Ду муҳоҷири тоҷики гирифтори бемории сил аз бемористоне дар шаҳри Красногорски Русия рухсат шудаанд.
Моҳи апрели соли ҷорӣ донишҷӯёни таҷрибаомӯзи тоҷик аз муолиҷаи ин беморон дар Русия хабар дода, аз қавли беморон гуфта буданд, ки онҳо мехоҳанд ба Тоҷикистон баргашта, муолиҷаро дар он ҷо идома диҳанд. Вале бо гузашти се моҳ сарнавишти онҳо ба куҷо расидааст? Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Маскав, гуфт, ҷараёни муолиҷаи ин беморон зери назари кормандони сафорат қарор дорад ва беморон аз ҳамаи навъҳои муолиҷа баҳраманд мебошанд. Ӯ афзуд, “ҳоло онҳо хубанд, аз ҳолати хатар баромадаанду таҳдид ба саломатиашон вуҷуд надорад.”
Лариса Алексеева, сартабиби бемористони муолиҷаи бемориҳои сил дар Красногорск, низ дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ ин гуфтаҳоро тасдиқ кард: “Медонам, ки дар бемористони мо беморони вазнин, бисёр вазнин аз Тоҷикистон амалан вуҷуд надоранд.”
Бино ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Маскав, ду нафар аз ин беморон аз бемористон рухсат шудаанд: “Тибқи маълумоти ҳафтаи гузашта ду нафар беморон аз бемористон ҷавоб шудаанд. Вақте баъзеҳо санг зада буданд, ки гӯиё беморон мехоҳанд хона раванду ҳуҷҷат надоранд, мо машғул шудем ва фаҳмидем, ки тибқи қонунҳои байналхалқӣ ин гуна бемориҳо қатъи назар шаҳрванди кадом кишваранд, то муолиҷаи пурра нагиранд, касе ҳақ надорад, онҳоро рухсат кунад. Барои ҳамин, табобат карданд. Ду нафаре, ки рафтаанд, муолиҷа гирифта баъд рафтаанд. Ҳозир дар он ҷо 16 нафар бистарианд.”
Раҳбарияти бемористони шаҳри Красногорск низ гуфт, онҳо тибқи муқаррароти байналмилалӣ ҳаққи ифшои шумораи беморон ва номи онҳоро надорад. Аммо Лариса Алексеева таъкид кард, ки беморон бояд то охир дар ин марказ муолиҷа бигиранд. Хонум Алексеева гуфт, онҳо ҳангоми муолиҷа миёни беморон фарқ намегузоранд ва ё онҳоро ба кишвару нажод тақсим намекунанд: “Мехоҳам, бидуни дар назардошти кишварашон ҳамаи беморон шифо ёбанд. Онҳоро ба ватан намефиристем. Мо фарқ намегузорем, ки онҳо аз кишварҳои африқоӣ ҳастанд ё шаҳрвандони Тоҷикистон ва ё сокинони шаҳри Маскав. Ҳамаи онҳо дар шароити яксон ва бо доруҳои яксон муолиҷа мегиранд. Ҳамаи онҳо барои мо худианд.”
Бо вуҷуди ин, Алексеева -- сартабиби бемористон мегӯяд, ин беморӣ марҳилаи тӯлонии муолиҷаро тақозо мекунад ва беморон ба нигоҳубини махсус ниёз доранд: “Табибони мо бо онҳо хеле зиёд кор мекунанд ба онҳо мефаҳмонанд, ки бояд мӯҳлати тӯлонии муолиҷаро паси сар кунанд. Муолиҷаи сил воқеан мушкил аст, бояд доруҳои зиёд истеъмол кунанд. Бояд зиёд сӯзандорӯ бигиранд. На ҳар кас ба ин гуна табобат тоб меорад. Баъзеҳо мехоҳанд, ба кори худ баргарданд, ба хонаводаҳояшон пул бифиристанд. Чунин ҳассосиятҳо гоҳо ба мо барои табобат халал мерасонад.”
Ҳангоми мусоҳиба бо сартабиби бемористон эҳсос мешуд, вай дар баъзе мавридҳо шояд бештар дар бораи вазифаҳои бемористон сӯҳбат мекунад ва аз гуфтани ҳарфҳои мушаххас дар бораи вазъи саломатии беморони тоҷик худдорӣ мекунад. Аммо сафорати Тоҷикистон аз кори бемористон изҳори ризоят кард ва гуфт, рафъи хатар ба ҷони беморон ва беҳбуди саломатии онҳо намунаи табобати беғаразонаи бемористон аст. Сафири Тоҷикистон ҳамчунин аз Радиои Озодӣ изҳори сипос кард, ки аз оғоз ин масъаларо дунбол мекунад.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо вазорати умури хориҷии Тоҷикистон машварат кардааст, ки дар сурати ба поён расидани муолиҷаи беморон барои баргардонидани онҳо ба назди хешовандонашон ба онҳо кӯмаки молӣ мекунанд ва онҳоро аз роҳи оҳан ба Тоҷикистон мефиристанд.