Алло, ассалому алайкум, шумо хуб ҳастед, бачу кач, хешу табор ҳама хубанд? Мебахшед, раиси ҳизбатон ҳаст? Кӣ мепурсад? Ман, Маъруфуф, муовини раиси Ҳизби интеллегентҳои родмарду сарсупурда. Ҳа мухтасар, ҲИРС. Чӣ кор доштам? Хайр, раисатон қатӣ пайваст кунед, худам гап мезанам, духтари зебо?... Ҳе, шумо муовини раиси ҳизбед, мебахшед, гумон кардам, ки котибаед...
Не, овозатон... овозатон форамай! Кӣ гуфт, ки овози занонай, не, овозтон созай!
Ҳе,ба ёдум омаде, шуморо ним сол пеш таъин, э, мебахшен, интихоб карда будан-а? Номатона лекин фаромӯш кардам... Хуб, Машҳурҷон... Машҳурҷон Шӯҳратӣ... Хело хуб...
Ин хел бошад, бародар, пӯсткандаи гап!.. Мо як изҳорот тайёр кардаем, як
изҳороти сахти зидди ҳукумат, мехоҳем, ки агар раиси шумо зид набошад, ӯ ҳам имзояш кунад... Илтимос, Машҳурҷон баландтар гап занед! Чӣ, наметавонед? Раисатон хобай? О, соати сеи рӯз аст-ку! Ҳа, ай зиёфат баргаштанд, хобашон бурдааст? Аз кадом зиёфат, аз зиёфати ҳукуматӣ?... О ҳизби шумо ҳам ҳизби мо воре ҳизби оппозитсия-ку, раисатона чӣ хел ба зиёфати ҳукуматӣ даъват карданд? Не, моро даъват накарданд, ба фикрам, аз мо метарсанд! Ҳа, дуруст аз шумо ҳам метарсанд, ки раисатона ба зиёфат даъват карданд!
Изҳороти мо? Изҳороти мо муқобили қарори ҳукумат барои ду фойиз боло бурдани маоши кормандони боғчаҳо. Не, мо муқобил нестем, лекин мо пешниҳод кардаем, ки маоши кормандони боғчаҳоро ҳукумат ду фойиз не, балки бояд дуву аз даҳ се фойиз зиёд кунад... Чӣ, раисатон имзо намекунад? Чува? Ҳа, бояд аъзои раёсата ҷамъ кунед, барои ин камаш як ҳафта даркор... Мо ҳам аъзои раёсата қариб даҳ рӯз кофтем, базӯр се-чорташа пайдо кардем...Боз чӣ...шумо дар бораи қарори ҳукумат пешниҳоди дигар доред? Чӣ хел пешниҳод? Маоши кормандони боғчаҳо дуву аз даҳ се фойз неву якбора се фойиз зиёд карда шавад? Ҳа, смело! Ҳм, ман, рости гап намедонам, ин пешниҳодтона ба раисамон мерасонам, лекин мо ҳам маҷбурем, барои ин пешниҳоди шуморо ба изҳорот дохил кардан боз раёсата даъват кунем... Ҳа, Машҳураҷон, э, Машҳурҷон, гапатон дуруст, беҳтараш Шӯҳратӣ... барои ин боз ягон даҳ рӯзи дигар даркор мешавад-да... Ҳа! Хуб! Бале! Туппа-туғрӣ! Ман ҳам раиси худамонда ҳамин гапа гуфтам... Ҳолӣ то интихоботи парламента боз се соли дигар монлагӣ, чӣ даркор ҳамин изҳорот-пизҳорот қатӣ каллаҳоро гаранг кардан... Хуб, бале! Хайр, Шӯҳратиҷон, ба раистон салом расон. Не, не, ҳозир не-да, кайе, ки аз хобаш бедор шуд, баъд...