Дар пайи санҷиш ду мураббии боғчаи бачагонаи "Санҷобча" аз кор ронда шудаву раҳбарияти он танбеҳ гирифтааст.
Масъулон ва мураббияҳои боғчаи бачагонаи рақами 93-и шаҳри Душанбе, мавсум ба "Санҷобча", ки ба гуфтаи бархе аз волидон нисбат ба фарзандонашон бадрафторӣ кардаанд, ҷазо гирифтанд.
Ёдгора Наҷмиддинова, мутахасcиси муассисаҳои томактабии Раёсати маорифи ноҳияи Синои пойтахт, гуфт, рӯзи 15-уми октябр, дафъатан пас аз нашри гузориши Радиои Озодӣ, вазъи кӯдакистони "Санҷобча" мавриди тафтиш қарор гирифт ва маълум шуд, ки шикоятҳои волидон дар мавриди бадрафторӣ нисбат ба тифлон ҷой доштааст. "Ба мудири ин кӯдакистон Соҷида Назарова ва сарошпази он Шаҳрбону Қурбонова барои бемасъулиятӣ зоҳир карданашон танбеҳ эълон карда шуда, ду мураббияи дигари он Шарифа Давлатова ва Таҳмина Шарифова аз кор озод карда шуданд. Чунки маблағи таҳсил дар боғчаҳо 40 сомонӣ муқаррар шудааст, вале маъмурияти ин кӯдакистон аз падару модарон ғайриқонунӣ 70 сомонӣ маблағ меситонидааст",-илова кард мусоҳиби мо.
Хонум Ёдгора афзуд, пас аз тафтиши фаъолияти ин боғча нисбат ба мудири он ва мураббияҳо барои гирифтани "пора" протокол тартиб дода шуда, ба раҳбари раёсати маориф пешниҳод шудааст, ки дар навбати худ онро ба ниҳодҳои марбута ирсол кунад. Ба гуфтаи ӯ, аз меъёр зиёд пул ситонидан аз волидон дар бархе аз боғчаҳои дигари Душанбе низ ҷой доштааст.
Торнамои Радиои Озодӣ субҳи 15-уми октябр дар бораи шикояти волидони наврасоне, ки дар боғчаи рақами 93 таълим мегиранд, гузориш дод. Бархе аз падару модарон гуфтанд, нисбат ба фарзанди онҳо дар боғчаи бачагонаи рақами 93-и пойтахт бадрафторӣ сурат гирифтааст.
Хуршед Чӯпонов, ки ду фарзандаш дар ин кӯдакистон будааст, гуфт, се моҳ пеш вақте директори нави кӯдакистони рақами 93 -- Соҷида Назарова ба кор шурӯъ кард, қимати харҷи моҳонаро аз 40 сомонӣ ба 70 сомонӣ боло бурд: "Чанд муддат дар сафари хидматӣ дар Суғд будам. Баъд аз сафар огоҳ шудам, ки мураббияҳои ин боғча писари хурдиямро метарсондаанд ва агар онҳо зуд хоб нараванд, дар нисфирӯзӣ дар як синфхонаи торик маҳкам мекардаанд."
Чӯпонов афзуд, баъд аз сафари хидматиаш ба мудири ин кӯдакистон нисбат ба бадрафтории мураббиён шикоят кардааст, вале ӯ чорае наандешида гуфтааст, "шавҳараш дар Оҷонсии коррупсия кор мекунаду бо ӯ ҳеҷ кор карда наметавонанд”. Ӯ гуфт, маҷбур шуд, ду фарзандашоро ба боғчаи дигари бачагона гузаронад.
Саёҳат Салимова, модари яке аз кӯдакон мегӯяд, барои он ки духтарчааш аз карамшӯрбои рӯздармиёни ин боғча дилбазан шуда, аз хӯрдани он сарпечӣ кардааст, ӯро дар "кладовка" ё хоначаи торик маҳкам кардаанд. Шикоятҳои ҳамсонро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳадди аққал панҷ волидайни атфоли тарбиятгирандаи кӯдакистони "Санҷобча" тасдиқ карданд.
Аммо дар ҳамин ҳол Тӯтигул Назарова, яке аз мураббияҳои ин боғча, ҳини боздиди мо аз он ҷо, иддаои падару модаронро рад карда гуфт, дар ҳеҷ сурат ба хурдсолон чунин бадрафторӣ сурат намегирад. Ӯ дар ҳузури мо аз кӯдакон пурсид: “Бачаҳо оё Шуморо дар ин ҷо ягон нафар озор медиҳад?"
Бачаҳо: "Не!"
Тӯтигул Назарова: "Ягон бор мо Шуморо дар хонаи торик маҳкам кардем?"
Бачаҳо: "Не!".
Кӯдакистони рақами 93, мавсум ба "Санҷобча", дар маҳаллаи маъруф бо номи “Профсоюз”-и ноҳияи Синои пойтахт қарор дошта, яке аз калонтарни боғчаи бачагонаи ноҳия аст ва дар он 300 кӯдак парасторӣ мешаванд.
Ёдгора Наҷмиддинова, мутахасcиси муассисаҳои томактабии Раёсати маорифи ноҳияи Синои пойтахт, гуфт, рӯзи 15-уми октябр, дафъатан пас аз нашри гузориши Радиои Озодӣ, вазъи кӯдакистони "Санҷобча" мавриди тафтиш қарор гирифт ва маълум шуд, ки шикоятҳои волидон дар мавриди бадрафторӣ нисбат ба тифлон ҷой доштааст. "Ба мудири ин кӯдакистон Соҷида Назарова ва сарошпази он Шаҳрбону Қурбонова барои бемасъулиятӣ зоҳир карданашон танбеҳ эълон карда шуда, ду мураббияи дигари он Шарифа Давлатова ва Таҳмина Шарифова аз кор озод карда шуданд. Чунки маблағи таҳсил дар боғчаҳо 40 сомонӣ муқаррар шудааст, вале маъмурияти ин кӯдакистон аз падару модарон ғайриқонунӣ 70 сомонӣ маблағ меситонидааст",-илова кард мусоҳиби мо.
Хонум Ёдгора афзуд, пас аз тафтиши фаъолияти ин боғча нисбат ба мудири он ва мураббияҳо барои гирифтани "пора" протокол тартиб дода шуда, ба раҳбари раёсати маориф пешниҳод шудааст, ки дар навбати худ онро ба ниҳодҳои марбута ирсол кунад. Ба гуфтаи ӯ, аз меъёр зиёд пул ситонидан аз волидон дар бархе аз боғчаҳои дигари Душанбе низ ҷой доштааст.
Торнамои Радиои Озодӣ субҳи 15-уми октябр дар бораи шикояти волидони наврасоне, ки дар боғчаи рақами 93 таълим мегиранд, гузориш дод. Бархе аз падару модарон гуфтанд, нисбат ба фарзанди онҳо дар боғчаи бачагонаи рақами 93-и пойтахт бадрафторӣ сурат гирифтааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад