"Барқи тоҷик" бо нашри телефони боварии худ аз мардум хостааст, дар бораи риоя нашудани лимит онҳоро огоҳ кунанд.
Ширкати "Барқи тоҷик" бо нашри телефони боварии худ аз сокинони кишвар хостааст, дар сурати риоя нашудани меъёри лимити нерӯи барқ ба онҳо занг зананд.
Дафтари матбуоти "Барқи тоҷик" мегӯяд, телефони боварӣ натанҳо дар пойтахт, балки дар тамоми минтақаҳои кишвар ҳам насб шуда, мардум базудӣ аз тариқи матбуот огоҳӣ хоҳанд ёфт.
Ба қавли манбаъ, дар ширкати "Барқи тоҷик" таҳти рақами 446106050 телефони боварӣ ташкил шудааст, ки муштариён метавонанд "бобати ғайриқонунӣ истифода бурдани барқ, аз ҷумла ба маҳалла ва шахсони алоҳида берун аз лимит додани барқ, ғорати барқ ва амалу рафтори ғайриқонунии назоратчиёни барқ маълумот пешниҳод намоянд."
Мақомоти "Барқи тоҷик" мегӯянд, ҳар сокини кишвар метавонад тавассути телефонҳои боварӣ бо онҳо дар тамос шуда, "дар бораи ҳодисаҳои дуздии барқ ва истифодаи ғайриқонунии он ки амалан ғорати як қисмати ҳаққи рӯшноиву гармии тамоми ҷомеа аст, маълумот диҳанд."
Ширкат гуфтааст, "пешакӣ ба чунин шахсони дорои масъулияти баланди шаҳрвандӣ изҳори миннатдорӣ намуда, махфӣ нигоҳ доштани ному насаби онҳоро кафолат медиҳем."
Тоҷикистон дар фасли зимистон ба 3 миллиард киловат нерӯи барқ ниёз дорад. Ин аст, ки сокинони кишвар то 7 моҳи сол, махсусан тирамоҳу зимистону, дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соати ангуштшумор барқ мегиранду тамом.