Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, хостори ташкили гурӯҳи тамосе дар бораи Сурия бо ҳузури Эрон шуд.
Ин дар ҳолест, ки Амрико пештар бо ин пешниҳод мухолифат карда буд. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи шанбе, 9-уми июн, аз тариқи телевизиони давлатии ин кишвар гуфт, Маскав бо ҳар гуна дархосте, ки дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал барои мудохилаи низомӣ дар Сурия матраҳ шавад, мухолифат мекунад. Русияву Чин пештар ду бор қатъномаи маҳкумияти хушунатҳои давлати Сурияро, ки дар Шӯрои Амният матраҳ шуда буд, вето карданд.
Бо ин вуҷуд, ҳарфҳои Лавров дар ҳоле матраҳ мешаванд, ки Кофӣ Аннон - фиристодаи махсуси Созмони Милал ва Иттиҳодияи Араб - барои ҳаллу фасли бӯҳрони Сурия, хостори фишори бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ бар давлати Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, шудааст. Ин дархост пас аз ду куштор дар Сурия баён мешавад.
Шуморе аз дипломатҳои Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъа, 8-уми июн, гуфтанд, ки Амрико, Бритониё ва Фаронса дар ҳоли таҳияи пешнависи қатъномае барои матраҳ кардан дар Шӯрои Амният ҳастанд, ки бар пояи он имкон дорад, таҳримҳои бештаре алайҳи низоми Асад ҷорӣ гардад. Аммо вазири умури хориҷии Русия ки кишвараш талош дорад, конфронси байналмилалиеро дар бораи Сурия бо иштироки Эрон баргузор кунад, гуфт, "маҳрум кардани Эрон аз ифои нақше дар музокирот ба манзури ҳаллу фасли бӯҳрони Сурия беандешагист."
Эрон ҳампаймони низоми Башор Асад аст ва борҳо ҳимояти худро аз он эълом доштааст. Ғарб ва мӯътаризони Сурия, Эронро муттаҳам ба кумак ба давлати Сурия дар саркӯби эътирозграони ин кишвар мекунанд.
Сузан Райс, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Созмони Милал Эронро бахше аз бӯҳрони Сурия донист, ки нерӯҳои давлатии ин кишварро барои саркӯби мӯътаризон мусаллаҳ мекунад. Лавров бо таъкид бар ин ки бояд ихтилофоти идеологиро барои ҳаллу фасли бӯҳрони Сурия канор гузошт, гуфт, "амрикоиҳо прагматик ҳастанд ва ҳангоме ки мехоҳанд, аҳамияте ба ихтилофҳои идеологӣ намедиҳанд. Прагматизм дар сиёсати хориҷӣ як зарурат аст. Мо аз наҷоти ҷони мардум сухан мегӯем."
Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши охирини худ шумори кушташудагон дар Сурия, аз замони оғози эътирозҳо дар ин кишварро, беш аз 13 ҳазор нафар донистааст.