Ишораи "Экономист" ба нақши ангуштони Русия дар ҳодисаҳои Хоруғ

Вилояти Бадахшон. Акс аз бойгонӣ

Раиси хадамоти амнияти миллии Афғонистон гуфт, нерӯҳои кишвараш дар боздошт ва безарарсозии қотилони генерал Назаров саҳм мегиранд.
Бо ҳадафи боздошти гурӯҳи мусаллаҳ Тоҷикистон тамоми гузаргоҳҳои марзиаш бо Афғонистонро касногузар кард. Ба истиснои мошинҳои борбари НАТО, ки иҷозаи убури марзро дарёфт кардаанд.

Раҳматулло Набил, раиси хадамоти амнияти миллии Афғонистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: "Як ҳайати баландрутбаи мо, ки дар ӯ раиси сарҳадоту раиси истихбороту раиси як бахши дифои миллии мо шомил ҳастанд, дар ҳамин ҷо ( дар Тоҷикистон) мемонанд ва фардо сафаре доранд ба сарҳадот ва аз наздик бо бародарони тоҷики мо рӯи планҳои муштарак баҳс мекунанд.”

Ин мақоми баландпоя ҳамроҳ бо вазири дохилии Афғонистон Бисмиллоҳхони Муҳаммадӣ ба думболи амалиёти низомӣ дар Бадахшон мулоқоти ғайриинтизореро бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе анҷом дод. Бисмиллоҳхони Муҳаммадӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ниҳодҳои қудратии

Раҳматуллоҳ Набил, раиси хадамоти

Афғонистон ба силоҳбадастон имкон нахоҳанд дод, ки хоки Афғонистонро ҳамчун паноҳгоҳу пойгоҳ барои ҳамлаҳо болои нерӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон истифода баранд:

"Мо қувваҳои худро дар марз бештар кардем, то бародарони тоҷикии мо битавонанд амалиёти аз байн бурдани ҷинояткорони масъули беамнӣ дар ин минтақаро анҷом диҳанд. Аз рӯзе, ки ин ҳодиса рӯй дод, мо қувваҳои худро афзоиш дода, дар сурати зарурат омода ҳастем, ки ҳар навъ ҳамкориро бо бародарони тоҷики худ дошта бошем."

Рӯзи ҷумъа хабарнигори Радиои Озодӣ аз марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон гузориш дод, ки сарбозони ҳукумати Афғонистон ҳамроҳ бо нерӯҳои эътилофи байналмилалии зери раҳбарии паймони НАТО назорати сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистонро таҳким бахшидаанд.

Ба думболи Афғонистон рӯзи ҷумъа Чин ҳам изҳор намуд, ки аз тадбирҳои ҳукумати Тоҷикистон дар таъмини субот ва амнияти миллӣ “қатъиян пуштибонӣ мекунад”.

Қаблан Русия-кишваре, ки дар Тоҷикистон тахминан 6000 афсару сарбоз дорад, низ мавқеъи худро дар баробари ҳаводиси Бадахшон рӯшан кард. Аммо бо назардошти ихтилофи назарҳо бар сари тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар хоки Тоҷикистон, шояд кам нафаре ба самимияти ҳарфи Кремлин бовар кунад.

Нашрияи Экономист навиштааст, ки "Руссия бо камтарин далел нооромӣ дар Бадахшонро ба Толибон рабт дод ва ин иддао бесабаб нест. Ин кишвар дар пайи муомилоти тамдиди қарордоди пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон аст ва мегӯяд, ки баъди хуруҷи НАТО Тоҷикистон ба кӯмак ниёзманд хоҳад шуд."

Бисёре аз коршиносон вақти оғози амалиёти низомӣ дар Бадахшонро барои суботу амнияти кишвар номуносиб арзёбӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар ҳоле, ки

Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар Бадахшон.

ду кишвар, Русияву Узбакистон бо Тоҷкистон муносибати хуб надоранд, оғози ҳама гуна нооромӣ мақомоти кишварро мавриди шантаж ва амнияти давлатро ба хатар рӯ ба рӯ мекунад.

Ҷон Маклеод, шореҳи Пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳи шаҳри Лондон мегӯяд, аз эҳтимол дур нест, ки Русия таҳаввулоти Бадахшонро пураҳамият ҷилва диҳад, дар музокироти тамдиди пойгоҳ ҳамчун василаи фошор истифода барад то мавқеъи худро дар Осиёи Марказӣ мустаҳкам кунад.

Ба думболи амалиёти амниятӣ дар Бадахшон, ки даҳҳо нафар, бо шумули аҳолии мулкиро кушта бар ҷой гузошт, сокинони ин минтақа ба вижа бадахшониҳои муқими Русия, аз мақомоти Кремл ва ҳамчунон аз пешвои исмоилиҳои олам шоҳзода Оғохони 4 дархост намуданд, ки ба ҳалли бӯҳрони Бадахшон мусоидат кунанд. Аммо Ҷон Маклеод бовар надорад, ки ин даъватҳо корагар бошанд:

“Воқеан, бояд миёни аъзои гурӯҳи силоҳбадасту қочоқбар ва мардуми маҳаллӣ фарқ гузошт. Ин гурӯҳ ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад намояндаи пайравони мазҳабӣ исмоилӣ ва ё помириён бошад. Ба фикрам ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ интихобе ба ҷуз аз безарар кардани ин гурӯҳро надорад. Ба ақидаи ман, оташбаси муваққат фақат фоидаи муваққат хоҳад дошт. Ягон ҳукумат дар муқобили чунин таҳдид ором буда наметавонад. Ба куштори мақоми шабеҳи генерал Назаров ягон ҳукумати дунё таҳаммул нишон намедиҳад. Ягона суоле, ки метавон матраҳ намуд, ин тарзи пешбурди амалиёт аз ҷониби низомиён аст. Ба фикрам, агар ин гурӯҳ бо роҳе ё василае безарар гашта, аз саҳнаи сиёсӣ берун шавад, самимона мегӯям, ки вазъ хеле хубтар хоҳад шуд."

Шореҳи британиявӣ Ҷон Маклеод бар ин бовар аст, ки бӯҳрони Бадахшон ба амнияти умумии минтақа ва амалиёти эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон таъсире нахоҳад гузошт.