Ба қавли ӯ, дар ҷашни Ваҳдати сокинони Русия ҳудуди ҳашт ҳазор муҳоҷири тоҷик ва намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав ҳузур доштаанд. Ин ҷашнвора бо ҳимояти Шӯрои назди Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба муносибатҳои байнимилалӣ, Департаменти ҳамкориҳои байнивилоятӣ, сиёсати миллӣ ва алоқа бо ташкилоти динии Маскав ва Палатаи умумии Русия баргузор шудааст.
Муҳаммад Эгамзод мегӯяд, дар ин ҷашнвора ба ҷониби Тоҷикистон имкон дода шуд, ки як филми кӯтоҳеро низ дар бораи Тоҷикистон ба намоиш гузоранд: “Ман боварии комил дорам, ки ин рӯз рӯзи Тоҷикистон буд. Муҳим ин аст, ки ин барнома аз ҷониби Шабакаи аввали Русия сабт шуд ва бовар аст, рӯзҳои наздик ба намоиш дода шавад.”
Худи Шабнами Сурайё дар як тамоси телефонӣ аз Маскав гуфт, интизор надошт, дар пойтахти Русия мавриди истиқболи гарми тамошобинон қарор мегирад. “Дар лаҳзаҳои баромад фикр мекардам, дилам аз хушҳолӣ мекафад. Он қадар мардум зиёд буд ва он қадар ситораҳо буданд. Ифтихор дорам, ки дар миёни онҳо бо сари баланд баромад кардам. Ин ифтихор буд”,-гуфт Шабнами Сурайё.
Хонум Шабнам бар хилофи баромадҳои пешинаш, ки аксар вақт либоси аврупоӣ ба бар дошт, ин бор бо куртаи чакан рӯи саҳнаи Лужников омадааст. Вай мегӯяд, ҳоло дар Русия барномаи хосе надорад ва то як рӯзи дигар ба Тоҷикистон баргашта, сипас, ба Аврупо хоҳад рафт.