То се соли оянда дар 25 шаҳру навоҳии ҷануби Тоҷикистон бунёди 400 муассисаи нави беҳдоштӣ дар назар аст.
Ин тадбир дар чаҳорчӯби «Барномаи рушди соҳаи тандурустӣ то соли 2015»-ум, ки тоза таҳия ва тасдиқ шудааст, татбиқ хоҳад шуд. Ҳукумат мехоҳад, ки барои иҷрои тарҳи мазкур наздики 315 миллион сомонӣ сарф намуда, дастрасии шаҳрвандон ба хадамоти тиббиро беҳтар кунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола шумораи қобили мулоҳизаи сокинони навоҳии ҷануби Тоҷикистон, бахусус бошандагони рустоҳои дурдаст, танҳо ба сабаби дастнорасии бунгоҳҳои тиббӣ ба ҳалокат мерасанд, мизони маргу мири модару кӯдак низ номӯътадил арзёбӣ мешавад.
Холмурод Раҳмонов, раиси ноҳияи Қумсангир, мегӯяд, қариб дар 80 дарсади деҳотҷой бунгоҳҳои тиббӣ вуҷуд надоранд ва шаҳрвандон ба хотири муолиҷа ё тавсия гирифтан аз пизишкон даҳҳо километр роҳро тай мекунанд.
Танҳо дар соли ҷорӣ беш аз 30 бунгоҳи кӯчаки тиббӣ тавассути ҳашар ва бо ҷалби сармояи соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ дар ноҳияи Қумсангир ифтитоҳ шудааст. Аммо ба истилоҳ ин қатрае аз баҳр буда, вазъ дар деҳаҳои дурдасти вилояти Хатлон беҳбуд мехоҳад. Рухсора Алиева, сокини ноҳияи Ҷомӣ, мегӯяд, модари ҳамсараш умри қариб 100-сола дорад, аммо бо вуҷуди муроҷиатҳои батакрор мақомоти беҳдоштӣ барои муолиҷаи ин зан иқдом накардаанд.
Мақомоти Хатлон мегӯянд, яке аз ҳадафҳои таҳия ва тасвиби барномаи рушди соҳаи тандурустӣ дар вилояти Хатлон мусоидат кардан дар ҳалли мушкилоти риштаи беҳдоштӣ мебошад. Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло ҳамагӣ 27 фисади муассисаҳои тиббии вилояти Хатлон ба таври замонавӣ таъмир ва бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ таъмин будаанд.
Ҳамчунин норасоии беш аз ҳазор пизишки соҳибмаълумот боиси нигаронии мақомоти маҳаллӣ шудааст. Пизишкони собиқадор ба сабаби камии маош, ба қасди кишварҳои хориҷ тарки ҷойи кори худ мекунанд.
Вале пизишконе ҳам ҳастанд, ки ба иддаои худи онҳо, фидоии касб буда, то ҳақмузди ками давлат низ қаноат мекунанд. Майсара Маҳмудова, пизишке бо собиқаи беш аз 20-солаи корӣ, мегӯяд, дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ солҳо маоши моҳонаро надида буд, аммо ба хотири хизмат ба мардуми камбизоат тарки кор накардааст.
Ин ҳама дар ҳолест, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ на ҳама шаҳрвандонро қонеъ мекунад. Талаби ришва аз беморон ва он ҳам аз ҷониби пизишкони дармонгоҳҳои давлатӣ ва қонунан ройгон, норасоии пизишкони баландихтисос, камбуди бунгоҳҳои тиббӣ ва дастнорасии хадамоти тиббӣ ба кулли сокинони вилояти Хатлон аз мушкилоти аслии арсаи беҳдоштӣ дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон унвон мешавад.