Суду зиён аз зӯри бозуи ҷавонони тоҷик

Ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонон, аз қабили ҷангҳои байнимактабӣ ва бо занонозанӣ анҷом ёфтани бозиҳои варзишӣ дар Тоҷикистон маъмул шудаст.
Ин ҳолат ҳам ҷомеа ва ҳам мақомоти Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст.

Рустам Юсупов, роҳбари созмони ғайридавлатии «Ваҳдати ҷавонон» дар сӯҳбат ба РО сабаби бештар даст ба ҷиноят задани ҷавононро дар набуди як барномаи мукаммали идеологии тарбияи ҷавонон дар сатҳи Ҳукумат марбут медонад: «Ҳар як ҷавон ба худаш як идеал дорад. Ҳоло идеалҳои ҷавонони мо аксаран аз олами ҷиноӣ ҳастанд. Онҳо идеалҳои худро мепарастанд ба онҳо пайравӣ мекунанд ва номҳои онҳоро ба худ тахаллус мегиранд.»

Юсупов афзуд, якчанд барномаи давлатии марбут ба ҷавонон, ки қабул шудааанд, манфиати худи ҷавононро ба инобат нагирифтаанд ва дар таҳияи он ҷавонон иштирок накардаанд. Ӯ ба унвони мисол барномаи марбут ба сохтмони варзишгоҳҳоро овард, ки мувофиқи он дар чанд соли охир чандин варзишгоҳҳо сохта шудаанд. Вале чун ҷавонон дар онҷо тамрин мекунанд ва ба як сатҳи варзишӣ мерасанд, давлат барои иштироки онҳо дар мусобиқоти байналмилалӣ пул ҷудо намекунад ва бинобар ин, ҷавонон нерӯи хешро дар ҷойҳои дигар истифода мекунанд.

Тавре дар Тоҷикистон расм шудааст, дар ҳар ҷурм ва ноқисии ҷавонон ҷомеа пеш аз ҳама мактабро гунаҳкор медонад.

Аммо Азим Байзоев, коршиноси масоили маориф, ба ин ақида мухолиф аст. Ӯ мегӯяд, бештар кардани фанҳо ва чорабиниҳои тарбиявӣ дар мактабҳо самараи дилхоҳе ба бор нахоҳад овард: «Имрӯз ҷавонони мо аз оилаву мактаб дида, дар кӯча бештар вақти худро беҳуда сипарӣ мекунанд. Муҳити атроф бошад носолим аст ва он ба ҷавонон таъсири бисёр манфӣ мерасонад. Вақте ҷавон дар кӯча бекор монд, ӯ ҳатман қувваи худро ба ягон амалу рафтори беҳуда ва муқобили ҷамъият сарф мекунад.»

Ҷаноби Байзоев афзуд, дар макотиби Тоҷикистон дарсҳои адабиёт бисёр таълим дода мешавад, вале ҷавонон аз он кам сабақ мегиранд, чун дар бештари маворид ба мазмуну моҳияти он сарфаҳм намераванд.

Вале равоншиносону ҷомеашиносон дар ин робита назари дигар доранд. Онҳо мегӯянд, насли наве, ки ба воя мерасад, ҳаводиси фоҷеабори ҷанги шаҳрвандиро дар ёд надорад ва нисбат ба насли калонсол бидуни тарс амал мекунад.

Равоншинос Маҳмуд Кабирӣ мегӯяд, бо андешидани ҷораҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, инчунин маҳдудкуниҳо ҷавононро ислоҳ кардан ғайриимкон аст. Барои ба самти ободкорӣ равон намудани нерӯи ҷавонон, онҳоро бояд сараввал аз эмкунии (ваксинатсияи) иттилоотӣ ва ё писихологӣ гузаранд: «Агар ҷавонон эми иттилоотӣ шуда бошанд, онҳо метавонанд эҳсосоти худро фурӯ нишонанд. Дар ҳолатҳои душвор ва камбудиву норасоӣ онҳо, на аз рӯи эҳсос балки аз рӯи ақлу хирад амал хоҳанд кард. Дар акси ҳол, онҳо ин эҳсосоти худро ба як сӯ равона мекунанд, ки одатан харобиовар аст.»

Кабирӣ ҳамчунин афзуд, ки ҳини қабули барномаю консепсияҳои давлат дар қиболи ҷавонон дар Тоҷикистон, аз нерӯи равоншиносон истифода намешавад. Бинобар ин, аксарияти ин барномаҳо бидуни назардошти синну сол ва хостаҳои ҷавонон қабул мешавад, ки дар амал натиҷаҳои дилхоҳ ба бор намеорад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!