Комиссияи экспертии Додситонии кулл натиҷаи ниҳоии ташхис роҷеъ ба сабабҳои марги Ҳамза Икромзодаро эълом кардааст.
Комиссияи экспертии Додситонии кулли Тоҷикистон натиҷаи ниҳоии ташхиси худро оид ба сабабҳои марги Ҳамза Икромзода дар маҳбаси рақами аввал эълон карда гуфтааст, ки Ҳамза Икромзода дар маҳбас худро ба дор овехтааст.
Амир Икромов, бародари Ҳамза Икромзода рӯзи чаҳоршанбе 24-уми октябр ба "Озодӣ" гуфт, ки падараш Файзалӣ Икромов ва вакили мудофеъ рӯзи сешанбеи 23-юми октябр аз тарафи Додситонии кулли кишвар даъват шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, комиссияи ташхиси ҷасади Ҳамза Икромзода, ки аз тарафи Додситонии кулл таъсис дода шуда буд, онҳоро ба хулосаи ниҳоии ташхис шинос кардааст. Дар ин хулоса гуфта мешавад, ки аз рӯи нишонаҳо дар ҷасади Ҳамза Икромзода, вай худро «ба дор кашидааст» ва ин чиз сабаби марги ӯ шудааст.
Аммо Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеъи Ҳамза Икромзода гуфт, ки пас аз шинос кардани хулосаи экспертизаи додситонӣ дар мавриди марги Ҳамза, аз ӯ забонхат гирифтаанд, ки дар мавриди хулосаи ташхиси Додситонии кулл сӯҳбат накунад ва онро фош нанамояд. Аз ин рӯ Гулчеҳра Холматова роҷеъ ба ҷузъиёти хулосаи ташхис ҳарфе назад.
Амир Икромов, бародари Ҳамза Икроомзода гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳам вакили мудофеъ ва ҳам падараш ба нишони норозигӣ аз натиҷаи ташхис, ба Додситонии кулл шикоят бурданд ва тақозо намуданд, ки ҷасади Ҳамза аз нав ташхис карда шавад.
Ҳамза Икромзода, сокини 27 солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, 25 километрии ғарби Душанбе рӯзи 20 сентябр дар маҳбаси шумораи аввали пойтахт ба ҳалокат расид. Пайвандони ӯ мегӯянд, ки дар бадани вай из ва осори марги маҷбурӣ бо истифода аз дарзмоли тафсон мушоҳида мешавад. Аммо мақомот ин ҳодисаро худкушӣ меҳисобанд.
Пайвандони Ҳамза Икромзода барои ошкор ва ба ҷазо кашидани гунаҳкорони қатли ӯ ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва мақомоти давлати Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Гуфта мешавад, ки бозрасии ҳодисаи мазкур зери назорати бевоситаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!