Ҳалокати як боздоштшуда дар Оҷонсии зидди маводи мухаддир

Бинои Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон

Як гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз ошёнаи шашуми бинои Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир сарозер шудааст.
Як гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки аз ӯ ном бурда намешавад, шаби 20-уми сентябри соли ҷорӣ худро аз ошёнаи шашуми бинои Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ба зер афканда ҳалок кардааст.

Ин хабарро манобеи Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар сӯҳбат бо бархе аз расонаҳо тасдиқ кардаанд. Онҳо гуфтаанд, вақте маъмурон машғули таҳияи санади гумонбар буданд, ӯ ногаҳон худро аз ошёнаи шашуми бино ба зер партофтааст. Ба қавли онҳо, ин гумонбар ҳамагӣ 22 сол доштааст.

То кунун ҷузъиёти дигари ин воқеа дар даст нест. Вале додситонии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ин маврид парванда боз кардаву ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ намудааст.

Ин воқеа дар ҳоле рух дода, ки моҳи ноябри соли гузашта гумонбар Баҳромиддин Шодиев бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфта, пас аз даҳ рӯз ҷон дод. Мақомоти пулиси ноҳияи Шоҳмансур, ки Баҳромиддинро боздошт карда буданд, гуфтанд, ӯ худро аз ошёнаи дувуми бино ба замин партофта, сахт маҷрӯҳ шудааст. Аммо хонаводаи ӯ ба ин боваранд, ки Баҳромиддин Шодиев дар пайи латту кӯб ва озору азияти маъмурони пулис маҷрӯҳ шуда, баъдан дар бемористон ҷон бохта буд.

Аз ин пештар, моҳи марти соли 2011-ум Сафаралӣ Сангов, ки ба гумони хариду фурӯши маводи мухаддир аз сӯи маъмурони пулиси ноҳияи Синои пойтахт боздошт шуда буд, дар ҳоли беҳушӣ дар бемористон бистарӣ шуда, танҳо пас аз чаҳор рӯз фавтид. Мақомот гуфтанд, ки ӯ худро аз ошёнаи дувум ба зер афкандааст. Вале наздикони Сангов ин ҳаофҳои мақомотро қабул накарда, иддао доранд, ки ӯ бар асари латту кӯб ба он ҳол афтода ва ҷон дода буд.

Бо ишора ба чунин ҳаводиси гузашта, ки боиси сарусадоҳои зиёде дар ҷомеаи Тоҷикистон шудааст, коршинсон мегӯянд, бояд ҳодисаи охир дақиқу мӯшикофона таҳқиқ шавад.