Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз сифати роҳе, ки ширкати ҷопонӣ мумфарш кардааст, норозигии худро баён намуд.
Мақомоти Тоҷикистон аз сифати қисмате аз шоҳроҳи батозагӣ бунёдшудаи Дӯстӣ-Панҷи Поён, ки Тоҷикистону Афғонистонро мепайвандад, норозиянд. Ҳоло аз ширкати ҷопонии "Дай Ниппон Корпорейшн", ки масъулияти сохтмони ин ҷодаи байналмилалиро ба зимма дорад, тақозо шудааст, марҳилаи дувуми сохтмони ин роҳро ба дарозии 15 километр навсозӣ кунад.
Музаффар Холиқов, сармуҳандиси муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои минтақаи Қӯрғонтеппа, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои анҷоми марҳилаи дувуми сохтмони роҳи Дӯстӣ-Панҷи Поён давлати Ҷопон 13,5 миллион доллар масраф кардааст.
Ӯ илова кард, "ҳамин қисмати роҳ ҳар ҷо-ҳар ҷо вайрон шудааст. Мо комиссия ташкил карда, санҷидем сифати роҳро ва дар асоси хулосаи коршиносони мо, вазорати нақлиёт эътироз кард, ки роҳро аз сар кунанд. Ин вобаста ба ғафсии роҳ ҳам ҳаст. Масалан, роҳҳое, ки дар Ҷопон ё дигар кишварҳои хориҷӣ ҳаст, барои дарозмуддат бунёд шуда, ғафсиаш на кам аз 28-30 сантиметр аст. Он ба талаботи байналмилалӣ мувофиқат мекунад. Аз мо бошад, ҳамагӣ 5 сантиметрро ташкил медиҳад. Албатта, бо дарназардошти иқлими гарме, ки мо дорем, ин тарзи роҳсозӣ қобили қабул нест."
Ин ҳам дар ҳолест, ки мутахассисони ширкати ҷопонӣ ба сифати баланди кори худ таъкид карда, иддаои коршиносони тоҷикро зери шубҳа қарор додаанд. Масрур Солиев, раҳбари намояндагии корхонаи воҳиди давлатии кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар мегӯяд, "ба коршиносони мо бовар накарда, худашон (масъулони ширкат) намуна гирифта, дар Ҷопон ташхис карданд. Маълум шуд, ки ин қисмати 15-километраи роҳ дар ҳақиқат ба стандарт ҷавобгӯ нест. Баъдан, бозсозии ин қисмати роҳро ба зимма гирифтанд. Ҳоло рӯзона ҳаракати мошинҳои борбар дар ин ҷода мамнӯъ шудааст."
Қисмате аз роҳи байналмилалии мошингарди Дӯстӣ-Панҷи Поён, ки ҷануби Тоҷикистонро бо кишвари Афғонистон пайванд медиҳад, тирамоҳи соли гузашта расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аммо то ҳанӯз умури сохтмонӣ дар шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Қумсангир-Панҷи Поён хотима наёфтааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар гузашта мақомоти ноҳияи Қумсангир пулакӣ шудани ҳаракат тавассути ин ҷодаро масъалагузорӣ карда буданд. Сироҷиддин Наҷмиддинов, раиси вақти ноҳияи Қумсангир, бо ҷонибдорӣ аз тарҳи пулакӣ шудани истифода аз ин роҳи байналмилалӣ, гуфта буд, дар сурати мавриди амал қарор гирифтани ин тарҳ, буҷаи давлат ғанӣ гардида, ҳифз ва нигаҳдории сифати баланди роҳҳо низ осонтар хоҳад шуд.
То ин замон дар Тоҷикистон танҳо роҳи Душанбе-Чаноқ расман пулакӣ буда, истифода аз ҷодаҳои дигар дар кишвар феълан ройгон мебошад. Аммо соли гузашта Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, аз тарҳҳои роҳҳои пулакӣ пуштибонӣ карда, гуфт, ки ин амр барои нигаҳдории вазъ ва сифати роҳҳо муҳим аст.
Вале гуфта мешавад, мақомоти вазорати нақлиёт ё Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди эҳтимолӣ пулакӣ шудани истифода аз роҳи Қӯрғонтепа-Панҷи Поён танҳо пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин ҷода, дар соли 2013-ум, изҳори назар хоҳанд кард.
Ҳарчанд масъулони ширкати ҷопонии "Дай Ниппон Констракшн" аз шарҳи баҳси бесифатии қисмате аз ин шоҳроҳи байналмилалӣ худдорӣ варзиданд, аммо хабар доданд, ки ба иҷрои марҳилаи навбатии бозсозии шоҳроҳи Дӯстӣ-Қӯрғонтеппа шурӯъ кардаанд. Ин марҳилаи татбиқи лоиҳа 18 километр дарозӣ ва 12 метр паҳно дошта, дар чаҳорчӯби он бунёди 5 пул ва иншооти ёрирасон низ дар назар аст. Ҳаҷми умумии маблағи ин қисмати лоиҳа 24 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, интизор меравад, он моҳи августи соли 2013-ум мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.