Иди Соли нав шукуҳи пешинаашро аз даст додааст?

Cоли нави милодӣ дар Тоҷикистон ба фарқ аз солҳои пешин ин бор бо теъдод ва рағбати камтари мардум таҷлил шуд.
Бо вуҷуди оростани арчаҳои зебои солинавӣ ва даъвати мақомоти расмии кишвар ба ҷашни соли нави милодӣ имсол назар ба солҳои қаблӣ шумораи камтари ҷавонон ба сайри идона ва ҷамъомад дар идгоҳҳо майл нишон доданд. Барои намуна, дар майдони Дӯстии пойтахт, ки базми асосии солинавӣ дар ин ҷо баргузор шуд, наздик ба ҳазор нафар ҷамъ омада буданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ва Маҷлиси миллӣ, ҳини табрики сокинони кишвар бо соли нав гуфт: "Соли нави милодӣ дар Қонуни асосии Тоҷикистон рӯзи таътил эълом шуда ва мо онро бо тантана ва шукӯҳи хоса ҷашн мегирем."

Дар кӯчаҳои пойтахт ба фарқ аз солҳои пешин бобоҳои барфӣ кам мушоҳида мешуданд. Дар назди чанд бобои барфӣ волидон бо фарзандонашон навбат мепоиданд, то ҳамроҳи ин “бобоҳои ангуштшумор” барои таърих акс бигиранд.

Дар ҳамин ҳол, Сино Тошев, як ҷавони тоҷик дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ қабл аз фаро расидани соли нав як кулоҳи сурхи бобои барфӣ ва айнакҳои ҷашниро харидорӣ карда буд, вале онро дар шаби соли нав ба бар накардааст. Чунки ба гуфтаи вай, бо чунин либосҳо зоҳир шудан дар кӯчаҳои Душанбе хатарнок шудааст: “Соли нав ҳам намондааст. Шояд пас аз як ё ду соли дигар соли навро дар Тоҷикистон қайд накунанд. Ин як иди байналмиллаӣ аст ва ба мардум чи қадар хурсандӣ меорад ва ба фикри ман бояд таҷлил шавад.” Сино мегӯяд, соли гузашта ҷавоне дар либоси бобои барфӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифта ва кушта шуд. Қазияи марги Парвиз Давлатбеков муддатҳо сари забонҳо ва рӯи сафҳаи расонаҳо буд. Биноан, Сино мегӯяд, имсол аз пӯшидани либосҳои хоси соли нав худдорӣ кардааст. Ба назари коршиносон баҳси ба истилоҳ дунявиҳову мазҳабиён ва ҳодисаи марги Парвиз дар соли гузашта шукуҳи таҷлил аз соли нави милодиро коҳондааст.

Ҷамила Мирбозхонова, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, расонаӣ шудани баҳси тарафдорон ва мухолифони таҷлил аз соли нав ба рӯҳияи сокинон ҳам асар кардааст ва бархе оилаҳо аз ин ҷашн парҳез кардаанд: “Масалан, дар оилаи мо ҳамасола фарорасии соли нав ҷашн гирифта мешуд. Вале имсол ин ҷашн мисле ки шукуҳи пешинаашро аз даст дода буд. Намедонам аз чӣ бошад, ки дар оилаи мо низ соли нав мисли солҳои қаблӣ ҷашн гирифта нашуд."

Дар бораи сабабҳои камрангии иди имсола ақидаҳои гуногун баён мешаванд. Бархе мегӯянд, мазҳабитар шудани ҷомеа ва боло рафтани ҳисси миллии мардум ин идро, ки решаҳои маҳаллӣ надорад, ба гӯша танг мекунад. Аммо ақидаи дигаре ҳам мавҷуд аст, ки зӯргӯии тундравон ва густариши ҷинояткорӣ мардумро аз ҷамъомадҳои оммавии шабонгоҳӣ бозмедорад. Сеюмиҳо ҳамоно номи Парвиз Давлатбекови 25-сола, сокини маҳаллаи “Профсоюз”-и шаҳри Душанберо ба забон меоранд, ки дар иди гузашта, як сол пеш, дар либоси бобои барфӣ барои шодбоши пайвандонаш мехост, вориди яке аз манзилҳои баландошиёнаи ин маҳалла шавад ва дар наздикии дари он, ҳадафи ҳамлаи гурӯҳе аз ҷавонон қарор гирифт.

Додгоҳи шаҳри Душанбе яке аз се нафар ҷавононеро, ки ба Парвиз дарафтода буданд ба мӯҳлати 10 сол ва боқимондаҳоро ба мӯҳлати 4 сол равонаи зиндон кард, аммо маълум нашуд, ин куштор то куҷо ангезаи мазҳабӣ дошт. Шоҳидон нидоҳои “ту кофирӣ” ҳангоми кордзаниро рад карданд. Аммо дар ёди ҳама монд, ки ҷавон дар тан либоси бобои барфиро дошт. Ва ин бобо акнун дар байнии бисёре аз ҷавонон “бегона” шумурда мешавад.