Рейтинги начандон болои Э.Раҳмон дар миёни президентҳо

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шумори хабарсозтарин раҳбарони кишварҳои узви ИДМ, дар мақоми 13-ум ҷо гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шумори хабарсозтарин раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) дар мақоми 13-ум, як зина қафотар аз Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, ҷо гирифтааст. Рейтинги хабарсозтарин раисиҷумҳури кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро хабаргузории русии "Регнум" якҷоя бо ширкати "Медиалогия" дар асоси як назарсанҷӣ тартиб додааст.

Надежда Жуковская, масъули матбуотии маркази "Медиалогия", мегӯяд, ҳадаф аз ин пажӯҳиш, ки моҳе як бор сурат мегирад, муайян кардани ҷойгоҳи раҳбарони кишварҳо дар фазои иттилоотии пасошӯравӣ ва тағйири он аст. Ин назарсанҷӣ дар ду самт -- зикри номи раҳбарон дар расонаҳо ва ёдкарди мусбат ё манфӣ аз онҳо ҷараён ёфтааст.

Аммо дар ҳар ду нишондод дар миёни 17 раҳбари кишвари пасошӯравӣ, чор ҷойи аввалро Виктор Янукович, Александр Лукашенко, Нурсултон Назарбоев ва Серж Саркесян, раисони ҷумҳури Украина, Беларус, Қазоқистон ва Арманистон соҳиб шудаанд. Агар дар заминаи зикри ном дар расонаҳо, Ислом Каримов дар мақоми 12-ум бошад, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи 15-ум қарор гирифтааст. Аммо дар шохиси сифатӣ, ки амалкарди мусбат ё манфии раҳбар пӯшиш меёбад, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мақоми 13 -ум ва он ҳам пас аз Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон қарор дорад.

Музаффар Олимов

Надежда Жуковская дар бораи рейтинги сифатии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, "мутобиқ ба ин рейтинг Эмомалӣ Раҳмон барои он дар мақоми 13-ум қарор гирфтааст, ки расонаҳо аз мулоқоти вай бо президенти Русия хабар дода ва Владимир Путин ба ҳамтои тоҷикаш барои ҷонибдорӣ аз ҳузури низомии Русия изҳори сипос кардааст."

Ин ҳам дар ҳоле, ки Жуковская, сабаби се ҷои аввалро соҳиб шудани раисони ҷумҳури Украина, Беларус ва Қазоқистонро дар он донистааст, ки Виктор Янукович, дар мулоқот бо раисиҷумҳури Русия ҳамкориҳои энержӣ, бахусус газро матраҳ карда, Александр Лукашенко, алоқамадиашро ба рушди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Нурсултон Назарбоев, ба тақвияти ҳамгироӣ бо Русия таъкид кардааст.

Исми Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳар ду шохиси назарсанҷӣ дар раддаҳои ахир, ҳатто поинтар аз Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Алмосбек Отамбоев, раисони ҷумҳури Туркманистон ва Қирғизистон ҷо гирифтааст. Бо ин ҳам пажӯҳишгарони расонаӣ дар Тоҷикистон инро як амри табиӣ медонанд ва мегӯянд, намешавад иқдоми ахири хабаргузории "Регнум" ва созмони "Медиалогия"-и Русияро зери шубҳа қарор дод.

Музаффар Олимов, раиси маркази таҳлилии "Шарқ" дар ин бора гуфт, "аз рӯи ин ду индикатор ҷо гирифтани кишварҳоро зери шубҳа қарор додан ҷоиз нест. Чун ҳар кишваре, ки соҳиби ҷову мақоме дар ин назарсанҷӣ шудааст, аз рӯи мақомаш дар расонаҳои Русия муҳимият доранд." Қаҳрамон Бақозода, раиси Маркази иҷтимоии мавсум ба "Зеркало" низ бар ин бовар аст, ки назарсанҷии ахир дар мавриди рейтинги хабарсозии раисони ҷумҳури кишварҳои пасошӯравӣ маҳсули вазъи воқеӣ аст.

Қаҳрамон Бақозода

Вай афзуд, "худи вазъият ҳамин хел аст, ки воқеаҳои Тоҷикистон ва масоиле, ки ба Тоҷикистон иртибот дорад, дар Русия он қадар таваҷҷӯҳи зиёд надорад. Ҳар расона, ки муҳаррир дорад ва дар бораи ҷо додани ахбороте дар расона тасмим мегирад, ҳатман ба он мавзӯе таваҷҷӯҳ мекунад, ки ба дарди хонандааш мехӯрад. Яъне, онро авлотар мешуморад, ки мавзӯъҳои Украина, Беларус ва ё Қазоқистонро гузорад, на ин ки дар бораи Тоҷикистон, ки фарсахҳо километр аз Русия дур аст."

Аммо бархе аз соҳибназарон ба чунин назарсанҷиҳо, ки бахусус аз сӯи марказҳои пажӯҳишии Русия таҳия мешавад, эътимод надоранд ва мегӯянд, ин созмонҳо умдатан тибқи усули бозмонда аз замони Шӯравӣ амал мекунанд. Абдулфатоҳ Воҳидов, хабарнигор ва коршиноси расонаӣ дар ин бора гуфт, "ин назарсанҷиҳоро қобили эътимод намедонам. Чун медонам, ки русҳо ҳатман манфиатҳои худашонро мегузоранд. Тибқи ҳамон мақоми Шӯравӣ давлатҳоро паси ҳам қатор мечинанд. Ин психологияи русӣ ҳаст. Онҳо фикрашон ин аст, ки чун Қазоқистон давлати бузург аст, аҳолиаш калон аст ва захираҳои фаровон дорад, бояд, ки бузург бошад ва рейтинги президенташ низ бояд боло бошад."

Ин ҳам дар ҳолест, ки Нурсултон Назарбоев ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ роҳбарии Қазоқистонро бар ӯҳда дорад ва Александр Лукашенко низ дар шумори "президентҳои дарозумр"-и паҳнои Шӯравӣ дохил мешавад. Аммо бо он ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тақрибан бист сол инҷониб зимоми қудрат дар кишварро дар даст дорад, назарсанҷиҳо ҳамеша ӯро пойинтар аз дигар раисони ҷумҳур нишон медиҳанд.

Назарсанҷии Хабаргузории "Регнум" ва созмони "Медиалогия" дар ҳоле нашр мешавад, ки Тоҷикистон дар ростои интихоботи президентии соли 2013-ум қарор дорад ва ҳамакнун Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро номзади ин ҳизб дар интихобот эълом кардааст.