Гурӯҳи 20-нафарии миёнҷӣ дар ҳалли қазияи Хоруғ мегӯяд, аксари қурбониёни амалиёт дар ин шаҳр афроди мулкиянд.
Гурӯҳи 20-нафарии миёнҷӣ дар ҳалли қазияи Хоруғ аз мақомот хостааст, то муайян бикунанд, ки аз 21 қурбонии амалиёти Хоруғ чанд нафарашон афроди мулкиянд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи аъзои ин гурӯҳ, чунин номуайянӣ расондани кӯмакҳо ба хонаводаи қурбониёни амалиётро боз ҳам мушкилтар кардааст.
Аъзои гурӯҳи 20-нафарӣ бовар дорад, ки аксари ҳалокшудагони амалиёти Хоруғ шаҳрвандони мулкӣ буданд, на ҷангиён. Ба қавли онҳо, аз ошноӣ бо рӯйхати қурбониён бармеояд, ки ҳадди ақал 17 нафари онҳо дар ҳолате кушта шудаанд, ки ё дар даст силоҳ надоштанд ва ё дар рӯзҳои муқаррарӣ ба фаъолият дар муассисаҳои давлативу хусусӣ машғул буданд.
Масъулони ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Бадахшон бо ирсоли номае аз мақомоти амниятӣ хостаанд, феҳристи шаҳрвандони мулкии қурбони амалиёти Хоруғро муайян ва дар дар ихтиёрашон гузоранд, то ба хонаводаҳояшон кӯмак шавад.
Мақомоти умури дохилии шаҳри Хоруғ, ки рӯйхати 21 нафар аз ҳалокшудагони Хоруғро тартиб додааст, мегӯяд, дар миёни номи қурбониён ҳамагӣ як нафарро пайдо кардаанд, ки таҳти пайгард қарор доштааст. Аммо ба гуфтаи онҳо, барояшон маълум нест афроди дигар дар кадом ҳолат ҳадафи тир қарор гирифтаанд.
Вале манобеи расмӣ қаблан изҳор дошта буданд, ки дар ҷараёни амалиёти Хоруғ 40 ҷангӣ нобуд шуда, ягон шаҳрванди мулкӣ ба ҳалокат нарасидааст. Ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни амалиёти Хоруғ ба бештар аз 700 хонавода ба маблағи беш аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ зиён расида, ин хисорот зуд ҷуброн шудааст. Барои 18 хонаводаи бесарпаноҳмондаи хобгоҳи Донишгоҳи Хоруғ низ ваъда шудааст, ки дар зудтарин фурсат ҷои бинои сӯхтаи онҳоро бинои сохти финӣ мегирад, ки он ҳам қариб як миллион сомонии дигар арзиш хоҳад дошт.
Рӯйхати қурбониёни амалиёти Хоруғ:
1. Абдулназаров Алишер Соҳибназарович, 1982;
2. Бахтоваршоев Фарид Комилшоевич, 1992;
3. Бахтулҷамолов Тошбек, 1948;
4. Зоҳирбеков Зоҳирбек Мирзомамадович, 1959;
5. Имомназаров Султонназар Оғоназарович, 1968;
6. Карамхудоев Бахтибек Султонмамадович, 1946;
7. Мулкамонов Мамадасан Назарович, 1967;
8. Мамадризоев Сабзалӣ Наҷафалиевич, 1980;
9. Мамаддодов Собир Айёмбекович, 1978;
10. Мирзоҳасанов Писарҷон Қурбоналишоевич, 1985;
11. Мамадиброимов Ёрмамад Бозмамадович, 1963;
12. Низомиддинов Ҷамолиддин, 1972;
13. Назаров Чоршанбе, 1976;
14. Пӯлодов Абдул Тоҳирович, 1993;
15. Раисов Раис Одилбекович, 1989;
16. Султонназаров Сафарбек Мирзоназарович, 1973;
17. Саъдоншоев Эраҷ Ширинович, 1971;
18. Ширинбеков Зокир Гулбекович, 1987;
19. Шакармамадов Рустам, 1979;
20. Шаробов Дороб, 1955;
21. Ғаёсиев Сураҷ Муравватович, 1974.
Рӯзи 10-уми август ба ин феҳрист номи ду тани дигар афзуд. Мусофирони мошинаи сабукрав Воҳид Шодмонбекови 22-сола ва Рашид Шодмонбекови 27-сола дар постгоҳи Бидурд аз тири сарбоз ҷон бохтанд. Инчунин, собиқ фармондеҳи мухолифин Имомназар Имомназаров, ки силоҳашро ба мақомот таслим карда буд, субҳи 22-юми август аз ҷониби афроди номаълум дар манзилаш кушта шуд.