта будам, бовар надорам, дар ин муддат ин санад омода шавад. Бо таассуф ё барои баъзеҳо хушбахтона ҳанӯз ин санад омода нашудааст. Бо шароите, ки Тоҷикистон пешниҳод дорад, ҳанӯз роҳи созиш ба даст наомадааст",-илова кард ӯ.
Зимнан, дар ҳафтаи гузашта дар маросими ифтитоҳи намояндагии як донишгоҳи Русия мавсум ба “МИСиС”-и Маскав дар Душанбе Эмомалӣ Раҳмон аз Русия даъват кард, дар ивази эҳтироме, ки Душанбе ба манофеи Маскав қоил аст, Русия ҳамин гуна ба манфиатҳои Тоҷикистон бояд арҷ гузорад. Президенти Тоҷикистон таъкид кард, ин корро Тоҷикистон ба хотири он намекунад, ки ба касе писанд ояд. Вай зикр кард, ба пуштибонии сиёсии ин ё он кишвар эҳтиёҷ надорад.
Тақрибан баъд аз як ҳафтаи ин изҳорот Сергей Лавров ба Тоҷикистон омад. Аммо ҳамчунон ҷонибҳо дар масъалаи тамдиди пойгоҳи низомии Русия ба натиҷае даст наёфтаанд. Суоли дигаре, ки дар нишасти матбуотии Сергей Лавров матраҳ гардид, бӯҳрони миёни Душанбеву Тошканд буд, ки солҳо боз идома дорад. Дар ин баҳс Маскав зоҳиран мавқеи бетарафона дорад, аммо доираҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, дар масъалаи мавқеъгирии Тошканд алайҳи Душанбе Маскав аз аввалӣ пуштибонӣ мекунад.
Аммо Сергей Лавров мегӯяд, "Русия наметавонад ҳамчун кишвари ҳамшарики стратегӣ ва чун ҳамсояи наздик мавқеи бетарафона ба ин масъала дошта бошад. Аз ин рӯ, ягона роҳе, ки метавонад ҳамаи масъалаҳоро бартараф кунад, музокира мебошад. Алъон робитаҳое барои оғози музокира гирифта шудааст, вале ҳанӯз кифоякунанда нестанд. Чуноне медонам ва дар инҷо ба ман гуфтанд, ҳанӯз ду ҷониб дар ҳалли масъалаҳои муҳим ба марҳилае, ки музокира оғоз карда шавад, нарасидаанд. Аз ин рӯ, аз ҳамаи кишварҳое, ки бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамкории стратегӣ доранд, аз ҷумла бо Тоҷикистону Узбакистон тақозо мекунам, барои оғози музокираи созандаи миёни ин ду кишвар мусоидат кунанд."
Пас аз бӯҳрони Душанбеву Тошканд ва сард шудани муносибати Тоҷикистону Русия ин нахустин сафари вазири хориҷии Русия ба Душанбе мебошад. Тавре ба назар мерасид дар ҷараёни имзои санадҳои дуҷониба оид ба масъалаи дипломатӣ ва иқтисодӣ, Сергей Лавров ишора накард, ки Русия дар масъалаи будубоши муҳоҷирони кории тоҷик ва ё кам кардани боҷи гумрукӣ дар мавриди содироти нафти ин кишвар ба Тоҷикистонро бозбинӣ хоҳад кард ва ё на.
Ӯ афзуд, "ин пойгоҳи низомӣ амнияти умумии кишварҳои минтақаро дар доираи фаъолияти СПАД (ОДКБ) таъмин мекунад. Имрӯз ҳавасмандии худро президенти Тоҷикистон дар масъалаи ҳузури ин пойгоҳ ва дигар объектҳои Русия дар ин кишвар баён кард."
Моҳи сентябри соли гузашта президенти Русия, Дмитрий Медведев, изҳори умедворӣ карда буд, ки қарордод барои тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон барои 49 соли дигар дар семоҳаи аввали соли 2012-ум омода ва барои имзо пешниҳод карда хоҳад шуд. Вале тавре аз манобеи Душанбеву Маскав хабар мерасад, ҳарду ҷониб бо шартҳои мушаххасе ба гуфтушунид ворид шудаанд ва аммо ба ҳам наздик овардани мавқеъҳо ба осонӣ даст намедиҳад.
Таҳлилгари масоили минтақаи Осиёи Марказӣ Аракадий Дубнов, ки дар ҳайати русӣ ба Душанбе омадааст, гуфт, масъалаи пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ба мавзӯи доғе табдил шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад