Башор Асад вазъи кунунии Сурияро “сангинтарин марҳила дар таърихи баъди раҳоияш аз мустамлика” унвон кард.
Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, ҳангоми суханронӣ дар порлумони кишвараш нерӯҳои хориҷиро ба афрӯхтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия муттаҳам кард. Вай масъулияти ҳаводиси кишварро бар дӯши гурӯҳҳои террористӣ вогузошт.
“Он чӣ ки мо мебинем, талоши барангехтани низои байнимазҳабист, ки аз роҳи терроризм пиёда мешавад”,-изҳор намуд Башор Асад. Ӯ афзуд, “бӯҳронро бояд рафъ кард, ҳарчанд ин раванд дардовар хоҳад буд.” Раҳбари Сурия ҳамчунин гуфт, “қабл аз идомаи раванди сиёсӣ бояд ба терроризм хотима гузошт, аммо афроде, ки даст ба террор мезананд, ба муколамаву музокирот манфиатдор нестанд.”
Ин нахустин суханронии Башор Асад баъд аз ҳалокати 108 сокини осоиштаи шаҳри Ҳулаи вилояти Ҳумс аст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҳодиса ҳукумати Башор Асадро айбдор кард, вале Димишқ ангушти иттиҳом сӯи мухолифни мусаллаҳ кардааст.
Башор Асад ҳамчунин гуфт, мардуми Сурия қатъан ба ҳама гуна дахолати низомии хориҷӣ мухолифанд. Ба гуфтаи коршиносон, ин изҳорот - посух ба бархе аз мамолики арабист, ки рӯзи дувуми июн дар нишасти вазирони умури хориҷии Ҷомеаи кишварҳои араб дар Қатар хостори тасмими сареъ (зуд)-и Шӯрои амниятии Созмони Милал ба хотири қатъи хушунат дар Сурия шуданд. Иддае аз аъзои Ҷомеаи кишварҳои араб, аз ҷумла, Қатар талаб намуданд, ки мӯҳлати татбиқи тарҳи сулҳи фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи кишварҳои араб Кофӣ Аннон муқаррар шавад.
Дар сурати дар ин муддат поён наёфтани хушунат Шӯрои амнияти СММ метавонад дар мавриди дахолати низомӣ ба умури Сурия тасмим бигирад. Кофӣ Аннон дар ин нишасти Қатар изҳор намуд, ки Сурия дар вартаи ҷанги густурдаи шаҳрвандӣ қарор дорад.
Дар нахустин интихоботи порлумонӣ бо ширкати аҳзоби гуногуни сиёсӣ дар Сурия, ки як моҳ пеш баргузор гардид, эътилофи пуштибон аз Башор Асад пирӯз шуд. Мухолифони ҳукумат ин маъракаро “таҳқири демократия” унвон ва онро таҳрим карда буданд.
Дар ҳамин ҳол, хушунат дар Сурия идома дорад. Ба иттилои гурӯҳи ҳомиёни ҳуқуқи башари мустақар дар Лондон, дирӯз (2-юми июн) бар асари даргириҳо дар Сурия 89 нафар, аз ҷумла, 57 сарбози артиш кушта шуданд. Ин бузургтарин талафоти нерӯҳои ҳукуматӣ баъд аз оғози нооромиҳо дар кишвар дар моҳи марти соли гузашта маҳсуб мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар талафоти нерӯҳои ҳукуматиро бо он омил марбут мекунанд, ки мухолифони мусаллаҳ мавзеъро хуб медонанд ва аз пуштибонии мардум бархӯрдоранд.
Имрӯз (3-юми июн) дар шаҳри Троблуси Лубнон низ бархӯрдҳо миёни ҷонибдорон ва мухолифони Башор Асад идома ёфтанд. Шурӯъ аз рӯзи ҷумъа дар ин низоъ 14 нафар ба ҳалокат расида, 48 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.