Тоҷикистон хабарҳо дар бораи ҳузури гурӯҳи машкук дар марзи ин кишвар бо Қирғизистонро такзиб кард.
Оҷонсии иттиллотии 12news.uz -Узбакистон аз қавли Ринат Мустафин, муаллифи нашрияи «Ҳаракат»-и Узбакистон навиштааст, ки дар деҳаи Илонсойи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон як гурӯҳи афроди шубҳаовар, ки ба ҷангиён шабоҳат доранд, ба назар мерасанд.
Ин манбаъ шумори аъзои ин гурӯҳро 40 нафар баровард карда гуфтааст, ки онҳо дар чодарҳо бар сар мебаранд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, аъзои ин гурӯҳ афроди обдида ва аз лиҳози ҷисмонӣ қавӣ ба назар мерасанд, вале афзудааст муаллифи «Ҳаракат», онҳо аз дидору сӯҳбат бо сокинони маҳаллӣ парзҳез карда ва мисле, ки ба таври махфӣ будубош доранд.
Паҳлӯи дигари зиндагии шубҳаовари ин гурӯҳ ба навиштаи ин муаллиф он аст, ки онҳо ҳарчанд дар наздикии шаҳри Сулуктии Қирғизистон қарор доранд ва дар онҷо маводи ғизоӣ бамаротиб арзон аст, аммо ғизо ва маводи хӯроквориро аз ноҳияи Спитамени вилояти Суғди Тоҷикистон, ки дар масофаи 12 километр ҷойгир аст, тавассути маркаб меоваранд.
Ба гуфтаи муааллиф, се автобус ва як мошини "Уаз", ки дар қарибии бошишгоҳи ин гурӯҳ, дар дара пинҳон карда шудааст, қазияро боз ҳам машкук мекунад. Дар марзи миёни се давлат - Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон пайдо шудани гурӯҳи номаълуми монанд ба ҷангиён чи маъно дорад ва онҳо чиро интизоранд ва барои чӣ аз чашми мардум дурӣ меҷӯянд, суол кардааст, муаллифи нашрияи «Ҳаракат» суол мегузорад.
Аммо сарҳанг Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, дар навоҳии наздимарзии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон баъзе аз қитъаҳое мавҷуд аст, ки ҳанӯз хатти марз аломатгузорӣ ва мушаххас нашудааст. Аз тарафи дигар бар асоси муқаррароти мавҷуда сокинон дар навоҳии марзии ҳарду кишвар ҳақ доранд, ки то масофаи муайян вориди кишвари дигар бишаванд ва то чанд рӯз ҳам ба сар баранд.
Вай афзуд, дар ин миён аз ҳарду ҷониб васоили нақлия низ дар ин навоҳӣ метавонанд убуру мурур кунанд. Аммо ҷаноби Раҳматуллоев афзуд, ки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон барои ҳифозати сарҳадоти кишвар нерӯ ва имконоти кофиро дар ихтиёр доранд ва кадом гурӯҳ ва афроде наметавонад нооромиеро дар марз эҷод намояд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Қирғизистон низ мавҷудияти гурӯҳи машкуш дар деҳаи Илонсойи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд рад кардаанд. Онҳо гуфтаанд, мавзеи мазкурро аз назар гузаронида ва асаре аз як чунин гурӯҳи шубҳаовар пайдо накардаанд.