Бадахшон: 20 тан силоҳҳояшонро ба мақомот супориданд

Акс аз бойгонӣ

Ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон то кунун 20 нафар дар Бадахшон силоҳҳояшонро таслим кардаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳудуди 20 нафар аз силоҳбадастон дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, аслиҳаи худро ба мақомот таслим кардаанд.

Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи ин ниҳод, ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳҳои мусаллаҳ беш аз 20 адад силоҳи навъҳои гуногунро ба мақомот супоридаанд: “Ин силоҳҳо асосан аз автомати Калашников, снайпер, пулемет ва дигар намудҳо иборатанд. Мо ба ин кор пешвоёни мардум ва занону модаронро ҷалб кардем ва як қатор ҷавононе, ки аз таблиғоти гурӯҳҳои силоҳбадаст раҳгум зада, бо нерӯҳои ҳукуматӣ муқобилият нишон медоданд, силоҳҳои худро ба давлат супориданд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳоло идома доранд.”

Халъи силоҳ яке аз шартҳоест, ки 25-уми июл ҳукумати Тоҷикистон пас аз як рӯзи даргирӣ пеши гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон гузошт. Он замон бо тақозои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 25 то 28-уми июл оташбас эълон шуд ва барои гурӯҳҳои силоҳбадаст шароит фароҳам омад, ки яроқҳояшонро супоранд.
Сухангӯи вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳеҷ як аз ин ҷавононе, ки яроқи худро ба мақомот таслим кардаанд, мансубияташро ба гурӯҳи ин ё он фармондеҳи Бадахшон таъйид накардаанд.

Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Тибқи ваъдаи мақомот нафаре, ки силоҳи худро ба замин мегузорад, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Баробари ба охир расидани мӯҳлати оташбас дар соати 12-и 28-уми июл, интизор мерафт, амалиёти низомӣ дар Хоруғ дигарбора аз сар гирифта шавад. Аммо аз дохилу хориҷи Тоҷикистон ҳукумат мавриди фишорҳои афроди алоҳида, зодагони Бадахшон, созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ қарор гирифт. Ҳамагӣ як талаби умумӣ доштанд, ки ҳукумат аз ҳалли низомии қазия даст кашад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ сафирони Амрико, Бритониё, Фаронса ва ғайраро ба ҳузур пазируфт ва вазъи ҷориро тафсир кард.
Тибқи хабарҳое, ки ҳоло аз Хоруғ мерасанд, дар ин шаҳр вазъ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Холаи Аслибегим ҳам мегӯяд, дигар аз кӯчаҳо сад(д)ҳо бардошта мешаванд, ниҳодҳои масъули шаҳр ба гулҳо об мемонанду кӯчаҳоро мерӯбанд:
"Худоро шукр, ки рӯ ба беҳбудӣ аст. Хайру хайрият аст. Ду рӯз аст, ки садои тирро ҳам нашунидем. Мағозаву дӯконҳо боз шудаанд. Зиндагӣ ба маҷрои пешинааш баргаштааст."

Дар ҳамин ҳол, манобеи интернетӣ аз қавли фармондеҳони Бадахшон таҳти сарварии Толиб Айёмбеков иттилоъ пахш кардаанд, ки то нерӯҳои ҳукуматӣ аз Бадахшон хориҷ нашаванд, силоҳ ба замин нахоҳанд гузошт. Ин манобеъ мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон агар дар оғоз таслими 4 нафарро тақозо мекард, ҳоло ҳудуди 50 нафарро талаб дорад.

Манбаи Радиои Озодӣ дар Хоруғ мегӯяд, ҳузури нерӯҳои ҳукуматӣ дар маҳаллаҳои шаҳр ягона нигаронии мардум аст. Ин манбаъ афзуд, мардум бар ин фикр аст, ки онҳоро дида, гурӯҳҳои мусаллаҳ метавонанд дигарбора вориди даргирӣ шаванд: "Дар бораи макони будубоши фармондеҳони Бадахшон, ғолибан Толиб Айёмбеков иттилои дақиқе нест. Ахиран мошини ӯ дар маҳаллаи Тавдеми Роштқалъа пайдо шуд. Мегӯянд, ки нақши хун ҳаст дар мошин ва шояд ӯ мурда бошад. Як миқдор нерӯҳои ҳукуматӣ ҳам ба он ҷо эъзом шудаанд."

Ноамниҳои Хоруғ, тибқи иттилои расмӣ, 30 кушта ва 36 захмӣ аз миёни гурӯҳҳои мухолиф ва 17 куштаву 40 захмӣ аз миёни корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пай дошт.