Беиттилоӣ аз вазъи Бадахшон дар чаҳор рӯзи ахир, хоса мардуми берун аз ин минтақаро сахт нигарон кардааст.
Талошҳои номуваффақи аксари кулли бадахшониҳои хориҷ аз минтақа ҷиҳати тамосҳои телефонӣ ва дар инзивои иттилоотӣ қарор гирифтани ин минтақа, боиси сар задани сару садоҳои мухталиф ва нигаронкунада, махсусан дар шабакаи интернет шудааст.
Мардуми Тоҷикистон ва тамоми кулии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз вазъи Бадахшон, хусусан шаҳри Хоруғ дар ин чанд рӯзи анҷоми амалиёти нирӯҳои ҳукумати барои дастгир кардани омилони қатли генерал Абудллоҳ Назаров, хабари мушаххас надоранд.
Ҳарчанд дар ин ду рӯзи ахир тамос бо телефонҳои моҳвораӣ ва ширкатҳои мобилии Афғонистони ҳаммарз, «даричае» дар бунбасти ҳаводиси Бадахшон кушодааст. Ҳамчунин бозгашти теъдоде аз кормандони созмонҳои байналмилалӣ ва шаҳрвандон аз Хоруғ хабарҳои дақиқтару воқеъбинонатарро миёни мардум паҳн мекунад. Аммо бо ҳамин ҳол низ, қатъи мухобирот вазъ дар минтақаро махуф муаррифӣ мекунад.
Ҳамсӯҳбатони мо дар хиёбонҳои Душанбе албатта, аксарият аз тариқи расонаҳои иттилоотӣ, махсусан аз тариқи интеренет ҷараёни ҳаводис дар Бадахшонро пайгирӣ мекунанд, аммо боз ҳам нигаронанд, ки он хабарҳо аксарият бар пояи овозаҳо сохта шудаанд ва бозгӯи воқеият нестанд:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад